Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози мамлакат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани рушди устувор дар ҳамаи соҳаҳо нақши калидӣ дорад. Дар робита ба ин, мо фикру андешаҳои намояндагони касбу кори гуногунро гирд овардем, ки фишурдаи он манзури хонанда мегардад.
Моҳира САФАРЗОДА, докторанти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи ДМТ:
– Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи самтҳои асосии сиё-сати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро, бешубҳа, ҳар тоҷику тоҷикистонӣ ҳамасола интизоранд, зеро он ба маънои томаш паём-муждаи нек аст. Он, пеш аз ҳама, саршор аз меҳру муҳаббат ба модар, Ватан, иттиҳоду сарҷамъӣ, садоқат ба кору фаъолият мебошад, ки саромади ҳамаи муваффақияту комёбиҳои инсон ба ҳисоб меравад. Паёми Президенти кишвар бо ибрози андешаҳои меҳварӣ ва таҳлилҳои амиқ ҳар нафарро неру мебахшад, барои талошҳои бештар дар кору зиндагӣ такон медиҳад ва ба ояндаи неку дурахшон раҳнамун месозад.
Умедворем, ки дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳар фарди баору номуси миллат сармашқи кор мегардад.
Абдулло АЗИЗОВ, сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Файзобод:
– Ҳамагон хуб медонем, ки туфайли ғамхориҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддию техникии муассисаҳои соҳаи маориф мустаҳкам гардида, шароити таълиму тарбия рӯ ба беҳбудӣ меорад. Инак, дар Паёми навбатӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоии кормандони соҳаи маориф Сарвари давлат супориш доданд, ки аз 1-уми сентябри соли 2025 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз ва кормандони дигар муассисаҳои соҳа 20 дарсад зиёд карда шавад. Ғамхориҳо ва дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои мо – аҳли маорифро барои боз ҳам баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва тайёр намудани мутахассисони ба бозори меҳнат рақобатпазир мушаххас менамояд ва мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо саъю кӯшиш хоҳем кард, ки дар ин ҷода саҳми шоистаи худро гузорем.
Оятулло РАҶАБЗОДА, мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Файзобод:
– Дар Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат ба ҷавонон муроҷиат намуда, бори дигар таъкид сохтанд, ки “омӯзиши илм калиди ҳамаи комёбиҳост” ва бо итминон баён доштанд: “Бовар дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунарҳои муосир ва саъю талоши навҷӯёнаи худ барои рушди илму инноватсия ва боз ҳам таҳким ёфтани нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзишманд мегузоранд”.
Ин суханҳо мо – ҷавононро водор месозанд, ки дар омӯзиши илму технологияи муосир ҳарчи бештар саъю кӯшиш намоем ва дар рушди ҳамаҷонибаи Ватани азизамон ҳиссаи арзанда бигузорем.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА, “Ҷумҳурият”