Баргашт Чоп кардан

Ӯ ҲАМЕША БО МОСТ


Воқеан, Шоҳмузаффар Ёдгорӣ, ҷисман дар миёни мо нест, аммо руҳан бо мост. Наздики 16 сол аст, ки аз суҳбатҳо ва лутфҳояш, ки ҳамагӣ панду дарси зиндагӣ ба шумор мерафтанд, дур шудаем. Мо худ онҳоро ба хотир меорем ва ба умқи ҳикматҳояш акнун бештару беҳтар сарфаҳм меравем.
Дӯсташ медоштем, бисёр дӯсташ медоштем ва ҳамеша дар ҳузураш хомӯш мемондем, то ӯ, танҳо ӯ сухан бигӯяд ва бо он ҳама моро роҳнамоӣ бикунад.
Дар ин рӯзнома бисёриҳо фаъолият доштанд ва он ҳам пурсамар, аммо камтар аз касон мислаш азизу маҳбуб монданд.
Ҳар кӣ ин марди саропо меҳр ва дилсӯзро медид, ба яқин бовар ҳосил мекард, ки ҷавҳари одамият фитрӣ аст, тақдим мешавад ва ҳеҷ гоҳ ба тақлид, дониш, саъю кӯшиш ба даст намеояд.
То ба ҳанӯз барои мо чун муаммои сарбаста аст, ки чаро дӯсташ медоштем. Ин як дӯстдории одӣ ва талқинӣ набуд. Ҳамаи кормандон кӯшиш мекарданд, ки дар рӯзнома як маводи суст наравад ва ҳам як хато, то боиси ранҷондану эроди сармуҳаррирамон нашавад.
Супоришро ҳам ба таври хоҳиш медод. Аз як корманди наву ҷавони рӯзнома, ки худаш ба кор қабул карда буд, пурсид: “Иҷрои супориш, не, мебахшед, хоҳиш чӣ шуд?”. Ба пурсишаш чунин посух гирифт: “Дар андешааш ҳастам”. Боз гуфт: “Бори чорум аст, ки аз шумо ин суханонро мешунавам”. Ғайриинтизор шунид: “Ман маводи таърифӣ навишта наметавонам”.
Агар ба ҷойи Шоҳмузаффар Ёдгорӣ шумо мебудед, чӣ мегуфтед, чӣ мекардед?
Ӯ, бе ин ки дар ваҷоҳату лаҳни гуфтораш тағйироте ба вуҷуд биёяд, гуфт: “Мепиндорӣ, ки матлаби таърифӣ навиштан осон аст? Дили хеле бузург доштан даркор аст, ки бо муҳаббат муваффақияту дастоварди як одамро, ки ҳама зиндагиву кораш барои пойдории миллат ва насли ояндасоз мебошад, дида тавонӣ. Аз таги нохун чирк ҷустану ёфтан осон. Хуб, дигар зарурати иҷрои хоҳиши сармуҳаррир намонда будааст, метавонӣ, ки осуда бошӣ”.
Ҷойи дигар як матлаби нашршудаи корманди ҷавонро чунон таърифу тавсиф намуд, ки ӯ дигар ба худаш иҷозат надод, пас аз он матлаби суст ва ё миёна бинависад.
Рӯзноманигорро руҳбаланд мекард ва ҷасорату боварӣ мебахшид. Мегуфт: “Баъд аз он ки матлаби танқидии шумо дар рӯзнома ба табъ расад, ҳеҷ қуввае наметавонад шуморо маҳв созад, зеро мавриди ҳимояи махсус қарор мегиред”.
Панҷ сол, барои кишвар солҳои вазнин, яъне солҳои 1995-2000-ум дар рӯзномаи “Ҷумҳурият” сармуҳаррир буд. Ӯро аз шаҳри Кӯлоб оварданд. Чанд  сол бо аҳли оилааш дар хонаҳои иҷора мезист. Ӯ замоне сармуҳаррир таъин шуд, ки рӯзнома бо сабаби надоштани маблағ чанд мудат нашр намегардид ва кормандон дар  истироҳати меҳнатии бемузд қарор доштанд. Вале ҳамчун роҳбари кордон дар як муддати кӯтоҳ ҳамаро ҷамъ овард ва рӯзномаро ба табъ расонд.
“Ҷумҳурият” барои Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бегона набуд. Нахустин фаъолияташро соли 1962, пас аз хатми Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамин рӯзнома оғоз бахшид. Пас аз он фаъолияти меҳнатияшро дар вазифаҳои корманди масъули идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии “Роҳи ленинӣ”, котиби масъули шуъбаи Иттифоқи нависандагон дар минтақаи Кӯлоб идома дод. Аз миёнаи соли 2000-ум мудири шуъбаи назми маҷаллаи “Садои Шарқ” буд. 
Шоҳмузаффар Ёдгорӣ бо асарҳои назмӣ ва насрӣ дар рушди адабиёти миллӣ низ саҳми зиёду фаромӯшношуданӣ гузошт. 
Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагон пазируфта шуд. Китобҳои шеърҳояш бо номҳои “Як шоха гул”, “Соҳили бахт”, “Даргоҳи деҳқон”, “Симои халқ”, “Фарзандон”, “Ҳар тори мӯ вафоям”, “Вохӯрии гуворо”, “Ишқи мо пирӣ надорад”, “Ҳеҷ кас монанди ман дилдода нест”, “Маро ба чашми дил бинед” дар солҳои гуногун ба табъ расида, писанди дӯстдорони каломи бадеъ гардидаанд.
Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, украинӣ, қазоқӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, литвонӣ ва қирғизӣ тарҷума шудаанд. Китобаш бо забони русӣ бо номи “Порог дехканина” (“Даргоҳи деҳқон”) аз тариқи бонуфузтарин нашрияи давр “Советский писател” дар Москва ба табъ расидааст. Ӯ намунаи ашъори М. Ҷалил, Қ. Қулиев, Я. Смеляков, О. Туманян, А. Исаакян, Э. Охунова ва Я. Коласро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст.
Китоби очеркҳояш бо номи “Сарбандакҳои сурх алвонҷ мехӯранд” ба табъ расидааст. 
Ӯ нахустин бор дар адабиёти тоҷик силсилаи шеърҳо барои бачагонро эҷод кард, ки ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида шуда буданд.
Дар замони истиқлол ба наср низ рӯ овард. Асарҳои калонҳаҷмашро бо номҳои “Васваса” ва “Талош” эҷод карду ба табъ расонд.
Корманди шоистаи Тоҷикистон ва барандаи Ҷоизаи адабии ба номи С. Айнӣ буд.
Дар як муддати кӯтоҳи зиндагӣ тавонист корҳоеро анҷом диҳад, ки онҳоро шояд каси дигар дар ин муддат, яъне 69 соли зиндагӣ натавонад ба анҷом расонад. Аз ин рӯст, ки ӯ руҳан, агарчи на ҷисман, бо мост ва бо ёди некаш, васфи хидматҳои арзандааш барои миллат ҳамеша дар шумори зиндагон қарор мегирад. Алҳол бо муҳаббату самимият ба Шоҳмузаффар Ёдгории азиз изҳор медорем: “Устоди арҷманд, 85-солагиятонро табрик мегӯем ва дар 100-солагии рӯзномаи маҳбубашон “Ҷумҳурият” боз бо некӣ ва махсус ёдовариатон менамоем”.

Абдулқодири РАҲИМ,
“Ҷумҳурият”