Дар Дастгоҳи марказии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори 33-юмин солгарди таъсисёбии мақомот маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид.
Cардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники хадамоти гумрук Хуршед Каримзода аҳли толорро бахшида ба 33-юмин солгарди таъсисёбии мақомот табрику таҳният намуду иброз дошт, ки мақомоти гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақомоти ваколатдори ҳифзи ҳуқуқии ҳокимияти иҷроия оид ба масъалаҳои гумрукӣ давоми 33 соли фаъолият, вобаста ба шароити замони муосир дар марҳалаи такмилу таҷдид қарор дорад.
Имрӯз мақомоти гумрук ба як фишанги муҳими татбиқи сиёсати иқтисодии кишвар ва институти муқтадири таъминкунандаи амнияти иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ мубаддал гардидааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҷаҳонии савдо, Созмони ҷаҳонии гумрукӣ ва иштирокдори як қатор конвенсияҳои байналмилалӣ, шартномаҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ, байниидоравии бисёрҷониба ва дуҷониба дар соҳаи фаъолияти гумрукӣ мебошад.
Дар шароити имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ барои беҳтар намудани вазъи соҳаҳои иқтисоди миллӣ доир ба истифодаи самараноки захираву иқтидорҳои молиявӣ, истеҳсолӣ ва табиии кишвар, пешбурди сиёсати самараноки молия ва қарз, риояи қатъии низоми истифодаи сарфакоронаи маблағҳои буҷетӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳимояи истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тақвияти иқтидорҳои содиротӣ дар назди кормандони гумрук фаъолияти пурмаҳсул тақозо мегардад.
Бо назардошти саҳми муносиб дар ин самт ва ҷоннок намудани фаъолият, дар чорабинӣ кормандони мақомот барои иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ, интизоми намунавӣ, ноил гаштан ба натиҷаҳои назаррас дар фаъолияти хизматӣ бо нишони Аълочии мақомоти гумрук, медали ҷашнии “30-солагии мақомоти гумрук”-и Ҷумҳурии Тоҷикстон ва Ифтихорнома, Раҳматнома, рутбаҳои махсуси навбатии хадамоти гумрук ва бо дигар мукофотҳо сарфароз гардонда шуданд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, “Ҷумҳурият”