Ба шарофати соҳибистиқлолии мамлакат, ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар рушд кардаву пеш мераванд ва ҳамасола садҳо иншооти гуногун бунёд ёфта, симои шаҳру рустоҳо басо ҷолибу дилрабо ба чашм мерасанд.
Номгузории шинаму зебо низ ба нуқтаҳои савдову хизматрасонӣ, марказҳои солимгардонӣ ва ё варзишӣ аз ҷумлаи дастовардҳои солҳои охир, нишони фарҳанги баланди шаҳрвандӣ низ маҳсуб меёбад.
Хуҷанд – маркази вилояти Суғдро аҳолии мамлакат, бешубҳа, аз ҷумлаи чун шаҳрҳои қадимиву бузургу машҳур бо таърихи ғании илму фарҳангаш эътироф мекунанду дӯст медоранд, ки беваҷҳ нест. Самараи дастовардҳои соҳибистиқлолист, ки имрӯз шаҳри Хуҷанд ба майдони бузурги сохтмонӣ табдил ёфтааст, биноҳои муҳташаму осмонбӯси манзиливу тиҷоратӣ, варзишгоҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ бунёд мешаванд, ки яке аз дигаре ҷолибтар аст ва шаҳр дар ҳамаи самтҳо: иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангу варзиш миёни дигар шаҳрҳои ҷумҳурӣ мақоми хоса дорад.
Ҳукмрон будуни муҳити орому осоиштагӣ шароит фароҳам меоварад, ки соҳибкорон ҷиҳати хизматрасонӣ ба аҳолӣ, дар иртибот ба талаботи давру замон даҳҳо, шояд садҳо нуқтаҳои гуногуни савдову хизматрасонии маиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.
Яке аз самтҳои дигари болоравии фарҳанг дар шаҳрҳо ин номгузорӣ ба иншоотҳои иҷтимоӣ: нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ, марказҳои тиҷоративу варзишӣ, толорҳои ҳусн ва ғайрҳост, ки бешубҳа, аз ҷумлаи муҳимтарин омилҳои ватандориву ифтихори ватандӯстӣ маҳсуб меёбад. Дар кӯчаву хиёбонҳои маркази вилоят ҳастанд навиштаҳои зебои биноҳо, аз қабили “Анис”, “Адибон”, “Ситора”, “Панҷшанбе”, ки тоҷикиву хушу шинам ба назар мерасанд, вале мутаассифона, дар ин ҷода вақтҳои охир бинобар фаъолияти сусти комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и мақомоти иҷроияи шаҳр ноҷӯриҳо зиёданд ва ҳусни шаҳрро чун маркази вилоят мекоҳонанд. Навиштаҳои ноҷӯру ночаспон, тақлидҳои кӯр-кӯронаи нуқтаҳои савдо, хизматрасонӣ ва хизматҳои маишӣ дар номгузорӣ ҳусни биноҳо, муҳимтар аз ҳама, орияти миллии моро халалдор мекунад: “мис корея”, “лимпопо”, “тезнет”, “Чикаго бургер”, “Умный дом”, “политра”, “Волна”, ТВРН, СОFF. FABERLIK? GNOMIK? METR, SOMON TOWER, Li NiNG....
Ё боз як масъалаи дигар оид ба ташкили нуқатҳои фурӯши хонаҳо назди биноҳои бунёдшаванда: таассуфовар аст, ки аз даҳ навиштаҷоти фурӯши хонаҳо, нуҳтояш бо забони ғайридавлатист. Охир муштариёни асосии хариди хонаҳо мардуми таҳҷоист-ку.
Умуман, фаъолияти комиссияи амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷандро зарур аст, ки сари ислоҳи ин ноҷӯриҳо тадбирҳои мушаххас ва муассир андешад.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”