Баргашт Чоп кардан

ДУРНАМОИ ТАҲКИМИ РАВОБИТИ ДӮСТОНА. ХУШБИНИИ ВАО-И ЭРОН АЗ НАТИҶАҲОИ САФАРИ ПИЗИШКИЁН БА ТОҶИКИСТОН


Ҳанӯз ҳавопаймои Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён дар хатти парвози Теҳрон – Душанбе буд, ки расонаҳои хориҷӣ, бахусус, агентиҳои иттилоотии Эрон пайгири ин сафари давлатӣ шуда, аз қабл онро пураҳамият ва таконбахши равобити ҳасанаи ду кишвари ҳамзабон арзёбӣ карданд. Хабаргузориҳои ин кишвар муносибатҳои Тоҷикистону Эронро дар ҳошияи забон ва фарҳанги муштарак таҳлилу баррасӣ карда, мавриди пӯшиши иттилоотии густурда қарор доданд, ки мо ба муҳимтарин нукоти он назар андохтем.
Лайло Воҳидӣ, рӯзноманигори хабаргузории Ҷумҳурии Исломии Эрон (ИРНА) дар яке аз матлабҳояш зери унвони “Чаро Душанбе интихоби аввали Теҳрон аст?” менависад: “Интихоби Душанбе ба унвони макони нахустин сафари расмии раисиҷумҳур ба минтақаи Авруосиё саъю кӯшиши ҳукуматро барои самарабахш гардондани муносибатҳо нишон медиҳад”. Ба андешаи номбурда, ин муносибатҳоро фарҳангу таърихи муштарак ва забони форсӣ чун риштаи ноаён ба ҳам баста аст. 
– Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон рушди муносибатҳо бо Тоҷикистон аҳамияти хоса дорад, – мегӯяд  Лайло Воҳидӣ. 
ИРНА дар доираи сафари давлатии Масъуди Пизишкиён ба Ҷуҳурии Тоҷикистон гузоришҳоеро нашр кард, ки мазмунан чунинанд: “Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар раъси як ҳайати баландпояи сиёсӣ ва иқтисодӣ ба Душанбе – пойтахти Тоҷикистон сафар кард. Дар ин сафар ба манзури густариши равобити иқтисодӣ ва сиёсӣ аз ҷониби сарони ду кишвар асноди иқтисодӣ ва дипломатӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, Ҳамоиши тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва гардишгарии Тоҷикистон ва Эрон бо ширкати беш аз 300  фаъоли иқтисодӣ ва сармоягузорони эронӣ ва тоҷик ба манзури афзоиши ҳамкориҳо ва табодули иқтисодию тиҷоратӣ баргузор шуд. Илова бар ин, нишасти илмӣ ва шаби шеър дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳо, Иттифоқи нависандагони Тоҷикистону Эрон барпо гардид ва, инчунин, Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти форсӣ дар Душанбе дубора ифтитоҳ шуд”. 
Лайло Воҳидӣ дар ҳошия ва натиҷагирӣ аз ин сафар иброз медорад, ки Тоҷикистону Эрон равобити дерина доранд ва ин робитаҳоро сарҳаде нест. Ҷолиб аст, ки Лайло Воҳидӣ хулосаи матлабашро бо иқтибос аз Искандари Хатлонӣ ҷамъбаст менамояд: “Ба таъбири Искандари Хатлонӣ, шоир, рӯзноманигор ва мутарҷими тоҷик, ҳазорон хуросонӣ дар синаи Душанбе хобидаанд ва ифтихори ниёгон дар хунашон ҷо гирифтааст. Аммо таърихи равобити расмӣ ва сиёсии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Тоҷикистон ба 9-уми сентябри соли 1991, замоне бармегардад, ки тоҷикон худро расман кишвари соҳибистиқлол эълон карданд”. 
Ғулом Аббос, коршиноси масоили сиёсӣ, дар мақолаи худ, ки зери унвони “Сафари Пизишкиён ба Тоҷикистон: гоми муҳим дар масири ҳамгироӣ” нашр шудааст, менависад: “Вақте номи Тоҷикистону Эрон ёд мешавад, пеши назар як тамаддуни фарогиру мутамаркази ғание меояд, ки тули садсолаҳо бо вуҷуди рӯйдодҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоиву ҳуқуқӣ ва, ҳатто, интиқоли низомҳои гуногуни ҳукумат, на танҳо тағйир ва фаромӯш нашудааст, балки асолат ва решаҳои ин фарҳангу ҳуввияти бостонӣ дар рафтору гуфтори мардуми он то ҳол зинда ва ҷорист”. Ба андешаи номбурда, он чизе, ки дар майдони муносибатҳо баръало равшан аст, хоҳиши воқеии ҳамгироӣ миёни ду кишвар мебошад. 
Мавриди зикр аст, ки дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Масъуди Пизишкиён ба Тоҷикистон танҳо дар агентии иттилоотии ИРНА 30 хабару гузориш таҳия ва нашр шуд. Зиёда аз ин, дар матбуоти даврӣ ва радиову телевизионҳои Эрон, Тоҷикистон ба унвони кишвари дӯст ва аз лиҳози тамаддун решапайванд инъикос гардид. Дар пасманзари ин сафар, зимни шиносоӣ бо матолиби нашршуда дар ВАО – и кишвари ҳамзабон пай бурдан мумкин аст, ки ҷониби Эрон рушди муносибат бо кишвари моро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор додаанд. 

Шодмон АБДУРАҲИМ,  “Ҷумҳурият”