Баргашт Чоп кардан

ТОҶИКИСТОН БА ҒАЗЗА ЁРИИ БАШАРДӮСТОНА ФИРИСТОД


Ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон ба мардуми ҷангдидаи Ғазза дар ҳаҷми 200 тонна орди аълосифат фиристода шуд. Интизор меравад, ки корвони мазкур давоми ду рӯз ба гузаргоҳи сарҳадии Керем Шалом (Карам Абу Салем) расад. Ин иқдом барои таъмини ғизо ба 8 ҳазор хонавода мусоидат хоҳад кард. 
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки Тоҷикистон дар қатори дигар кишварҳои узви Созмони исломии амнияти озуқаворӣ (IOFS) ҷиҳати бартарафсозии мушкилоти шадиди норасоии ғизо ба мардуми Ғазза ёрӣ дод. 
Ғамхории навбатии Сарвари давлат ба мардуми Ғазза дар ҳолест, ки қаблан низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни чунин эҳсонкориро ба сокинони аз офатҳои табиӣ осебдидаи дигар кишварҳо низ амалӣ намуда буданд.
Чунончи, ҳанӯз 21-уми феврали соли 2023 бо ташаббуси Пешвои миллат ёрии башардӯстонаи Тоҷикистон иборат аз маводи ғизоӣ, либосу рахти хоб, лавозимоти аввалияи тиббӣ ва дигар ашёи зарурӣ тавассути ду ҳавопаймо ба Димишқ расонда шуд. Ин кумак, ки 55 тоннаро ташкил медод, ба мардуми аз заминларза зарардидаи Ҷумҳурии Арабии Сурия тақдим гардида буд. 
Илова бар ин, моҳи феврали соли 2024 зарардидагони заминларзаи музофоти гуногуни Ҷумҳурии Туркия низ аз ёриҳои башардӯстонаи Тоҷикистон бархӯрдор шуданд. Ҳаҷми умумии кумаки Тоҷикистон ба ин кишвар, ки иборат аз маводи ғизоӣ ва дигар анвои рӯзгор буд, 100 тоннаро ташкил медод. Соли 2022 низ Тоҷикистон дар идомаи сиёсати башардӯстонаи хеш дасти мардуми аз офати табиӣ (селу обхезиҳои шадид) зарардидаи Ҷумҳурии Исломии Покистонро гирифт. Ин бор, бо дастури Президенти мамлакат дар ҳаҷми қариб 5000 тонна маҳсулоти ғизоӣ, сӯзишворӣ, масолеҳи сохтмонӣ ва маводи зарурии санитарию шустушӯӣ ба ин кишвар фиристода шуд.
Мусаллам аст, ки ин ҳама ёрии башардӯстона аз сиёсати инсонмеҳваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирад. Ин иродаву амали некбинона дар  канори он ҳама корномаҳое, ки Пешвои тоҷикони ҷаҳон берун аз кишвар, яъне дар сатҳи минтақаву ҷаҳон анҷом медиҳанд, боз як далели гуманизми баланд ва сиёсати хайрхоҳона нисбат ба мардуми олам аст. 
Имрӯз  дар  партави  сиёсати  хирадмандонаи  Пешвои муаззами миллат Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба тараққӣ ба унвони мамлакати сулҳҷӯ, ташаббускор ва мададрасон ном баровард, ки боиси ифтихори мо – тоҷикон аст. 
  
Ш. АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”