Баргашт Чоп кардан

ҚУДУМИ МУБОРАК. БАРДОШТИ МАРДУМ АЗ САФАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА ВИЛОЯТИ СУҒД


Баҳриддин АҲМАДОВ, 
Арбоби шоистаи давлатӣ,
шаҳри Хуҷанд:
– Ҳар ташрифи кории Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру навоҳии вилоят ин, бешубҳа, як рӯйдоди муҳими хотирмон аст. Мардум, аллакай, ба хубӣ медонад, ки бо омадани Ҷаноби Олӣ дар ин ё он шаҳр муҳимтарин иншооти иқтисодӣ ва ё фарҳангӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад.
Аз рӯзҳои нахустини рӯи кор омадан, Пешвои муаззами миллат байни мардум маҳз бо ҳамин иқдоми созандагию ободкорӣ  маҳбубият пайдо карданд. То ба имрӯз шахсан шоҳиди ба истифода додани зиёда аз 50 иншооти басо муҳими иқтисодиву фарҳангӣ гаштам, ки бо иштироки Сарвари давлат дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ҷараён гирифтааст.
Итминони комил дорам, ки номи Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи навини халқи тоҷик чун Раҳбари сулҳофар, созандаву бунёдкор бо хатҳои заррин навишта хоҳад шуд.
                                                                                        
Мансур УМАРОВ, 
директори генералии  ҶДММ “Адл”,
шаҳри Истаравшан:    
– Ман то ҳол таҳти таассуроти вохӯрӣ бо Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорам. Худро аз ҷумлаи хушбахттарин фарзандони Ватан меҳисобам, ки  дар ифтитоҳи ду коргоҳи мо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзида, ба мо – соҳибкорони ватанӣ, ҷиҳати корҳои созандагию ободкорӣ маслиҳату ҳидоятҳои неки худро арзонӣ доштанд.
Маҳз бо  ҳидоятҳои Сарвари давлат  дар шаҳри Истаравшан дар ду соли охир даҳҳо корхонаҳои хурду бузурги истеҳсолӣ мавриди исифода қарор гирифта, садҳо ҷойи кор барои ҷавонони маҳаллӣ муҳайё шуданд. Ба шарофати ифтитоҳи корхонаи мо бошад,  наздик ба 50 нафар бо ҷои кор таъмин гардид. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо тавсия доданд, ки истеҳсоли он молу маҳсулотҳоро роҳандозӣ кунем, ки бо рақобати бозори байналмилалӣ  тоб оварда тавонанд, бозоргиру сифатан ҷавбгӯйи талаботи мардум бошанд ва зиёдтар таваҷҷуҳ карда бошем ба маҳсулоти воридотивазкунанда. 
Аз вохӯрӣ бо Ҷаноби Олӣ руҳбаланд гашта, ваъда додам, ки  дар маркази шаҳри Истаравшан боз як мактаб барои 1500 хонанда бо тамоми шароити таълиму тарбия, варзишгоҳ ва меҳмонхонаи замонавии ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ба истифода диҳам.

Зафар АҲМАД, 
шоир, дар мулоқот бо Ҷаноби Олӣ: 
Сано хонам, ман он марди Худоро,
Садоқатпешаву аҳду вафоро!
Ватандору ба ҷон дилсӯзи миллат, 
Нигаҳдоранда истиқлоли моро.
Расид, эй Пешво, иқболу нусрат.
Зи Эзид нури Раҳмонӣ Шуморо! 
 
…Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!  Шумо муаррифгари миллат ва давлати     Тоҷикистон дар ҷаҳони муосир ҳастед ва мо ифтихор мекунем, ки сарварони бузургтарин давлатҳои ҷаҳон Шуморо арҷ мегузоранд ва ҷонибдори сиёсати сатҳи ҷаҳонии Шумо мебошанд.  
Сарфароз гардидани Шумо ба мукофотҳои олии давлатҳои бузурги ҷаҳон  ва маҳбубияти Шумо дар байни мардуми олам боиси ифтихору сарфарозии   мардуми Тоҷикистон мебошад…
Сафари кории навбатии Шумо ва ифтитоҳи якчанд коргоҳу корхонаҳои  саноатӣ барои мардуми сарбаланди мо воқеаи  шарафбахшу таърихӣ гардид.
Афкори дилпуркунандаи Шумо – Пешвои муаззами миллат ­– “Ватани моро ба ҷуз ману шумо каси дигар обод намесозад”, имрӯзҳо шиори мардуми тоҷик гардида, ободии  роҳу маҳал ва мавзеъҳои таърихиву ҷамъиятӣ  боиси ифтихори мо мебошад ва аз ояндаи неку дурахшон башорат медиҳад.
Ору номуси ватандорӣ, ки  Шумо – Ҷаноби Олӣ, борҳо таъкид мекунед, дар қалби поки мардуми Тоҷикистон ҷой гирифтаасту  ин орияту меҳр  Ватанро  обод месозад. 
Ҷасорат, матонат, ватандӯстӣ, далерию шуҷоат, поквиҷдонию муҳаббатро мо аз Шумо – Пешвои муаззами миллат, омӯхтем. Ҳар боре, ки Шумо – Ҷаноби Олӣ, дар баромадҳоятон муҳаббататонро  нисбати халқатон  бо гузоштани даст болои қалбатон ва бо ҷумлаи зебои “Ман Шуморо  сидқан дӯст медорам” ифода мекунед, сурури ватандорӣ вуҷудамонро фаро мегирад.
Бо шиори руҳафзо ва ифтихорангези “Тоҷикистон, ба пеш!”  ҳар рӯз, дар ҳар канори олам ба дастовардҳо шарафёб мегардем.   Мо низ Шуморо сидқан дӯст медорем, муҳтарам Ҷаноби Олӣ!    Ва боз ҳам  бо муҳаббат ба Ватан ва дастовардҳои бештар мегӯем: “Ба пеш, бо Ҷаноби Олӣ!”.