Дарвоқеъ, бунёду азнавсозии корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсоли барзиёди маҳсулот барои ноил гардидан ба ҳадафи саноатикунонии мамлакат, инчунин, таъсиси ҳазорҳо ҷойи нави кор ва, ба ин васила, таъмини зиндагии шоистаи мардум заминаи устувор мегузоранд. Бинобар ин, дар ин раванд рушди истеҳсолу коркарди пахта яке аз масъалаҳои муҳим арзёбӣ гашта, пайваста дар мадди назари Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Яке аз омилҳои пурра коркард нашудани нахи пахта аз фаъолият бозмондани корхонаҳои ресандагӣ ё бо иқтидори пурра фаъолият накардани онҳо мебошад. Аз ин рӯ, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда, ки аз таҳлилу ҷамъбасти воқеии соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ дар соли сипаришуда бармеояд, масъулон супоришҳои мушаххас гирифтанд. Аз ҷумла, роҳбарони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои он якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор низ, муваззаф гардиданд, ки бояд ҷиҳати ба роҳ мондани коркарди ҳарчи бештари ашёи хоми маҳаллӣ, бахусус нахи пахта ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, тадбирҳои иловагӣ андешанд.
Айни замон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 179 корхона ва коргоҳҳои коркарди пахта бо иқтидори коркарди 1,2 миллион тонна пахта, 6 корхонаи ресандагӣ бо иқтидори истеҳсоли 24 ҳазор тонна ришта, 4 корхонаи бофандагӣ бо иқтидори истеҳсоли 2,8 миллион метри мураббаъ матоъ, 4 корхонаи ҷуроббарорӣ бо иқтидори истеҳсоли 39 миллион ҷуфт ҷуроб ва 67 корхона ва коргоҳҳои дӯзандагӣ бо иқтидори истеҳсоли 3,3 миллион дона маҳсулоти дӯхт мавҷуданд.
Соли гузашта дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 52 корхона ва 94 коргоҳи хурди пахтатозакунӣ, 6 корхонаи ресандагӣ, 69 коргоҳу корхонаи дӯзандагӣ, 3 корхонаи истеҳсоли ҷуробу пайпоқ, 2 корхонаи маҳсулоти наддофӣ, 12 корхона ва коргоҳи истеҳсоли газворҳо, 2 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти тиббӣ, дар маҷмуъ, 242 коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар соҳаи саноати сабук фаъолият карда, ба маблағи 2,6 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд.
Корхона ва коргоҳҳои коркарди пахтаи вилоят давоми соли рафта маҳсулоти гуногун, аз ҷумла 73,8 ҳазор тонна нахи пахта, 702 тонна тибит, 1142 тонна пат, 1484 тонна торак, 43,6 тонна пахтаи кӯрпабоб, 6,6 ҳазор дона гирдаҳои пахтагин, 89,6 ҳазор дона дока ва 1,1 миллион дона пахтаи тиббӣ, 31146 дона либоси ҳарбӣ, 16,2 ҳазор тонна риштаи пахтагин, 15,4 миллион метри мураббаъ газворҳо, 26 ҳазор метри мураббаъ матои адрас, 2,2 миллион ҷуфт ҷуробу пайпоқ, 94 ҳазор метр матои нобофта, 5592 дона болишт ва 3023 дона ҷомаи гулдӯзӣ, 6527 дона ҷома, 161,8 ҳазор дона рӯҷои кешбофӣ, 9700 дона камарбанди ҳарбӣ, 1 миллиону 871 ҳазору 677 дона либоси мактабӣ истеҳсол намуданд, ки нисбат ба соли 2019 истеҳсоли маҳсулоти номбурда аз 25 дарсад то 197 баробар зиёд мебошад.
Тавре аз маълумоти мавҷуда бармеояд, дар доираи татбиқи барномаи рушди соҳаи саноати сабук дар ҷумҳурӣ, ба истиснои ҷуробу пайпоқ (бо сабаби субъективӣ), суръати рушди истеҳсоли дигар номгӯи маҳсулот пурра таъмин гардид. Ҳамзамон, истеҳсоли як қатор маҳсулот, аз қабили либосҳои корию ҳарбӣ, пойафзол, маҳсулоти чармӣ ва пашмин ба роҳ монда шудааст, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ замина фароҳам овард.
Бо таъсиси истеҳсолоти нав маҳсулоти содиротии саноатӣ, бахусус ашёи саноати сабук низ, тамоюли афзоиш дошта, дар ин давра аз вилоят 31,3 ҳазор тонна нахи пахта, 11,8 ҳазор тонна калобаи ришта, 1226,9 тонна матоъ, дар маҷмуъ, ба маблағи 124,7 миллион доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шудааст.
Айни замон аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ дар заминаи ҶДММ “Насими Вахш”-и ноҳияи Вахш аз ҷониби ҶДММ “Ваҳдат текстайл” бунёди корхонаи ҷуроббарорӣ ва дар заминаи ҶДММ “Файзи Карим”-и ноҳияи Данғара корхонаи ресандагӣ – бофандагӣ идома дошта, 80 – 95 дарсади корҳои сохтмонӣ ба итмом расидаанд.
Дар вилоят солҳои охир бо ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ кластери коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ дар ҶСП “Ҷунтай Данғара Син Силу Текстил” ба роҳ монда шудааст, ки дар оянда метавонад дар соҳаи нассоҷӣ такони ҷидӣ бахшад. Мавриди зикр аст, ки 18457,6 тонна ё 22,5 дарсад нахи пахта ва 21,5 дарсад риштаи дар вилоят истеҳсолгашта дар ҳамин корхона истифода шудааст.
КИШТУ ИСТЕҲСОЛИ ПАХТА
Пахтакорӣ ҳамчун соҳаи манфиатбахш, даромаднок, ва пешбарандаи иқтисодиёт дар ин самт, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши маҳсулоти содиротӣ ва таъмини саноати сабук бо ашёи хом нақши калон дорад. Бо назардошти ин, бо роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон майдони кишти пахта дар ҷумҳурӣ сол ба сол зиёд мегардад. Аз имкониятҳои барои кишоварзон мавҷуда ба таври зарурӣ истифода намудан ба рушди соҳа, хосса кишту истеҳсоли он, мусоидат хоҳад намуд.
Ҳамроҳ Раҳимов, сардори раёсати иқтисодиёти Сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, дар робита ба ин масъала иброз дошт, ки кишоварзон дар доираи нақша – чорабиниҳои тарҳрезишуда талош доранд, ки майдони кишт ва истеҳсоли пахтаро марҳила ба марҳила дучанд афзоянд. Бо ин мақсад, тибқи нақша соли сипаришуда бояд дар майдони 123 ҳазор гектар кишти пахта гузаронда мешуд. Дар асл бошад, дар майдони 121 ҳазору 694 гектар кишти пахта гузаронда шуд.
Аз майдони киштшуда, тибқи маълумоти ҷамъбастӣ 273 ҳазору 230 тонна пахта (96 фоизи дурнамо) ҷамъоварӣ гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 3229 тонна зиёд мебошад. Дар ин муддат ҳосилнокӣ аз ҳар як гектар ба 22,5 сентнер расид, ки нисбат ба соли 2021-ум 0,2- сентнерӣ зиёд аст.
Кишоварзони вилоят дар асоси дастуру супоришҳои Ҳукумати мамлакат соли ҷорӣ мақсад доранд, ки дар майдони 123 ҳазору 200 гектар кишти пахта гузаронда, истеҳсоли онро низ афзоянд.
Пахтакорӣ чун соҳаи асосии кишоварзии ҷумҳурӣ боқӣ монда, дар ташаккули иқтисодиёт ва рушди хоҷагии халқ аҳамияти калон дорад. Пахта ҳамчун маҳсулоти стратегӣ ва содиротии давлат ба ҳисоб рафта, баланд бардоштани самарабахшии соҳа ба фаъолияти пурсамари кишоварзон ва ба роҳ мондани парвариши дуруст дар асоси технологияи муосир алоқаманд аст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, «Ҷумҳурият»