Эҳё ва таҷлили пуршукӯҳи ҷашнҳои бостонии миллати куҳанбунёдамон, аз қабили Наврӯзу Тиргон, Меҳргону Сада, иқдомест, ки ба шарофати истиқлоли давлатӣ ва таваҷҷуҳи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда истодааст. Рӯй овардану арҷ гузоштан ба гузаштаи пурғановати ниёгон ва сабақомӯзӣ аз дурдонаҳои бебаҳои фарҳангии гузаштагонамон амали хайр ва ҳамзамон, заминаи қавӣ барои ояндаи дурахшони миллат маҳсуб меёбад. Бешубҳа, он боиси боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори миллии аҳли ҷомеа, хоса насли наврас, мегардад.
Сада дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнҳои аҷдодонамон қарор дошта, пайдоиши он аз замонҳои дури таърих маншаъ мегирад. Тавре аз манбаъҳои таърихӣ бармеояд, ин ҷашнҳои басо қадимаи мардуми форсзабонон дар аҳди қадим хеле мутантан, бо шодию сурур, оташафрӯзию гулханфурӯзиҳо, рақсу таронахонӣ, оростани хони пурнозу неъмат ҷашн гирифта мешудааст. Чуноне ки Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тули таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».
Оид ба таърих ва пайдоиши Ҷашни Сада мутафаккирони ниёгонамон – Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», Манучеҳрии Домғонӣ дар яке аз қасидаҳояш, Абурайҳони Берунӣ дар «Осору-ул-боқия», Исфандиёру Каюмарс дар осори «Аз ёдгор мондани Ҷашни Сада» ва шоири қасидасарои асри ХI Унсурии Балхӣ навиштаҷотҳои гаронбаҳое аз худ боқӣ гузоштаанд.
Ин ойини мазкур бештар ба гулханафрӯзии чоршанбесурӣ шабоҳат дорад. Бояд зикр кард, ки дар минтақаҳои гуногуни тоҷикнишини Осиёи Марказӣ маросими чоршанбесурӣ ё чоршанбеи охирон то ба имрӯз маъмул аст, ки бозмондае аз ин Ҷашни Сада маҳсуб меёбад. Мардум дар чоршанбеи охирини сол ё ба ҳисоби дигар, чоршанбеи охирини моҳи сафар, пеш аз Ҷашни Наврӯз гулхан афрӯхта, аз болояш меҷаҳиданд. Дар ин бора аз рисолаву мақола ва маҷмуаҳои фолклорию этнографӣ ва таърихӣ маълумоти муфассалро пайдо кардан мумкин аст.
Манучеҳрӣ низ дар ашъораш аз Сада чун ҷашни миллӣ ва мардумӣ ёдоварӣ менамояд. Ба андешаи шоир, мардум ҳамасола баъди поён ёфтани аввалин сардиҳо ин ҷашни муборакро пазмон мешуданд ва ба хотири шаби Ҷашни Сада оташ афрӯхта, дар гирди гулхан шодӣ ва ба хотири Сада қурбониву хайрҳо мекарданд. Ба гуфтаи Манучеҳрӣ:
Омад, эй сайиди аҳрор, шаби Ҷашни Сада,
Шаби Ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Тибқи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ, Ҷашни Сада ба 30-юми январи солшумории милодӣ рост меояд, ки исботи чунин фикр навиштаҳои Манучеҳрии Доғонӣ мебошад: “Ҷашни Сада ба даҳаи Баҳманмоҳ, яъне 50 шабу 50 рӯз то оғози Ҷашни Наврӯз баргузор мегардад”
Ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки инкишофи тамадуни башарӣ дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст. Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию мазҳабӣ, Ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.
Боиси сарфарозист, ки имрӯз ба шарофати соҳибистиқлолии кишвар ва сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамаи манотиқи кишвар ин Ҷашни муқаддас ҳамасола ҷолибу рангин ва пуршукӯҳу хотирмон таҷлил мегардад. Иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурду бохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав ва омодагии деҳқонон ба киштукори баҳорӣ мебошад. Дар ин рӯз, дар маҷмуъ, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ба маърази тамошобинон гузошта мешавад. Боғдорон дар гӯшае навъҳои гуногуни ниҳоли дарахтони мевадиҳанда, гулу буттаҳои ороишӣ, тухмии зироатҳо ва маҳсулоти кишоварзиро ба намоиш мегузоранд, ки аз фаровонҳосилии сол мужда мерасонанд. Гӯшаҳои дигарро техника ва мошинолоти кишоварзӣ зиннат мебахшанд. Зеро чун анъана Ҷашни Сада худ омодагӣ ба мавсими киштукори баҳорӣ мебошад ва дар ин замина, воситаҳои техникии кишоварзӣ таъмир ва омода карда мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби ҳунармандон гӯшаҳои ҳунармандӣ, аз қабили оҳангарӣ, рассомӣ, таомҳои миллӣ, дӯзандагӣ, ҳунарҳои мардумӣ ороста мешавад.
Тамаддуни илмӣ идҳои сегонаи кишоварзонро ба гурӯҳи ҷашнҳое мансуб медонад, ки бо худ покизагиву фаровонҳосилӣ, ризқу рӯзӣ, хони пурнозу неъмат, қаноатмандиву нишотро ҳамроҳ меоварад ва он шукӯҳу ҷалоли дурахшони ниёгони мост.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР, “Ҷумҳурият”