Чанде пеш раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ноҳияи Кӯшониён аз гармхонаҳои типи нав боздид намуда, бинои иловагии МТМУ №52-ро ба истифода дод.
Зимни боздид аз гармхонаҳо раиси вилоятро вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода ва сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер ҳамроҳӣ намуданд.
Гармхонаҳои типи нав дар хоҷагии деҳқонии «Ёрмаҳмад» аз тарафи лоиҳа «Оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси озуқаворӣ ба хотири оянда» ташкил карда шудааст.
Роҳбари хоҷагӣ Сулайсон Шафоев иттилоъ дод, ки 3 гармхонаи доимоамалкунанда таъсис ёфт, ки дар 2-тои он қулфинай ва дар 1-тоаш кучаттайёркунӣ ба роҳ монда мешавад.
Раиси вилоят рушди соҳаи кишварзиро омили муҳими таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза маънидод намуда, барои афзоиши маҳсулот ба масъулон дастуру маслиҳатҳо дод.
Давлаталӣ Саид, ҳамчунин дар деҳаи Ваҳдати Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳия бинои иловагии МТМУ 52-ро ифтитоҳ намуд, ки аз ду ошёна иборат буда, дорои 4 синфхона мебошад ва барои 100 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст.
Раиси вилоят бо омӯзгорону хонандагон суҳбат намуда, онҳоро муваззаф намуд, ки бо хониши хубу фаъолияти назаррас саҳми худро дар ободии диёр гузоранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"