Бо муяссар гардидани неъмати бебаҳои Истиқлоли давлатӣ, олимону шоирони кишвар ҳамчун ворисони асили Фирдавсӣ ба ҳимояти арзишҳои миллӣ бархоста, бо иродаи қавӣ аз пайи омӯзишу таҳқиқи таърихи аслии сарзаминҳои ориёӣ шуданд. Устод Муҳтарам Ҳотам аз зумраи онҳост.
Солҳои шуравӣ олимони баъзе аз кишварҳои хориҷӣ барои муайян кардани сарзаминҳои ориёӣ таҳқиқоти зиёде анҷом дода, китобу рисолаҳо низ, нашр карда буданд. Дар ин миён бештаре аз онҳо воқеан, барои миллати мо ва таърихи он хидматҳои шоён намуданд. Аммо на ҳама корҳои баъзе аз онҳо воқеияти таърихиро мукаммалу мушаххас бозгӯ намудаанд. Бояд гуфт, ки гулуи баъзе олимони ин соҳа аз ҷониби “дастандаркорон”-и қавмҳои таърихдузд равған мешуд, то таърих ва арзишҳои миллати моро бо номи онҳо муаррифӣ намоянд. Ҳамакнун, маълумоти мушаххасро дар асоси мадракҳои таърихӣ бо далелҳои қотеъ устод Муҳтарам Ҳотам ба мо пешниҳод кардаанд.
Устод Муҳтарам Ҳотам дар байни мардум ҳамчун шоири баркамол маъруфу машҳур аст. Дар баробари шеърҳои нобу гуворо, асарҳои насрӣ – повесту роман, асарҳои забоншиносӣ низ, навиштаанду асарҳои адибони хориҷиро ба тоҷикӣ тарҷума карда, дар баробари ин, ба таҳқиқи таърих ва ҷуғрофияи сарзаминҳои ориёӣ низ, машғул шудааст.
Дар маҷмуъ, то имрӯз 29 асараш нашр шудаву ба дасти хонанда расидааст. Шаш асари ҳанӯз ба дасти чоп нарасида дорад. Шеъру мақолаҳояш дар зиёда аз 60 маҷмуаҳои гуногун дар дохилу хориҷи кишвар ба табъ расидаанд. Шеърҳояш ба забонҳои русӣ, беларусӣ, ӯзбекӣ, арманӣ, литвонӣ ва дигар забонҳо тарҷума шудаанд. Аз эҷодиёти назмии устод Муҳтарам Ҳотам дар баробари ашъори гуногун достони “Суруши сухан”, манзумаи “Ҳамосаи ҳазораи ориёӣ”, намоишномаи “Бозгашти Баҳор”, силсилаи байтҳо бо унвони “Ҳазориспанд” аз ҷумлаи намунаҳои беҳтарини эҷодиёташ ба шумор мераванд.
Аз асарҳои илмии сегонааш – “Эрони гумшуда”, “Ҳинди гумшуда” ва “Помир: таърихи гумшуда” дар илми ориёишиносии на танҳо кишвар, балки берун аз он наву нодир буда, аз лиҳози ҳаҷму муҳтаво (ҳар яке 600-700 саҳифа) камназир ба шумор мераванд. Дар тамоми асарҳо, рисолаҳо ва мақолаҳояш кашфиёту навгоние ба назар мерасад. Дар китоби “Эрони гумшуда”, ки соли 2012 ба нашр расидааст, бори нахуст ба таври мушаххас собит намуданд, ки Эрони бостон, Эроне, ки то ҷудо шудан ба Эрону Турон вуҷуд дошт, дар миёни рӯдҳои Панҷу Сир воқеъ гашта буд. Давлатдории Пешдодиёну Каёниён дар ҳамин минтақа амалӣ гардида буд. Ин назарро олимони эронӣ Меҳрдоди Баҳор, Ҷалил Дӯстхоҳ, олими фақиди тоҷик Ҳамдам Муминҷонов низ, иброз намуда буданд. Аммо Муҳтарам Ҳотам ин назарро ба таври мушаххас, бо нишон додани ҳудуди 7 кишвар, 16 сарзамини Аҳуроофарида, 5 сарзамини ориёинишин, панҷ пойтахти Эрони бостон дар ҳудуди нави ҷуғрофӣ бо далелҳои раднашаванда собит намуданд, ки ин назар дар муқобили назари дигар олимони дохилу хориҷ назари тамоман нав ба шумор меравад. Кашфиётҳои илмӣ–таърихӣ–ҷуғрофияш хеле зиёданд. Бигирем, ҳадди ақал рисолаи “Эронвиҷ”-ашро. Тавре маълум аст, тамоми ориёшиносони бисёр кишварҳо беш аз 200 сол аст, ки дар суроғи Эронвиҷ тахминеву назаре иброз менамоянд ва ин сарзамини хостгоҳи ниёгони ориёиро дар ҳар гӯшае тахмин кардаанд. Аммо Муҳтарам Ҳотам ин сарзаминро бори нахуст бо тамоми нишонаҳояш ошкор намуд, ки то кунун ҳеҷ як муаррихе, ориёишиносе чунин амалро анҷом надодааст. Чанде пеш ба тақвияти рисолаи мазкураш мақолаҳои "Эронвиҷ ва 33 нишонии ин сарзамин", "Ниёише барои Эронвиҷ"-ро нашр намуд, ки дар бораи дақиқияти ҷойгоҳи ин сарзамин дигар ҳеҷ ҷои шубҳа барои аҳли илм боқӣ намемонад. Ӯ соли 1990 дар кишвар нахустин Муассисаи хурди нашриявиро таъсис додаву номашро “Ориёно” гузошта буд, яъне аз ҳамон даврон ба Ориёно дилбастагӣ дошту онро мавриди пажӯҳиш қарор дода буд.
Ин донишманд дар асари “Ҳинди гумшуда” дар асоси омӯзиши асарҳои ҳиндуориёии “Ригведо”, “Маҳабҳарата”, “Пурон”-ҳо, “Стҳананга-Сутра”, “Шримад Бҳагаватам” ва ғайра бори нахуст дар илми ориёшиносӣ сарзаминҳои дар ин асарҳо тасвирёфтаро дар шарқи Осиёи Миёна ва ғарби Ҷумҳурии Чин суроғ намудаву айният додааст. Аз ҷумла, рӯди Сарасватиро, ки онро аксари олимони ин бахш ривояту устура медонанд, дар симои рӯди Торим пайдо намуданд, ки ин рӯд ба қавли ӯ дар “Шоҳнома” бо номҳои рӯди Шаҳд, рӯди Зиреҳ, дарёи Об зикр шудааст. Ӯ собит намуд, ки кӯҳи ривоятии ҳиндуориёиҳо – Меру бо қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ айният меёбад, ки мувофиқи назари олими фаронсавӣ Брюнуф ва олими рус Н. Федоров вожаи Помир аз номи ҳамин кӯҳ (уПАМЕРу – паҳлуи Меру) тасмия шудааст. Помир дар адабиёти ҳиндуориёӣ Ҷамбу ном дошта, ин ном баъдан ба шакли Замбу-Замбул-Зобул баргашта, Зобули ватани Рустами достон ҳамин ҷойгоҳ будааст. Рӯди Ганги аслӣ, ки дар ривоятҳо аз чор (ва 7) шоха иборат аст, аз чаҳор паҳлуи куши Меру – қуллаи ба номи Исмоили Сомонӣ ҷорӣ мешавад. Ин гуна назарҳои нав дар китоб зиёданд.
Асари дигари ӯ “Лашкаркашии Александри Македонӣ ба Паретакен (Қаротегин)” аст, ки ба муносибати 2350-солагии исёни Спитамен навишта шуда буд. Дар асар хатти ҳаракати Искандари Мақдунӣ ба кишвари Паретакен, ки мувофиқи таҳқиқоти муаллиф ба водии Рашт (Қаротегин) айният мегирад, то “Кишвари сокоиҳо” (водиҳои Лахшу Олой) хеле дақиқ ва мушаххас арзёбӣ шудааст. Муаллиф дар асоси омӯзиши асарҳои муаррихони Юнони Қадим ва муқоиса бо “Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ собит намудаанд, ки Искандар бо Рухшона баҳори соли 327 дар қалъаи Аримаз (Гарум, дар “Шоҳнома” Ҳарум) издивоҷ карда будааст, ки мувофиқи пажӯҳишҳои устод имсол ба ин издивоҷашон 2350 сол пур мешавад. Соли 2021 муаллифи ин асар борҳо аз тариқи чанде аз васоити ахбори омма эълом доштанд, ки 2350-солагии исёни Спитамен ёдбуд карда шавад, аммо садояшонро олимони соҳа ба инобат нагирифтанд.
Яке аз асарҳои дигари ӯ “Тоҷик” ном дошта, ба масъалаи баромад, сайри таърихӣ, вусъати ҷуғрофӣ ва дигар паҳлуҳои вожаи тоҷик дар асоси сарчашмаҳои тибетӣ, чинӣ, санскрит, арманӣ, юнонӣ, форсӣ, русӣ ва ғайра аз дидгоҳи нав изҳори назар карда, собит намуданд, ки вожа ва халқу кишвари тоҷик садсолаҳои зиёде пеш аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна вуҷуд дошта будааст.
Чанде пеш китоби нави ин муҳаққиқ "Сарнавишти вожаҳо" иборат аз 386 саҳифа, аз нашр баромад, ки ба бисёр масъалаҳои ҳанӯз дастназадаи забоншиносӣ бахшида шудааст. Масъалаҳои баргаштҳои овозӣ дар вожаҳо, пасвандҳову пешвандҳои гумшуда, муносибати шеваҳои забони тоҷикӣ бо забони санскрит, ҳамвожаҳои забонҳои санскрит-русӣ-тоҷикӣ, вожаҳои ориёӣ дар забони арабӣ, фарҳанги вожаҳои ҳамрешаи русӣ-тоҷикӣ, маъно ва баромади як силсила вожаҳо ва бисёр масъалаҳои дигари нодир фарогири ин китоб гардидаанд. Асари мазкур як фарҳанги ориёиро мемонад ва дар шумори Пешзабон ва ё Нахустзабон қарор доштани забони моро шаҳодат медиҳаду аз ин забон баромадану реша доштани дигар забонҳоро тасдиқ мекунад. Ва пажӯҳиши чунин як китоб роҷеъ ба сарнавишту саргузашти вожаҳои забонамон як кори илмии пурзаҳмат аст.
Яке аз хидматҳои муҳими ин сарсупурдаи роҳи хидмат ба миллат он аст, ки китоби калонҳаҷмеро бо номи “Вакилони халқ– 1938-2010” мураттаб намудаанд, ки 4286 вакили мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро аз даъвати якуми он – соли 1938 то даъвати дуюми Маҷлиси Олии мамлакат – 2010 фаро мегирад. Коршиносон бар он назаранд, ки чунин китоб дар ҳеҷ як кишвари дигари дунё ба чунин пуррагӣ вуҷуд надорад.
Сайдулло АМОНЗОДА