Баргашт Чоп кардан

ВМКБ.  ДАСТОВАРДҲОРО МЕТАВОН БЕШТАР КАРД


Дар ҷаласаи навбатии назди раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон масъалаи натиҷагирӣ аз баргузории озмунҳои ҷумҳуриявӣ, ки ҳамасола таҳти сарпарастии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир мегарданд, ҳамчунин, ташкили озмуну олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. 
Мирзоқанд Аминҷон Бекназар, сардори раёсати маорифи ВМКБ,  иброз дошт, ки соли гузашта дар шаш олимпиадаи байналмилалӣ аз Бадахшон 586 хонанда иштирок намуд, ки нисбат ба соли 2023 347 нафар зиёд мебошад. 63 хонандаи  муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ соҳиби ҷойҳои намоён гардид. 
Таъкид шуд, ки соли гузашта  95 нафар ба даври ҷумҳуриявии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  роҳхат гирифта, 90 нафараш иштирок намуд. Дар натиҷаи баҳогузории ҳакамон, бори нахуст дар таърихи баргузории Озмун Шоҳҷоиза насиби намояндаи ВМКБ шуд. Дар баробари ин, чор нафар соҳиби ҷойи дувум ва ҳашт нафар соҳиби ҷойи сеюм гардиданд. 
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» порсол аз шаҳру ноҳияҳои вилоят  78 нафар ширкат варзида, ду нафар сазовори ҷойи намоён гашт.
Зимни таҳлили фаъолияти соҳаи маориф вобаста ба баргузории озмуну олимпиадаҳо раиси ВМКБ Мирзонабот Алишер Худобердӣ эрод гирифт, ки ҳарчанд теъдоди хонандагони дар озмуну олимпиадаҳо  сазовори ҷойҳои намоёнгардида дар соли сипаригардида нисбати солҳои пеш зиёд бошад ҳам, ин натиҷа ҳанӯз қонеъкунанда нест. Зеро потенсиали зеҳнии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят  хеле зиёд аст, вале бо сабаби хунукназарии бархе аз масъулон он истифода намегардад. Дар ин радиф, роҳбарони тамоми идораву муассисаҳо вазифадор шуданд, ки ҷиҳати ҷалби кормандонашон барои иштирок дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд. 
Дар иртибот ба иштироки намояндагони ВМКБ дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» сардори раёсати фарҳанг Гулдасташо Амирхонов маълумот дод. Зикр шуд, ки соли 2024 дар даври аввали Озмун, ки дар ҷамоатҳо доир  мешавад, 1120 нафар ширкат варзида, ба даври дуюм 751 нафар роҳхат гирифт ва  82 нафар дар даври ҷумҳуриявӣ иштирок кард. 
Ахиран  раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ вобаста ба дастовардҳои тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят маълумот манзур намуда, гуфт, ки дар радифи пешрафти соҳаи иқтисодӣ, соҳаҳои маорифу фарҳанг ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоӣ низ бояд ба таври бесобиқа рушд кунанд. Маҳз бо ҳамин мақсад ва дарёфти истеъдодҳои наву  хонандагони болаёқат, бо эҳтимому ибтикори  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон чорабиниҳои гуногуни маърифативу фарҳангӣ роҳандозӣ мегарданд, ки  озмунҳои номбурдаи ҷумҳуриявӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.  
Раиси вилоят таъкид сохт, ки дар ин раванд фаъолияти пурсамар ва содиқонаву софдилонаи ҳар як аъзои ҷомеа  нақши калидӣ дорад.

Раҳмони  ГУЛЗОР, “Ҷумҳурият”