Ҳайати расмии парлумони Тоҷикистон, ки ба он узви Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон шомиланд, таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҷаласаи пленарии 55-уми АБ ИДМ ба шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия сафар кард.
Аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд, ки вакилони Маҷлиси намояндагон дар баробари дигар вакилони парлумонҳои давлатҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бештар масъалаҳоеро муҳокима менамоянд, ки ба ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, маориф ва сиёсӣ дар байни давлатҳои аъзои ИДМ бахшида шудаанд.
Як ҷаласаи муҳим миёни Тоҷикистон ва Россия
Дар шаҳри Москва ҷаласаи ёздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси федералии Федератсияи Россия баргузор гардид, – хабар доданд аз Маҷлиси миллӣ.
Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия Раҷаббой Аҳмадзода ва Николай Журавлев баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҷаласаи навбатии Комиссия ба рушди муносибатҳои ду кишвар дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ тақвият мебахшад.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа нахуст масъалаи рафти амалишавии Ҳуҷҷати хотимавии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Россия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, сипас, аъзои Комиссия доир ба вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Россия дар самти фарҳангию гуманитарӣ, аз ҷумла илм, маориф ва дигар масъалаҳои муҳим, мубодилаи афкор намуданд.
Тоҷикистон ва Қатар бо зуҳуроти манфӣ муборизаи якҷоя мебаранд
Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода дар вохӯрӣ бо сафири фавқулода ва мухтори Давлати Қатар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муборак ибни Абдураҳмон Муборак ан-Наср зикр кард, ки Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолӣ маҷмуи ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро бо кишварҳои арабӣ чун самти муҳими сиёсати хориҷӣ муқаррар намудааст ва баҳри рушду нумӯи онҳо пайваста талош меварзад.
Маркази матбуоти Вазорат иттилоъ дод, ки ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳоро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, амнияти иттилоотӣ ва дигар мавзуъҳои мубрам мавриди баррасӣ қарор доданд.
Авҷи корҳои сохтмонӣ дар муассисаҳои тандурустӣ
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдуллозода бо рафти корҳои сохтмонии беморхонаи марказии ноҳияи Файзобод, беморхонаи марказӣ ва маркази саломатии ноҳияи Рашт шинос шуд.
Ба иттилои маркази матбуоти Вазорат, кор-ҳои сохтмонии иншооти тандурустии мазкур дар доираи лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” (гранти Бонки осиёии рушд-0627-TAJ (SF) ҷараён доранд.
Ҷамолиддин Абдуллозода барои босифат ба анҷом расондани корҳои сохтмонӣ ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Барои ғолибон 700 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо гардид
240 хонандаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишҷӯёну унвонҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, олимон ва муҳаққиқони ҷавони муассисаҳои илмиву тадқиқотии ҳудуди шаҳри Душанбе ғолибони озмуни стипендияи раиси шаҳри Душанбе шуда, ҳавасманд гардонда мешаванд. Дар ин хусус шуъбаи иттилооти дастгоҳи раиси шаҳр хабар дод.
Бо ин мақсад, бо қарори раиси шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии раиси шаҳр дар соли таҳсили 2022-2023 маблағ дар ҳаҷми 700 ҳазору 200 сомонӣ ҷудо гардид.
Тибқи қарори дахлдор, масъулон вазифадор гардидаанд, ки ҷиҳати дар фазои тантанавӣ бо шаҳодатнома ва маблағҳои стипендияи раиси шаҳр сарфароз гардондани ғолибон, тадбирҳои зарурӣ андешанд.