СУҒД
Таъсиси 55 ҳазор ҷойи нави корӣ
Дар нишасти матбуотӣ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода иброз дошт, ки соли 2024 барои хоҷагии халқи вилоят, сарфи назар аз баъзе мушкилиҳо, соли бобарору бофайз буд.
Қисми даромади буҷети вилоят ба андозаи 107,9 дарсад иҷро гашт, ки ба 3 миллиарду 430,8 миллион сомонӣ баробар мебошад. Корхонаҳои саноатӣ ба маблағи 3 миллиарду 358 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 120,1 фоизро ташкил дод. Дар ҳудуди вилоят давоми сол 166 корхонаи нав бо фарогирии зиёда аз 2060 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт.
Раҷаббой Аҳмадзода оид ба масъалаи муҳими иҷтимоӣ - таъсиси ҷойҳои нави корӣ сухан ронда, иброз дошт, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидорӣ 55 ҳазор нафар сокини 18 шаҳру навоҳӣ бо кор таъмин шуд.
Нишондиҳандаҳои кишоварзӣ низ дар ҳамаи бахшҳо ба 22 миллиарду 387,9 миллион сомонӣ баробар шуд.
Раҷаббой Аҳмадзода вобаста ба рафти сохтмони мактабу кӯдакистонҳо гуфт, ки дар соли 2024-ум 50 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо ҳамаи шароитҳои таълиму тарбия ва 25 кӯдакистон сохта ба истифода дода шуд. Соли равон низ тасмим шудааст, ки дар вилоят, дар 115 ҷамоати шаҳру навоҳӣ боз 50 мактабу 60 кӯдакистон сохта шавад. Ҳамчунин, дар ноҳияҳои Деваштич, Ашту Мастчоҳ неругоҳҳои барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мВт бунёд мегардад.
Ҷовиди АШТӢ
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДӢ
3253 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт
– Соли 2024 аз ҷониби судҳои иқтисодӣ, коллегияҳои кассатсиониву назоратӣ ва раёсати Суди Олии иқтисодӣ, дар маҷмуъ, 3253 парванда мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин теъдод, нисбат ба 1716 парванда ҳалномаи судӣ қабул шуд, – гуфт дар нишасти хабарӣ Зебониссо Абдуллозода, раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
318 аризаву шикоятро, бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ мутобиқ набудан, баргардонданд.
Ҷиҳати иҷрои саривақтии санадҳои судии қабулшуда тадбирҳои дахлдор андешида, дар ҳамкорӣ бо Хадамоти иҷро ва дигар мақомот, иҷрои санадҳои судӣ оид ба рӯёндани боҷи давлатӣ ва маблағҳои зарару қарзҳои кредитӣ бо назардошти санадҳои судии солҳои қаблӣ ва боҷи давлатии пешпардохтшуда ба маблағи умумии беш аз 305 миллион сомонӣ таъмин гардид.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ХАДАМОТИ ИҶРО
32 миллиону 714 ҳазор сомонӣ ба манфиати модару кӯдак ситонда шуд
Соли 2024 кормандони Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 44 ҳазору 904 мавод ва арзу муроҷиати шахсони воқеию ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои таъмини иҷрои санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор мавриди баррасӣ қарор доданд, ки аз ин шумора 42 ҳазору 567 ададашро санадҳои судӣ, санадҳои мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор ташкил медиҳанд. Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода иттилоъ дод.
Ҳамзамон, дар ин давра ба Хадамот 11 ҳазору 283 истеҳсолоти иҷро оид ба ситондани маблағи алимент ворид гардида, аз солҳои пешин, дар маҷмуъ, 103 ҳазору 392 ҳуҷҷати иҷро вобаста ба ситондани маблағи алимент дар баррасии иҷрочиён қарор дорад. Аз ҷониби иҷрочиён ба манфиати модару кӯдак 32 миллиону 714 ҳазор сомонӣ ситонда шудааст.
Судобаи ФАЙЗАЛӢ
ДБЗХТ
Се факултет ва 13 ихтисоси нав фаъол шуд
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади густариши ҷанбаҳои фаъолияти Донишгоҳ се факултети нав: тарҷумони забони англисӣ, равияи омӯзгории забонҳои Шарқ ва муносибатҳои байналмилалӣ ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳ Жило Гулназарзода дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки барои тавсеа бахшидани фаъолияти Донишгоҳ ва ҷалби бештари довталабон боз 13 ихтисоси нави ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯй дар зинаҳои бакалавр ва магистратура таъсис гашта, аз соли таҳсили 2025-2026 қабул ба ихтисосҳои мазкур роҳандозӣ мешавад.
Жило Гулназарзода зикр кард, ки бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Президенти мамлакат дар назди Донишгоҳ гимназия ва Маркази инкишофи кӯдак таъсис дода шуд, ки дар соли аввали фаъолият аллакай 204 нафар аз синфи 1-ум то синфи 5-ум ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
– Яке аз корҳои арзишманде, ки анҷом додем, тарҷума ва нашри қисми дуюми китоби “Забони миллат – ҳастии миллат”-и Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забонҳои русӣ, англисӣ ва чинӣ ба шумор меравад, – гуфт ӯ.
Лола РИЗОӢ
ДДМИТ
6 ихтисоси нав ба роҳ монда шуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон 6 ихтисоси нави ба бозори меҳнат ҷавобгӯй: “Иқтисодиёт ва молияи бозори амвол”, “Иқтисодиёт ва молияи корхонаҳои хоҷагии шаҳр”, “Иқтисодиёт ва молияи хоҷагии манзилию коммуналӣ”, “Менеҷменти лоиҳаҳои рақамӣ”, “Иқтисоди сабз” ва “Иқтисодиёт” ба роҳ монда шуд. Дар ин хусус ректори Донишгоҳ Ҳакимбек Абдуалимзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати тайёр кардани мутахассисони ба бозори меҳнат ҷавобгӯ ва бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ташкил ва гузарондани таҷрибаомӯзиҳои таълимӣ, истеҳсолӣ ва пешаздипломии донишҷӯён, шартномаи ҳамкорӣ бо 20 вазорату муассисаҳои бонкӣ, молиявӣ, корхонаву идораҳои давлатӣ ва ташкилотҳои хусусӣ баста шуд. Ин аст, ки ҳамасола тақсимоти хатмкунандагон дар асоси дархостҳои воридшуда аз вазорату идораҳои мазкур сурат мегирад. Соли таҳсили сипаришуда аз теъдоди умумии хатмкунандагон 57,2 дарсад бо ҷойи кор таъмин шуд.
– Бо мақсади беҳтар намудани шароити кории омӯзгорону кормандон 52 нафар бо хонаҳои истиқоматӣ таъмин гардид, – гуфт Ҳакимбек Абдуалимзода.
Лола РИЗОӢ
ДТҶТ
43 медали донишҷӯён аз мусобиқаҳои байналмилалӣ
Зимни нишасти матбуотӣ Амир Иброҳимзода, ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов, зикр кард, ки соли гузашта донишҷӯён дар 40 мусобиқаи байналмилалӣ иштирок намуда, сазовори 9 медали тилло, 15 нуқра ва 19 биринҷӣ шуданд. Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саидмуъмин Раҳимов ҳоло бо 35 донишгоҳи хориҷи дуру наздик ҳамкорӣ дорад.
«Барои ҷалби донишҷӯён аз давлатҳои хориҷӣ ба Донишкада мунтазам тадбирҳо андешида мешаванд. Ин аст, ки айни замон дар Донишкада 46 донишҷӯ аз Ӯзбекистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва Федератсияи Русия таҳсил менамояд», – гуфт ректори Донишкада.
Ҳамзамон, роҳбарияти Донишкада тасмим гирифтааст, ки бо шуъбаи робитаҳои ҷамъиятии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон, Сафорат ва ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон, ташкилоти байналмилалии сершумор, аз ҷумла ТИКА, ACCELS, IREX, DAAD, GIZ, ACTED робитаи ҳамкорӣ барқарор намояд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА