Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ба рушди соҳаи сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, роҳандозии васеи сайёҳии экологиву кӯҳнавардӣ ва ташаккули бренди миллии кишварро таъкид доштанд. Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мусоҳиба бо «Ҷумҳурият» ба чанд саволи вобаста ба ин мавзуъ посух дод.
– Муҳтарам раис, тамоюлҳои умумии рушди соҳаи сайёҳӣ чӣ гунаанд? Оё Тоҷикистон ба ин рӯзнома мувофиқат мекунад? Дар соли гузашта чӣ тағйироти ҷаҳонӣ ба амал омад?
– Тамоюлҳои умумӣ, ки дар рушди соҳаи сайёҳӣ соли сипаригардида ба вуқуъ пайвастанд, хуб буданд. Соли 2022 дар соҳаи сайёҳии ҷаҳон, аз ҷумла кишвари азизи мо, соли пурбарор буд. Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, шумораи умумии сайёҳони ҷаҳонӣ дар соли 2022 ба беш аз 900 миллион нафар расид, ки нисбат ба соли 2021 ду маротиба зиёд мебошад. Ин нишондиҳанда ба 63 фоизи давраи пеш аз пандемия баробар мебошад. Дар кишвари мо низ, қариб ҳамин хел раванд мушоҳида шуд. Мо соли сипаригардида 999,3 ҳазор сайёҳро қабул намудем, ки нисбат ба соли 2021-ум 3,4 маротиба зиёд мебошад.
Соли гузашта аз он ҷиҳат хуб буд, ки маҳдудиятҳои дар давраи COVID–19 ва пасопандемиявӣ ҷоришуда дар бисёр кишварҳо бардошта шуданд. Илова бар ин, ба афзоиши гардиши сайёҳон баргузоршавии Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол, намоишгоҳҳои байналмилалии Экспо дар Дубай ва дигар чемпионатҳои ҷаҳонӣ мусоидат намуданд.
Агар ба дурнамо назар афканем, тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, имсол нишондиҳандаҳои гардиши сайёҳон аз 80 то 90 фоиз пешгӯӣ мешаванд, ки барои расидан ба ин нишондиҳандаҳо тамоми имконоти Кумита ва бахши хусусиро равона месозем.
– Дар мавриди сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ, кадом минтақаҳои асосиро Шумо ҷудо карда метавонед, ки, аллакай, ба таври кофӣ рушд ёфтаанд?
– Минтақаҳои Зарафшон ва Бадахшон байни сайёҳон афзалияти бештар доранд. Ин минтақаҳоро брендишуда ҳам ном барем, хато намекунем. Барои сайёҳии экологӣ ва кӯҳнавардӣ Парки миллии Тоҷикистон ва кӯҳҳои Фон таваҷҷуҳи бештари сайёҳонро касб намудаанд. Илова бар ин, сайёҳии экологӣ дар минтақаҳои шаҳрҳои Ҳисору Турсунзода ҳам роҳандозӣ шудааст, ки вақтҳои охир талаботи зиёд пайдо карда истодааст. Дар ҳамаи ин минтақаҳо дар баробари иқтидору зарфиятҳои табиӣ шароитҳои хуби инфрасохторӣ ва хизматрасонӣ фароҳам мебошанд.
– Масъулони соҳа, ширкатҳо ва субъектони хизматрасонӣ чӣ корҳоро бояд анҷом диҳанд, то сайёҳӣ дар кишвари мо бештар рушд ёбад?
– Албатта, пеш аз ҳама, бояд бунёди инфрасохтори сайёҳиро идома диҳем. Дар дурдасттарин минтақа ё деҳа ҷойҳои хоб таъсис дода шаванд. Мо бояд бо мардум ҳамкорӣ намоем, онҳоро омода созем, ки ақаллан дар хонаҳояшон ҳуҷраҳои зиёдатӣ барои қабули сайёҳон бунёд кунанд. Инфрасохтори хурди барои сайёҳ лозимаро бо шароити хоби истироҳат ташкил намоянд.
Ҳунармандӣ байни мардум бештар ривоҷ бахшида шавад. Таваҷҷуҳ ба хӯрокҳои лазизи милливу қадимаи мо, ки беназир ва нодиранд, бештар гардад. Забондонии мардуми маҳаллӣ беҳтар ва сатҳи хизматрасонӣ боло бардошта шавад.
– Бармегардем ба минтақаҳо, мо дуруст мефаҳмем, ки вилояти Суғд дар рушди сайёҳӣ пешсаф аст?
– Дар маҷмуъ, ҳамаи минтақаҳои кишвари мо бисёр нодиранд. Вале имрӯз назар ба дигар минтақаҳои кишвар вилояти Суғд ҳам аз нуқтаи назари сайёҳӣ, ҳам аз ҷиҳати саноат, ҳам аз назари хизматрасонӣ, ҳам аз пешбурди тиҷорат каме дар пеш аст, ки ин омилҳои табиӣ ва сунъӣ низ дорад. Тавре гуфта гузаштам, Зарафшон яке аз брендҳои миллии мо мебошад. Зарафшон бо кӯҳҳои Фон, Искандаркӯл, Ҳафткӯл, Саразми бостон машҳуру пазируфташуда мебошад. Ин ҳамон омилҳои табиие мебошанд, ки таваҷҷуҳи сайёҳони зиёдро ба ин минтақаи кишвар ҷалб мекунанд.
Омили дигар ин аст, ки дар вилояти Суғд обанбори НБО «Қайроқум» ва Баҳри тоҷик дорем, ки дар канори он яке аз осоишгоҳҳои бонуфузи кишвар – «Баҳористон», қароргоҳи Бонки миллии Тоҷикистон, маркази солимгардонии кӯдакону наврасони «Шоҳин» ҷойгиранд. Ҳамчунин, дар ин ҷо бисёр инфрасохтори муосири ба талабот ҷавобгӯ сохта, ба истифода дода шудааст, ки боиси ифтихор ва сарфарозии мардуми Тоҷикистон мебошад.
– Дар кишвар якчанд лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ татбиқ мешаванд. Мегуфтед, ки онҳо ба кадом самтҳо равона шудаанд ва пас аз амалишавӣ чӣ дигаргунӣ дар соҳаи сайёҳии кишвар ба амал меояд?
– Бисёр дуруст қайд кардед. Айни замон дар самти соҳаи сайёҳӣ ду лоиҳаи бузург, як лоиҳаи миёна ва ду лоиҳаи хурд татбиқ шуда истодаанд. Якеаш Лоиҳаи рушди сайёҳӣ буда, аз ҷониби Бонки осиёии рушд бо маблағи 10 миллион доллари ИМА татбиқ мешавад. Ин лоиҳа барои омодасозии лоиҳаҳо сафарбар мешавад. Дар қисмати аввали лоиҳа чанд масъалаи муҳими соҳаи сайёҳӣ, аз ҷумла масъалаҳои омор, сабади сайёҳӣ, тадқиқот, мушкилиҳо, ҳал мешаванд. Дар қисматҳои дигар чор лоиҳаи сармоягузорӣ таҳия мегардад. Аллакай, маблағгузории як лоиҳаи он пурра омода аст, ки 45 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Боз агар барои татбиқи дигар лоиҳаҳо бист ё сӣ миллиондолларӣ ҷалб карда шавад, зиёда аз 100 миллион доллари ИМА дар даҳсолаи наздик дар натиҷаи татбиқи ҳамин лоиҳаи 10 миллиондоллара ҷалб карда мешавад.
Лоиҳаҳои дигар ба рақамикунонии бахши хусусӣ, рушди сайёҳии экологӣ ва истифодаи неруи барқароршавандаи энергия равона шудаанд. Пас аз татбиқи пурраи лоиҳаҳо шароити мусоиди тараққиёти сайёҳӣ фароҳам мегардад, мушкилиҳо ҳалли худро ёфта, барои рушди соҳаи сайёҳӣ, баланд бардоштани имиҷи кишвар, ҷалб намудани ҷаҳонгардон, рушди инфрасохтор, сатҳи хизматрасонӣ, омода кардани кадрҳои баландихтисос як такони ҷиддӣ ба амал меояд.
– Вақтҳои охир дар бораи сабади сайёҳӣ бисёр мешунавем. Метавонед ба хонандагони мо фаҳмонед, ки он чӣ аст, чӣ гуна бояд инкишоф ёбад?
– Таркиби сабади сайёҳии Тоҷикистонро тарғибот ташкил медиҳад. Яъне, мо чӣ дорем ва ба сайёҳ чӣ пешниҳод менамоем? Албатта, зарфиятҳову иқтидорҳои сайёҳии мо, ҳамон намудҳои сайёҳиест, ки мо пешниҳод мекунем. Ин сайёҳии экологӣ, кӯҳнавардӣ, табобатӣ мебошад, ки ҳар яки онҳо боз зернамудҳои сайёҳиро дар бар мегиранд: сайёҳии аграрӣ, гастрономӣ, фарҳангӣ-таърихӣ ва ғайраҳо. Боиси таъкид аст, ки намудҳои сабади сайёҳии кишвари мо беназир ва рақобатпазиртарин дар минтақа мебошанд. Барои мисол, қуллаи Исмоили Сомонӣ бо баландии 7495 метр аз сатҳи баҳр. Агар ҳамсояҳои мо аз ҷиҳати иқтисодӣ хеле пешрафта бошанд ҳам, наметавонанд ин хел қулла бисозанд. Ҳамин аст, сабади маҳсулоти сайёҳии мо. Вазифаи мо ҳамин сабадро дар сатҳи хуб, муносиб ба талаботи сайёҳон мувофиқ ба сайёҳон пешниҳод созему ба ҳамин восита буҷети кишвари азизамонро ғанӣ гардонем.
– Яке аз масъалаҳои асосӣ дастрасии мавзеъҳои сайёҳӣ мебошад. Барои осон кардани хароҷоти нақлиёт ба ҷойҳои машҳуртарини Тоҷикистон чӣ корҳо анҷом дода мешаванд?
– Дастрасии мавзеъҳои сайёҳӣ тавассути фароҳам овардани шароити хуби хизматрасониҳои нақлиётӣ аз масъалаи мубрами соҳаи сайёҳӣ маҳсуб мешавад. Масалан, дастрасӣ ба мавзеъҳои машҳуртарини Тоҷикистон – Зарафшону Бадахшонро мегирем. Дар самти Зарафшон, хушбахтона, бо сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат нақбҳо сохта, ба истифода дода шуданд, ки тавассути онҳо метавонем давоми панҷ соат ба Зарафшон, се-чор соат ба Панҷакенту кӯҳҳои Фон бирасем. Мушкили мо дар Бадахшон буд, ки як рӯзи сайёҳро роҳ мегирифт ва хеле хастакунанда буд. Хушбахтона, ин мушкил ҳам ҳалли худро ёфт. Чанде пеш парвози мустақим ба Бадахшон ҷорӣ карда шуд. Акнун расидан ба ин самти кишвар осонтар шуд. Илова бар ин, нархаш ҳам назар ба мошини сабукрав дастрастар аст.
Гарчанд дастрасӣ ба мавзеъҳои машҳури сайёҳии кишвари мо осон мешавад, мо бояд дар самти ташкили пайроҳаҳо то мавзеъҳои сайёҳӣ низ, кор барем. Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои болозикр ба мувофиқа расидем, ки чанд пайраҳаи хурд омода созем.
– Шумо ба ширкатҳои ватанӣ, ки мехоҳанд нишондодҳои худро афзоиш диҳанд, чӣ маслиҳат медиҳед?
– Пеш аз ҳама, мо бояд тарзи дурусти таҳияи бастаҳои сайёҳии ба талабот ҷавобгӯ, ки таркиби асосии онро иқтидорҳои сайёҳии кишвари мо ташкил диҳанд, таҳия намоем. Баъдан, тарғибу ташвиқи ҳамон бастаҳоро чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи мамлакат ба дараҷаи имконпазир амалӣ созем. Вақте мо ин корҳоро анҷом медиҳем, ҳам сайёҳии дохилӣ ва ҳам сайёҳии воридотӣ рушд меёбад. Ин барои рушди соҳаи сайёҳӣ дар кишвари мо, ғанӣ гардидани буҷети мамлакат, афзоиши гардиши иқтисодиёти кишвар, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмини мардум бо шуғли пурмаҳсул хеле зарур аст. Инчунин, корро дар самти рақамикунонии соҳаи сайёҳӣ бояд ривоҷ бахшид. Зеро дар асри XXI рушди дилхоҳ соҳа, бахусус соҳаи сайёҳӣ, бе рақамикунонӣ имконнопазир аст. Барои он ки бастаи сайёҳии кишвари мо дар тамоми шабакаҳои иҷтимоӣ, порталҳо, шабакаҳои телевизионии дохиливу хориҷӣ паҳн гардад, тамоми воситаҳои тарғибу ташвиқ, ки дар арсаи байналмилалӣ вуҷуд доранд, бояд пурра ва самаранок истифода шаванд.
– Ташаккур барои суҳбат!
Шаҳноз ҚУРБОН, «Ҷумҳурият»