Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2-юми март дар кишвар интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад.
Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр ва демократӣ мебошад ва тибқи моддаи 6 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, “Халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад. Ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст”.
Низоми интихобот маҷмуи қоидаҳоест, ки тартиби додани ҳуқуқи интихобот, гузарондани интихобот ва муайян намудани натиҷаҳои овоздиҳиро танзим мекунад. Вақти интихобот, муайян намудани шумораи интихобкунандагон ва номзадҳо, низоми додан ва ҳисоб кардани бюллетенҳои овоздиҳӣ, хароҷоти маъракаи интихоботӣ ва ғайра ҷанбаҳои низоми интихобот мебошанд.
Аввалин интихоботи порлумонӣ дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол 26-уми феврали соли 1995 ва даври дуюми он 12-уми марти ҳамон сол баргузор шуд. Он замон номзадҳо ба 181 курсии порлумони нави ҷумҳурӣ – Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
26-уми сентябри соли 1999 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, маҷлиси дупалатагӣ – Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон таъсис ёфт. Ҳамин тариқ, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат, даъвати якум 27-уми феврали соли 2000, даъвати дуюм 27-уми феврали соли 2005, даъвати сеюм 28-уми феврали соли 2010, даъвати чорум 1-уми марти соли 2015 ва даъвати панҷум 1-уми марти соли 2020 сурат гирифтанд.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доимоамалкунанда ва касбӣ буда, аз 63 вакил иборат аст. 22 вакил аз ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ, 41 вакил тариқи ҳавзаҳои якмандатӣ интихоб мегарданд.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ сабти номи номзадҳоро тариқи ҳавзаи ягонаи ҷумҳуриявӣ ва ҳавзаҳои якмандатӣ ба анҷом расонд. Яке аз принсипҳои ба таври демократӣ гузарондани интихобот бисёрҳизбӣ мебошад. Тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар ҳизби сиёсӣ шароити баробар дода шудааст, то дар ҳамаи давраҳои маъракаи интихобот тавассути намояндагонашон фаъолона иштирок намоянд. Дар интихоботи парлумонии имсола 6 ҳизби сиёсӣ ширкат мекунад.
Ҳамин тавр, халқ метавонад, ҳокимиятро бо роҳи интихоб намудани номзадҳои мувофиқ ташкил, ҳамзамон, фаъолияти онҳоро назорат кунед. Аз ин рӯ, интихоби дуруст заминаи устувори ҳама гуна пешравиҳо хоҳад буд.
Бояд ҳар як шаҳрванди кишвар бо масъулияти баланд дарк намояд, ки раъйи ӯ дар маъракаи интихоботӣ нақши муҳим мебозад. Аз ин рӯ, ҳар фарде, ки ҳуқуқи иштирок дар овоздиҳиро дорад, бояд барои интихоби номзадҳои шоиста мусоидат кунад ва ба ин васила, дар рушду шукуфои минбаъдаи кишвар саҳми арзанда гузорад.
У. САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”
БОЗИҲОИ МАҶМУӢ
9-ум Бозиҳои зимистонаи Осиёро Си Ҷинпин ифтитоҳ кард
Зери шиори "Орзуи зимистон, ишқ ба Осиё" ва тавассути як маросими ботантана Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин шоми 7-уми феврал дар Ҳарбин нуҳум Бозиҳои варзишии зимистонаи Осиёро ифтитоҳ кард.
Маросими тантанавии ифтитоҳи Бозиҳо дар Маркази байналмилалии конфронс, намоишгоҳ ва варзиши Ҳарбин сурат гирифта, онро 8000 бинанда тамошо кард. Ҳамчунин, дар чорабинӣ меҳмонони баландмақом, аз қабили президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах, Сарвазири Тайланд Паетонгтарн Шинаватра, Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ ва Султони Бруней Ҳоҷӣ Ҳасан ал-Болкиаҳ ширкат доштанд.
Бозиҳои зимистонаи Осиё-2025 аз рӯйи 11 намуди варзиш бо ширкати 1270 варзишгар то 14-уми феврал идома меёбанд. Арабистони Саудӣ ва Камбоҷа бори аввал ҳайатҳои худро ба ин бозиҳо фиристоданд.
Ҷумҳурии моро чор варзишгар дар лижаронии кӯҳӣ намояндагӣ карданд. Мусобиқаи лижаронии кӯҳӣ дар равияи слалом 9-уми феврал бо иштироки 58 нафар доир гашт. Саидашраф Эшонов 36-ум, Маъруфҷони Миралӣ 39, Маҳмадраҷаб Холиқов 40, Икромиддин Абдуллозода 43-юм шуда ба марра расиданд.
Дар чор рӯзи мусобиқаҳо Чин бо касби 54 медал – 21 тилло, 18 нуқра, 15 биринҷӣ пешсаф аст. Варзишгарони Ҷумҳурии Корея 30 медал (11-10-9), Ҷопон 17 медал (4-4-9), Қазоқистон 9 медал (1-5-3), Тайпейи Чин 1 медали биринҷӣ ба даст овардаанд.
ФУТБОЛ
Мусобиқаи Лигаи олии футболи Тоҷикистон бо иштироки 12 даста мегузарад
7-уми феврал дар шаҳри Душанбе маросими қуръакашии 34-ум Чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуд.
Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар мусобиқаи имсола, ки 7-уми март оғоз меёбад, 12 даста иштирок мекунад: «Истиқлол», КМВА (аз Душанбе), «Хуҷанд», «Эсхата» (аз Хуҷанд), «Истаравшан» (Истаравшан), «Вахш» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Ҳосилот» (Фархор), «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода), «Барқчӣ» (Ҳисор), “Панҷшер” (Ҷалолиддини Балхӣ), “Ҳулбук” (Восеъ).
Бар асоси қуръакашӣ дар даври аввали мусобиқа дастаҳои зерин бо ҳам вомехӯранд: “Панҷшер”–“Ҳулбук”, КМВА–“Ҳосилот”, “Барқчӣ”–“Регар-ТадАЗ”, “Истиқлол”–“Хуҷанд”, “Вахш” – “Эсхата”, “Равшан”–“Истаравшан”.
Тақвими пурраи бозиҳо дар мавсими нав бо истифода аз ҷадвали шатранҷбоз ва олими маъруфи австриягӣ Бергер тартиб дода мешавад.
Чемпионати футболи кишвар мисли соли гузашта дар ду марҳала доир мегардад. Дастае, ки соли 2025 дар ҷадвали мусобиқаи Лигаи олӣ ҷойи охирро ишғол мекунад, ба Лигаи якум мегузарад ва дастае, ки ҷойи ёздаҳумро мегирад, бо барандаи медали нуқраи Лигаи якум бозии гузаришӣ анҷом медиҳад.
Умаралӣ САФАРАЛӢ, “Ҷумҳурият”