Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот 68 номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро ба қайд гирифт.
Масъалаи бақайдгирии рӯйхати номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявии интихобот аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби демократи Тоҷикистон, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 7-уми феврал дар ҷаласаи навбатии КМИР баррасӣ гардид. Аъзои Комиссияи марказӣ баъд аз омӯзиши ҳаматарафаи масъала бо қарори дахлдор номзадҳоеро, ки аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ ба ҳавзаи ягонаи умумиҷумҳуриявӣ пешбарӣ шуда буданд, тасдиқ карданд. Ҳамин тариқ, аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 28 номзад, Ҳизби демократи Тоҷикистон 3 номзад, Ҳизби коммунистии Тоҷикистон 5 номзад, Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон 13 номзад, Ҳизби аграрии Тоҷикистон 13 номзад ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон 6 номзад, ҷамъ 68 номзад ба қайд гирифта шуд.
Акнун номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳуқуқ доранд, ташвиқоти пешазинтихоботии худро оғоз намоянд, ки тибқи қонунгузорӣ баъд аз бақайдгирӣ оғоз гардида, як рӯз пеш аз интихобот қатъ мегардад.
Аз КМИР ба “Ҷумҳурият” хабар доданд, ки худи ҳамон рӯз Комиссияи марказӣ дар бораи бақайдгирии ҳайати мушоҳидони байналмилалӣ аз Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар ташкилотҳои байналмилалию минтақавӣ қарор қабул намуд.
Корҳои омодагӣ барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ баргузор намудани интихоботи даъвати нави вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ идома доранд.
Ф. ҶУМЪАЗОДА,
“Ҷумҳурият”
ВМКБ. БАРДОШТ АЗ НИШАСТИ МАТБУОТӢ
– Ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳар як шаҳрванд вазифаи аввалиндараҷаи мақомотҳои давлатӣ, махсусан прокуратура, мебошад, – гуфт дар нишасти матбуотӣ прокурори ВМКБ Зоирзода Икром Оймамад ва афзуд: – Бинобар ин, ташкилоту муассиса ва шаҳрвандони алоҳида ҳуқуқ доранд дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ ба мақомоти дахлдор, аз ҷумла прокуратура, муроҷиат намоянд. Дар ин росто, соли гузашта ба прокуратураи вилоят ва прокуратураҳои шаҳру ноҳияҳо 293 муроҷиат ворид гардид, ки 166-тоаш аз ҷониби кормандони прокуратура баррасӣ гашт. Аз теъдоди умумии муроҷиатҳои воридгардида 66-тоаш қонеъ ва 8-тоаш рад гардида, ба 92 муроҷиатгар моҳияти масъала фаҳмонда шуд.
Зикр гардид, ки назорати умумӣ аз самтҳои муҳими фаъолияти мақомоти прокуратура маҳсуб меёбад ва прокурорҳо соли гузашта 484 санҷиш гузаронда, барои бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 1785 амр, 647 пешниҳод бароварданд. Дар заминаи 1602 санади ғайриқонунӣ 1136 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, 786 нафар ба ҷавобгарии моддӣ, 1412 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, нисбат ба 92 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардид.
Вобаста ба ишғоли замин ва сохтмонҳои худсарона нисбат ба 25 нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди тафтиши пешакӣ ба суд ирсол шудааст.
– Соли сипаригашта, – гуфт прокурори вилоят, – дар вилоят 795 ҷиноят ба қайд гирифта шуд. Аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи вилоят оид ба муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор 14 ҷиноят ошкор ва аз нашъаҷаллобон бештар аз 135 килограмм воситаҳои нашъадор мусодира гардид. Оид ба ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳи оташфишон 8 ҷиноят ошкор гашт, давоми сол аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 80 силоҳи оташфишон аз аҳолӣ гирифта шуд. Дар ин давра аз ҷониби кормандони прокуратура 55 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодии хусусияти коррупсионидошта ошкор гардид, ки ин нишондиҳанда назар ба соли пеш 11 адад зиёд мебошад. 7 ҷинояти хусусияти террористидошта ва 97 ҷинояти экстремистӣ ошкор гардид. Судҳои вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо бо иштироки кормандони мақомоти прокуратура 275 парвандаи ҷиноятиро нисбат ба 340 нафар айбдоршаванда мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳмони ГУЛЗОР,
"Ҷумҳурият"
СПИТАМЕН. МАКТАБСОЗӢ ОЯНДАСОЗИСТ
Тавре хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ноҳия барои бунёди мактаби санъат санги асос гузошта шуда, сохтмони ду бинои таълимии иловагӣ оғоз ёфт.
Мактаби санъати ба номи Мирзо Пардаев дар шаҳраки Навкат дар доираи омодагиҳо ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ қомат меафрозад. Он аз ду ошёна ва 20 синфхона иборат буда, барои 300 хонанда пешбинӣ гардидааст. Маблағгузории иншоотро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони маҳаллӣ ба уҳда гирифтаанд.
Инчунин, дар ноҳия ба сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№ 9 ва 3 оғоз бахшида шуд. Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 дар деҳоти Истиқлоли ноҳия барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ мешавад. Тибқи лоиҳа он аз 4 ошёна иборат буда, дорои 36 синфхонаи таълимии замонавӣ, китобхонаи муосир, синфхонаҳои мусиқӣ ва таълими меҳнат мебошад.
Бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №3 бошад, 560 хонандаро дар як баст ба таълиму тарбия фаро мегирад. Бино чорошёна ва дорои 32 синфхона ва ҳуҷраҳои фаннӣ мебошад.
М. ОДИНАЕВ, «Ҷумҳурият»