ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛӢ
Ба 11562 шахси мутасаддӣ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд
Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, зимни нишасти хабарӣ иттилоъ дод, ки соли 2024 оид ба риоя накардани талаботҳои санитарию эпидемиологӣ нисбат ба 11562 шахси мутасаддӣ протоколҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, фаъолияти 651 иншоот муваққатан қатъ гашта, ҳуҷҷатҳо ба мақомоти тафтишотӣ барои баррасӣ пешниҳод гардиданд.
Дар ин давра 11 ҳазору 456 шахси маъюб (аз ҷумла, 4064 кӯдак) бори нахуст расман сабти ном гашта, 7195 нафар аз ҳисоби маъюбӣ бароварда шуд. Тамоюли зиёдшавии теъдоди маъюбон соли гузашта 4284 нафарро ташкил дод, ки он асосан аз ҳисоби нуқсҳои модарзодӣ ва иллатҳои генетикист.
Ба иттилои вазир, соли 2024 ба Хадамоти давлатии экспертизаи тиббию иҷтимоӣ 31 ҳазору 590 бемор ва маъюб барои муқаррар ва тасдиқ намудани гурӯҳи маъюбӣ муроҷиат намуданд. Нисбат ба 30 ҳазору 355 нафар маъюбӣ муқаррар ва такроран тасдиқ шуд, ки 96,1 дарсадро ташкил менамояд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
РОҒУН
9 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
Тавре Сунъатулло Саидзода, раиси шаҳри Роғун, дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти давлатӣ 988 шаҳрванд муроҷиат намуд, ки аз ин шумора 603 нафар ҳамчун корҷӯй дар қайд аст. 502 кас бо ҷойи кор таъмин гардид. Ҳамчунин, 180 корҷӯй ба касбомӯзӣ фаро гирифта шуд. Айни ҳол 1598 ҷойи кори холӣ мавҷуд мебошад. Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии шаҳр ба 347 шаҳрванд мақоми бекорӣ додааст. Онҳо метавонанд аз ҷойҳои кории холӣ барои худ касби арзандаро интихоб намуда, бо кори фоидаовар машғул гарданд.
– Дар шаҳри Роғун 9 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ гардида истодааст. Аз ҷумла, лоиҳаи «Ҷорӣ намудани ҳисобкунии яклухти таҳвили барқ ва беҳтаргардонии низоми интиқоли барқ”, «Муқовимати фавқулода ба вируси COVID - 19 дар Тоҷикистон", "Ҳамкориҳои иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ, роҳравҳои 2, 3 ва 5 (роҳи мошингарди Оби Гарм – Нуробод), қитъаи 1", “Кумаки техникӣ оид ба таҳияи сохтори маблағгузории лоиҳаи сохтмони НБО “Роғун””, "Азнавпайвастшавӣ ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ", "Интиқоли минтақавии неруи барқи "CASA-1000", "Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ", "Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Тоҷикистон" ва лоиҳаи "Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ", ки маблағи умумии азхудшуда 89,6 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, – гуфт раиси шаҳр.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
КОА
11 шаҳрванди хориҷӣ соҳиби дараҷаи илмӣ гардид
Сайфиддин Давлатзода, раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ, зикр кард, ки соли гузашта 688 парвандаи илмӣ тасдиқ шуд. Аз ҷумла, 62 доктори илм, 93 доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос ва 533 номзади илм.
Ҳамчунин, дар ин давра 11 шаҳрванди хориҷӣ соҳиби дараҷаҳои илмӣ шуд. Зикр гашт, ки то ба имрӯз 68 шаҳрванди хориҷии кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон, Россия, Туркия, Афғонистон, Қирғизистон, Эрон, Арабистони Саудӣ ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар самти илмҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ (43 нафар), тиббӣ, фарматсевтӣ, биологӣ, байторӣ, аграрӣ (17 нафар), табиӣ - математикӣ ва техникӣ (8 нафар) соҳиби дараҷаҳои илмӣ гардид.
– Қобили зикр аст, ки аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ҷиҳати тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занону духтарон таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Имрӯз аз 2818 диссертатсияи ҳимояшуда 845 диссертатсия (30%) ба занон тааллуқ дорад. Аз ин шумора 38 доктори илм, 734 номзади илм ва 73 доктор (PhD) рост меояд. Айни ҳол дар ҷумҳурӣ 6250 нафар дорои дараҷаҳои илмӣ мебошад, – гуфт Сайфиддин Давлатзода.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
“АМОНАТБОНК”
Сармояи Бонк ба 990 миллион сомонӣ расид
Алиҷон Салимзода, раиси раёсати КВД БА ҶТ “Амонатбонк”дар нишасти матбуотӣ иброз дошт, ки дороиҳои Бонк 8,7 миллиард сомонӣ ва уҳдадориҳои он 7,7 миллиард сомониро ташкил дод.
Сармояи Бонк ба 990 миллион сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2023-юм 15 фоиз афзудааст. Фоидаи софи он 140 миллион сомониро ташкил намуд.
“Амонатбонк” дар самти ҷалби сармояи мустақим низ фаъолиятро пурзӯр намуда, ба ҳолати 31-уми декабри соли 2024 аз ҳисоби хатҳои қарзии бо Бонки миллии фаъолияти иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ҶС «KAZAKHEXPORT»-и Қазоқистон ва Бонки давлатии рушди Чин маҷмуан 41,3 миллион доллари ИМА ворид ва ба зиёда аз 45 ширкати ватанӣ қарзи бонкӣ пешниҳод намуд.
Бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва татбиқи дигар барномаҳои давлатӣ дар самти дастгирии иҷтимоии аҳолӣ, Бонк иқдомҳои қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Баҳор-2024», “Кишоварз”, «Автоқарз», «Занҳои муваффақ», “Орзуҳои солинавӣ-2025”, инчунин, «Қарзҳои ипотекӣ»-ро роҳандозӣ кард.
Бонк сиёсати қарздиҳии худро таҷдид намуда, ба соҳаҳои афзалиятнок имтиёзҳо фароҳам оварда, меъёри фоизи қарзҳоро бо пули миллӣ аз 2 то 4 банди фоизӣ паст намуд.
Дар иртибот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22-юми июни соли 2023 “Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ” Бонк инфрасохтори заруриро дар нозиротҳои андоз ва филиалҳою марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фароҳам овардааст. Аз ҷумла, аз ҷониби “Амонатбонк” 1085 адад постерминал дар нозиротҳои андоз, филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар тамоми ҷумҳурӣ фаъол гардонда шуд. Дар муассисаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ 3913 адад таҷҳизоти электронӣ насб гардидааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА
ПАЛАТАИ САВДО ВА САНОАТ
Намоишгоҳҳо – муаррифгари молу маҳсулоти ватанӣ
Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор, сафоратҳои кишвар дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ва ширкату корхонаҳои ватанӣ дар нуҳ давлати дунё: Ӯзбекистон, Эрон, Россия, Туркия, Чин, Олмон, Ҳиндустон, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Қатар 30 намоишгоҳи байналмилалӣ баргузор кард.
Ин матлабро Ҳайдар Раҷабзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт.
Палата дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо ҷиҳати ташкил намудани 66 Бизнес-форум ва Бизнес-миссияҳои доираҳои соҳибкорони ватаниву хориҷӣ, 135 конфронс, семинару вебинарҳо, тренингҳо ва мизҳои мудаввар ҳам дар шакли ҳузурӣ (офлайн) ва ҳам дар шакли маҷозӣ (онлайн) мусоидат намуд. Инчунин, ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата 2862 соҳибкор дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва Бизнес-форумҳо фаъолона иштирок намуд.
Дар доираи намоишгоҳҳо ва бизнес-форумҳо 243 санади ҳамкорӣ миёни корхонаҳои ватаниву хориҷӣ имзо шуд. Аз санадҳои баимзорасида зиёда аз 183 адади онҳоро Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, 20 санад вобаста ба содироти молу маҳсулот аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кишварҳои хориҷи дуру наздик ва 40 санади дигар оид ба хариду воридоти молу маҳсулот, таҷҳизотҳо аз кишварҳои хориҷ ташкил медиҳанд.
Алҳол, шумораи ташкилотҳои аъзои Палата ба 1114 адад расидааст.
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР
Соли 2024 варзишгарон 448 медал ба даст оварданд
Соли 2024 варзишгарони тоҷик 448 медал ба хазинаи варзишии Тоҷикистон ворид намуданд. Аз ҷумла, 134 медали тилло, 108 нуқра ва 206 биринҷӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли 2023-юм 87 медал зиёд мебошад. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Зулфиқор Гулаҳмадзода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии федератсияҳои варзишии мамлакат 1126 нафар варзишгар, аз ҷумла 354 нафар занону духтарони аъзои дастаҳои мунтахаб аз намуди варзишҳои олимпӣ ва ғайриолимпӣ дар 82 мусобиқаи байналмилалӣ ширкат варзид. Соли 2024 Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хотири дастовардҳои варзишгарон дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ 448 маротиба баланд бардошта шуда, 134 бор Суруди Миллӣ садо додааст.
Иттилоъ доданд, ки дар кишвар 11026 иншооти варзишӣ новобаста аз шакли моликият ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 127 варзишгоҳ, 7662 майдончаи варзишӣ, 2273 толори варзишӣ, 104 ҳавзи шиноварӣ, 89 маҷмааи марказҳои солимгардонӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ мебошанд.
Басона САТТОРЗОДА
КУМИТАИ КОР БО ЗАНОН ВА ОИЛА
120 лоиҳаи мақсаднокро дастгирӣ кард
Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масоҳати 1 гектар замин барои нафароне, ки таҳти зӯроварӣ қарор доранд, паноҳгоҳ месозад. Дар ин хусус раиси Кумита Бунафша Файзиддинзода, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва зикр намуд, ки бо дастгирии вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо давоми сол сохтмон оғоз меёбад. Ҳоло дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии “Корвони умед” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Бохтар чунин паноҳгоҳ фаъол аст.
Бунафша Файзиддинзода зикр кард, ки Кумита барои дастгирии оилаҳо пайваста талош варзида, бо мақсади баланд бардоштани вазъи иқтисодии оилаҳо ва истифодаи маблағҳои буҷети оила аз 393 лоиҳаи воридгардида 120 лоиҳаи мақсаднокро бо маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 дастгирӣ намудааст.
– Ҳадаф аз зиёд намудани маблағи грантҳои президентӣ бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон ва беҳтар кардани вазъи иқтисодии оилаҳо мебошад, – гуфт Бунафша Файзиддинзода.
Лола РИЗОӢ