Баргашт Чоп кардан

РӮЗГОРЕ БАРОИ ИБРАТ


Доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҳайдаршо Пирумшоев аз дастпарварони Донишгоҳи омӯзгории ба номи С. Айнӣ аст. 

Профессор Ҳайдаршо Пирумшоев баъди хатми синфи 8, аввалан Омӯзишгоҳи педагогии Навобод ва сипас факултети таърихи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко (ҳоло ДДОТ ба номи С. Айнӣ)-ро хатм кардааст. 
Соли 1979 устод Ҳайдаршо Пирумшоев диссертатсияи номзадии худро дифоъ менамояд, ки дар он бори нахуст сатҳи инъикоси масъалаҳои муҳими шаҳрҳои Бухорои Шарқӣ – ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва этникии онҳо дар асарҳои олимони тоинқилобии рус таҳлил гардидааст.  
Солҳои 1976 – 1985 Ҳайдаршо Пирумшоев дар вазифаҳои муаллими калон, дотсенти кафедраи таърихи ИҶШС фаъолият намуда, солҳои 1985- 1995 вазифаи декани факултети таърихи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро ба уҳда дошт. 
Дар баробари таълиму тарбия дар Донишгоҳ, таҳқиқоти илмӣ низ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Ҳайдаршо Пирумшоев қарор гирифта, бо иштироки ӯ дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Тоҷикистон соли 1990 таҳқиқоти мукаммал ва аҳамияти калони илмӣ дошта, «Тоҷикистон дар асарҳои муҳаққиқони тоинқилобии рус» аз нашр мебарояд. Аз ҷониби директори Институт, академик Б. И. Искандаров ҷалб намудани Ҳайдаршо Пирумшоев барои навиштани асари мазкури коллективӣ, ин бевосита аз эътироф намудани мутахассиси ҷавон дар доираи илмии бонуфузтарин маркази илми таърихи ҷумҳурӣ дарак медод.
Диссертатсияи доктории худро дар мавзуи «Равобити мутақобили Россия ва Осиёи Миёна аз асри XVI – миёнаи асри XIX ва инъикоси он дар таърихнигории рус» соли 1996 дар Шурои диссертатсионии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш бомуваффақият дифоъ кард. Ин диссертатсия на танҳо дар таърихнигории ватанӣ, балки дар адабиёти русзабон ва умумиҷаҳонӣ низ аввалин таҳқиқот оид ба масъалаи мазкур ба ҳисоб меравад. 
Соли 1996 бо пешниҳоди академик Раҳим Масов профессор Ҳ. Пирумшоев ба вазифаи мудири шуъбаи таърихи қадим, асри миёна ва нави Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш таъин гардид ва дар ин вазифа то соли 2019 фаъолият намуд.
Соли 2000 ӯ дар фаъолияти худ жанри нав, яъне ҳолноманависию ёддоштнависиро низ таҷриба карда, дар ин сабк аввалин асари ӯ оид ба ҳаёт ва фаъолияти академик Мулло Эркаев ва соли 2004 асари дигараш оид ба ҳаёт ва фаъолияти академик Аҳрор Мухторов аз нашр баромаданд. Инчунин, муаллиф ба жанри кишваршиносӣ низ таваҷҷуҳ намуда, дар ин самт оид ба таърихи ноҳияи Ванҷ асарҳои алоҳидаро таълиф кард. Дар солҳои минбаъда ҳам устод таҳқиқоти илмии худро идома дода, натиҷаи заҳмати ӯ дар соли 2008 аввалин китоби мукаммали илмӣ оид ба таърихи Дарвоз гардид.
Ҳамин тавр, профессор Ҳайдаршо Пирумшоев муаллифи беш аз 400 таълифот, аз ҷумла зиёда аз 30 монография мебошад, ки онҳо масъалаҳои умда ва мубрами таъриху таърихнигории халқи тоҷик, Россия ва Осиёи Миёнаро фаро мегиранд ва бо ҷиддияту даққиқнигорӣ миёни олимони ватаниву хориҷӣ пазируфта шудаанд. 
Хуллас, барандаи Ҷоизаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (дар соли 2024) профессор Ҳайдаршо Пирумшоев дар радифи он таърихнигороне шомил мешавад, ки дар инкишофи илми бунёдии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд. Айни замон профессор Ҳайдаршо Пирумшоев фаъолияти таълимию илмии худро дар Донишгоҳи Славянии Россия - Тоҷикистон ва Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш идома дода, ба таълими шогирдон ва таҳқиқоти илмӣ машғул мебошад.

С. САЙНАКОВ, 
номзади илмҳои таърих, дотсент, мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи С. Айнӣ