Баробари ба даст гирифтани рӯзнома ё маҷалла таваҷҷуҳи хонандаро нахуст, расмҳо ба худ мекашанд. Ҳунари аксбардорӣ низ эҷод аст ва расм дар саҳифаи рӯзнома ё маҷалла матнро ҳамраҳӣ карда, барои возеҳ ифода шудани муҳтаво нақши муҳим дорад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки мо дар остонаи 100-умин солгарди таъсиси он қарор дорем, на танҳо барои ба майдони сухан омадани мухбирон, публитсистон ва адибон роҳкушо будааст, балки дар тарбияи даҳҳо тан муҳаррирон, мусаҳҳеҳон, аксбардорон, ороишгарон ва мутахассиони техникии соҳаи нашриёт саҳми бориз гузоштааст. Хизмати ин зумра ашхос дар баробари онҳое, ки бори маънавии рӯзномаро мекашанд, дар ин масир кам нест.
Бинобар ин, дар радифи даҳҳо тан аз кормандони собиқу имрӯзаи нашрияи «Ҷумҳурият» ба ёд овардани хотираи неки яке аз нахустин аксбардорони ин рӯзнома Ашур Эшмуҳаммедов кори хайр хоҳад буд. Фаъолияти аксбардории Ашур Эшмуҳаммедов соли 1929 аз рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» оғоз шуда, баъдан муддати 34 сол дар рӯзномаи “Тоҷикистони сурх” (“Тоҷикистони советӣ”, “Тоҷикистони шуравӣ”, имрӯза «Ҷумҳурият») идома ёфтааст.
Ашур Эшмуҳаммедов соли 1906 дар деҳаи Пискокати ноҳияи Ашт дар оилаи деҳқон ба дунё омада, аз соли 1919 бо падараш дар шаҳри Тошкент дар оилаи Алексеев ном сарватманд хизматгор будааст. Пас аз барпо гардидани ҳокимияти шуравӣ Ашур Эшмуҳаммедов солҳои 1926-1928 дар Донишгоҳи давлатии осиёимиёнагии шаҳри Тошкент таҳсил намудааст.
Бинобар навиштаи маҷаллаи «Маданияти Тоҷикистон», №8, ноябри соли 1957, Ашур Эшмуҳаммедов соли 1927 ба суратгир Иливитский шогирд шуда, давоми ду сол нозукиҳои ин касбро аз худ мекунад. Соли 1929 ӯ ба рӯзномаи «Қизил Ӯзбекистон» ҳамчун хабарнигори суратгир ба кор оғоз намуд. Бо маҷаллаи ҳаҷвию адабии «Муштум», замимаи «Қизил Ӯзбекистон», муддати 5 сол ҳамкорӣ кардааст. Дар ин муддат ӯ ба тамоми шаҳру ноҳияҳои Ӯзбекистон сафар карда, на танҳо ба нашрияи номбурда, балки барои тамоми рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ акс бардоштааст.
Соли 1934 гардиши рӯзгор Ашур Эшмуҳаммедовро ба шаҳри Душанбе овард. Дар он шабу рӯз барои рӯзномаву маҷаллаҳои даврии Тоҷикистон аксбардор чун боду ҳаво зарур буд. Аз ин рӯ, ӯ ҳамчун аксбардори касбӣ ба идораи «Тоҷикистони сурх» даъват шуда, то соли 1968, яъне то расидан ба синни нафақа ҳамчун фарзанди содиқи ин рӯзнома фаъолият кард.
Бинобар навиштаи ҳамкасбон дар маҷаллаи «Маданияти Тоҷикистон», №8, ноябри соли 1957, аксҳои Ашур Эшмуҳаммедов на танҳо дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявӣ, балки дар матбуоти хориҷа, бавижа дар яке аз маҷаллаҳои Англия низ нашр шудааст.
Ҳангоми варақгардон намудани бастаҳои рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» (баъдан «Тоҷикистони советӣ») баъзан дар як шумора то 4 сурати муаллифии Ашур Эшмуҳаммедовро дучор мешавем. Мавзуи ин расмҳо бештар таблиғи фаъолияти пешқадамони соҳаҳои кишоварзӣ, боғдорӣ, саноат, инъикоси иншооту биноҳои азим, табиати зебои диёр, дунёи набототу ҳайвонот, ҳаёти зебои одамонро фаро мегирад.
Бисёре аз воқеаҳои нодир ва чеҳраҳои роҳбарон, шахсиятҳои адабиву сиёсии ҷумҳуриро маҳз ӯ акcбардорӣ кардааст, ки ҳар кадоме аз он имрӯз барои фарҳангу таърихи миллати мо арзиши бағоят баланд доранд. Масалан, дар шумораи 2-юми июли соли 1946 рӯзнома аз баргузории шаби эҷодии шоир Мирзо Турсунзода дар идораи «Тоҷикистони сурх» хабар нашр кардааст, ки дар он расми ҷавонии Мирзо Турсунзода ва Муҳаммадҷон Раҳимӣ тасвир ёфта, дар зери акс муаллиф Ашур Эшмуҳаммедов навишта шудааст.
Дар шумораи 7-уми апрели соли 1951 расми устод Садриддин Айнӣ дар ҳалқаи меҳмонону олимон, аз ҷумла академик Е.Н. Павловский, И.Е. Павловская, ки ба муносибати кушодашавии Академияи фанҳои ҶШС Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омада буданд, ҳамроҳи котиби КМ ҲК Тоҷикистон Т.Пулотов, шоир М.Турсунзода, вазири маорифи ҶШС Тоҷикистон Ҳ.Неъматуллоев, олимон Б.Ниёзмуҳаммадов, С.Юсуфов ва дигар намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва илмӣ акс ёфтааст, ки муаллифи он Ашур Эшмуҳаммедов мебошад. Ин аксҳо на танҳо ба мо санаи баамаломадани ин ё он воқеаро бозгӯ мекунанд, балки онҳо таърихи зиндаи миллати моро барои 100-солаҳо абадӣ мегардонанд.
Ашур Эшмуҳаммедов замони фаъолияташро дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» аз лаҳзаҳои муҳими ҳаёти худ арзёбӣ кардааст, ки ҳам барои шуҳрат ёфтан ва ҳам тақвияти маҳорати касбии ӯ заминагузор будааст. «Сурати аввалинамро, ки расо 41 сол пеш (ин суханҳо дар шумораи махсуси ҷашнӣ ба ифтихори 50-солагии рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» таҳиягардида, соли 1975 нашр шудааст – таъкид аз мо) дар ин нашрия чоп шуда буд, ман «пайванд» меномам. Агар ба тариқи рамз коллективи ин газетаро дарахти азими пурборе гуфтан мумкин бошад, он сурат пайванде шуд, ки ниҳоли ҳаёти маро умрбод яке аз шохчаҳои он дарахти азим гардонд. Ҳамин коллектив, ҳамин редаксия ба ман ному шуҳрат доданд ва баъди 34 соли ҳамкорӣ бо сарбаландӣ ба нафақа гуселонданд».
Хизматҳои бенуқсони узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Ашур Эшмуҳаммедов дар рушди соҳаи аксбардорӣ бо Грамотаи Кумитаи иҷроияи марказии Тоҷикистон, Ифтихорномаи Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон, бо унвони Ходими хизматнишондодаи санъати ҶШС Тоҷикистон қадр шудаанд.
Ашур Эшмуҳаммедов соли 1991, 23-юми апрел дар синни 85-солагӣ дунёро падруд гуфт.
Дар радифи Ашур Эшмуҳаммедов даҳҳо тан аз рӯзноманигорон, суратгирон, полиграфистон ва мутахассисони самтҳои гуногуни соҳаи матбуот аз рӯзномаи «Ҷумҳурият» хотироти хубу хонданӣ доранд, ки омӯхтани онҳо ҳам манзараи солҳои гузаштаро пеши назар меорад ва ҳам як саҳифаи таърихи нашрия ва дар умум, таърихи соҳаи матбуотро зинда мекунад.
Фаридун РАҲМОНЗОДА, рӯзноманигор
Бахтовар ТЕМИРЗОДА, муаррих