Чи тавре ки хонандагони мо огаҳӣ доранд, чанде пеш бо даъвати вазири корҳои хориҷии Россия Сергей Лавров вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ба ин кишвар сафари расмӣ анҷом дод.
АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ки зимни музокироти вазирон дар шакли маҳдуд ва васеъ вазъ ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Россия дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва масоили амниятӣ матраҳ гардиданд.
Чорабинии сатҳи баланди Тоҷикистон оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез
Дар шаҳри Ню-Йорк Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, дар ҳошияи Рӯзи байналмилалии пешгирӣ аз ифротгароии хушунатомез ҳамчун омиле, ки ба терроризм мусоидат мекунад, чорабинии канорӣ баргузор намуд.
Дар хабари интишорнамудаи Намояндагӣ омадааст, ки дар чорабинӣ муовини якуми Прокурори генералӣ Умед Каримзода, намояндаи доимӣ Ҷонибек Ҳикмат, муовини Дабири кулли СММ, роҳбари Дафтари зиддитеррористии Созмон (UNOCT) Владимир Воронков, роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе иштирок ва суханронӣ намуданд.
Машваратҳои сиёсии ВКХ-ҳои Тоҷикистон ва Словения
Дар шаҳри Душанбе машваратҳои сиёсии байниидоравӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Словения баргузор гардиданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки зимни машваратҳо масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Словения, ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Аврупо ва дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима гаштанд.
Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо директори иҷроияи Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилоти байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода бо директори иҷроияи Иттиҳоди байналмилалӣ оид ба ҳифзи мерос (ALIPH) Валери Фреланд мулоқот намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаи ҳамкории минбаъда дар самти ҳифз ва барқарорсозии мероси фарҳангиро дар мамлакат мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар додааст.
Сафири Тоҷикистон дар Конфронси вазирони фарҳанги ҷаҳони ислом
Сафири фавқулода ва мухтори ҷумҳурӣ дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони ҳамкории исломӣ Акрам Каримӣ дар Конфронси вазирони фарҳанги ҷаҳони ислом таҳти унвони «Таъсири фарҳанг ба рушди иҷтмоию иқтисодӣ» суханронӣ намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, Конфронс бо ташаббуси Вазорати фарҳанги Арабистони Саудӣ ва Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг (ISESCO) дар шаҳри Ҷидда баргузор шуд.