Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба мероси ниёгон ва шахсиятҳои таърихии миллати тоҷик арҷ гузошта, ҷиҳати муаррифии тамаддуни безавол ва чеҳраҳои мондагор корҳои шоиста анҷом медиҳанд. Дар идомаи чунин иқдомҳои миллатмеҳварӣ, Президенти маҳбуби кишвар дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ ниҳодҳои дахлдорро вазифадор карданд, ки маводи заруриро вобаста ба таҷлили 2550-солагии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир омода намуда, ба ЮНЕСКО пешниҳод созанд.
Ин ташаббус боз як марҳалаи навест дар шинохти бештари Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои таърихи бой ва фарҳанги қадима дар сатҳи байналмилалӣ. Дастгирии мероси таърихии шахсиятҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Куруши Кабир, на танҳо як амали рамзӣ, балки далели рӯшан аз арҷгузории роҳбарияти олии кишвар ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик ва саҳми он дар тамаддуни ҷаҳонӣ мебошад.
НАХУСТИН САНАДИ ОЗОДӢ ВА АДОЛАТ
Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир – поягузори давлати Ҳахоманишиён, ки 2550 сол муқаддам эълон гардидааст, на танҳо аввалин ҳуҷҷати таърихии ҳуқуқи башар, балки санади бунёдии давлатдорӣ ва идораи ҷомеаи адолатпарвар мебошад. Ин санад дар таърихи инсоният ҳамчун нахустин санади озодӣ ва адолат шинохта мешавад.
Мавҷудияти чунин ҳуҷҷат дар таърихи қадими башарият гувоҳӣ медиҳад, ки мардуми ориёинажод аз қадим дорои фарҳанги инсонпарварона ва арзишҳои баланди ахлоқию ҳуқуқӣ буданд. Эъломияи Куруш ҳамчун як намунаи волои қонунгузории башарӣ бо мурури замон таъсири худро ба рушди фарҳанги ҳуқуқӣ ва давлатдории ҷаҳонӣ гузоштааст. Ва он аввалин ҳуҷҷати расмиест, ки озодии виҷдон, ҳуқуқи баробарии ҳамаи қавмҳо, ҳуқуқи муҳоҷирон ва ҳимояи заифон таъкид шудааст. Ба гуфтаи муаррихон, Куруши Кабир пас аз фатҳи Бобул, бар хилофи таҷрибаи ҳамон давр, ғуломонро озод карда, ҳар касро дар интихоби дину эътиқоди худ озод гузошт. Ин принсипҳо имрӯз ҳам дар ҳуҷҷатҳои байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла Эъломияи умумии ҳуқуқи башар (1948), таҷассум ёфтаанд.
Эъломияи Куруш дар ташаккули қонунгузории ҳозира низ дорои аҳамияти муҳим аст. Бисёр мутахассисон онро ҳамчун сарчашмаи аввалиндараҷа барои принсипҳои адолати иҷтимоӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, масъулияти ҳокимият дар назди мардум меҳисобанд. Ин санад асоси рушди ҳуқуқи инсон дар ҷаҳони қадим буд, ки минбаъд дар давлатҳои гуногун, аз ҷумла дар Рими Қадим, Византия ва дигар тамаддунҳо пайравӣ гардид.
Бояд гуфт, ки принсипҳои ҳифзи ҳуқуқи инсон, ки дар Эъломияи Куруш зикр шудаанд, барои рушди ҷомеаи демократӣ замина гузоштанд. Имрӯз низ бисёре аз давлатҳои ҷаҳон аз усулҳои идоракунии одилонаи Куруш истифода мебаранд.
ЭЪЛОМИЯИ КУРУШ ВА СУННАТҲОИ ДАВЛАТДОРӢ
Давлатдории тоҷикон дар тули таърих ҳамеша бар пояи инсондӯстӣ, адолат ва арҷгузорӣ ба ҳуқуқи инсон асос ёфтааст. Куруши Кабир ҳамчун шахсияти таърихӣ дар ташаккули анъанаҳои идораи давлатӣ ва муносибати одилона бо шаҳрвандон нақши барҷаста дошт. Дар давраи Сомониён, ки эҳёгари тамаддуни ориёӣ буданд, ҳамин усули давлатдорӣ идома ёфта, адолат ва ҳуқуқи шаҳрвандон эҳтиром мешуданд.
Принсипҳои идоракунии одилонаи Куруши Кабир дар таърихи давлатдории тоҷикон борҳо татбиқ ёфтаанд. Ин усулҳо дар даврони подшоҳони бузурги тоҷик, аз ҷумла шоҳ Исмоили Сомонӣ ва дигар шахсиятҳои таърихӣ, дар сиёсати иҷтимоӣ ва муносибати онҳо бо мардум пайгирӣ мегардиданд. Ин нишон медиҳад, ки суннатҳои давлатдории тоҷикон бо арзишҳои Эъломияи Куруш иртиботи амиқ доранд. Арзиши ин санад на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми инсоният муҳим аст, зеро он аз принсипҳои бунёдии ҳуқуқи инсон ва идоракунии одилона шаҳодат медиҳад.
Имрӯз, бо назардошти аҳамияти таърихии Эъломияи ҳуқуқи башари Куруши Кабир, зарур аст, ки он ҳамчун яке аз муҳимтарин дастовардҳои тамаддуни башарӣ муаррифӣ ва ҳифз карда шавад. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таҷлили 2550-солагӣ ва шинохти байналмилалии ин ҳуҷҷати таърихӣ як иқдоми арзишмандест, ки на танҳо ҷойгоҳи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ мустаҳкам мекунад, балки нақши тоҷиконро дар ташаккули тамаддуни ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар мегардонад.
Абубакри АҲМАД, ҳуқуқшиноси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон