ТАСС. Кормандони Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон якҷо бо Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аъзои як гурӯҳи ҷиноятиро, ки ба муомилоти ғайриқонунии силоҳ ба миқдори калон машғул буданд, боздошт карданд. Дар ин бора дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон хабар дод.
RT. Шурои вазирони Италия дар робита ба тезутундшавии буҳрони муҳоҷират дар кишвар ба муҳлати шаш моҳ вазъияти фавқулода эълон намуд. Ҳукумат маълумоти Вазорати корҳои дохилии кишварро дар бораи он, ки аз аввали соли 2023 ба таври назаррас афзоиши ҷараёни муҳоҷират дар Апеннин ба қайд гирифта шудааст, баррасӣ карда, чунин тасмим гирифтааст.
Мир24. 62 сол пеш аввалин парвози одам ба коинот сурат гирифт. Шаҳрванди Иттиҳоди Шуравӣ Юрий Гагарин давоми 108 дақиқа дар мадор дар атрофи сайёраи мо як гардишро анҷом дод. Парвози аввалин дар ҷаҳон киштии кайҳонии «Восток» бо роҳбарии конструктор Сергей Королёв сурат гирифт. Аз соли 1962 инҷониб 12 апрел ҳамчун Рӯзи кайҳоннавардон ид карда мешавад. Ин рӯзи тантанаи илм ва ҳамаи онҳое мебошад, ки имрӯз дар саноати кайҳонӣ кор мекунанд.
Мир24. Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ҳайати Босния ва Ҳерсеговинаро таҳти раёсати вазири амнияти ин кишвар ба ҳузур пазируфт. Мусоҳибон зикр карданд, ки муносибатҳои байни кишварҳо дар сатҳи хуб қарор доранд. Онҳо, аз ҷумла ба самтҳои ояндадори ҳамкориҳо – иқтисод ва энергетика, таъкид карданд.
Лозим ба ёдоварист, ки пойтахтҳои ин ду давлат аз солҳои 70-уми асри гузашта бародаршаҳранд.