Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз аҳли ҷомеа даъват ба амал оварданд, ки тамоми саъю кӯшиши хешро барои амалисозии нақшаҳо ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, яъне боз ҳам ободтар гардондани кишвар ва фароҳамсозии шароиту имконоти боз ҳам беҳтари зиндагӣ, равона созем.
Имрӯз ба кадом рустои кишвар, ҳатто ба дурдасттарин деҳот сафар кунед, мардумро саргарми кор мебинед: ҳама аз пайи ободонианд, дар фикри бунёдкорианд. Зеро аз таъкидҳои пайвастаи Президенти маҳбуби худ дарёфтаанд, ки саҳм гузоштан дар ободии Ватан аз беҳтарин амалҳо ба ҳисоб меравад. Инчунин, дарк кардаанд, ки ободии мамлакат аз ободии кӯчаву рустоҳо сар мешавад. Сокинони сарбаланди кишвар бо шукргузорӣ аз сулҳу суботи сартосарӣ ва осоиштагии комил бо дили гарму лабрези орзуҳои наҷиб ва ҳисси баланди ватандорӣ барои рушди Ватан, саҳм гузоштан дар корҳои ободонӣ дастаҷамъона кӯшиш менамоянд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва аҳолӣ дар маркази шаҳри Турсунзода ва деҳот корҳои ободонӣ вусъат ёфта, барқарорсозӣ, бунёд ва ба истифода додани 459 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст. Аз ин шумор давоми солҳои 2022-2024-ум 226 иншоот ба маблағи 281,7 миллион сомонӣ дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ, варзиш, саноат, хизматрасонӣ ва савдо, роҳсозӣ ва ғайра мавриди истифода қарор гирифта, дар 160 иншооти ҷашнӣ корҳои сохтмонӣ идома доранд.
Пешвои муаззами миллат зимни ироаи Паём бо ишора ба вусъати таҷдиду навсозӣ ва мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ чунин тазаккур доданд: «Танҳо дар соли 2024-ум аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ, хусусан, бо саҳми соҳибкорону шахсони саховатпеша ва мардуми Тоҷикистон ба маблағи беш аз як миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расидааст».
Дар ин робита, соли 2024 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон, фаъолон ва шахсони саховатпеша дар ҳудуди ҷамоатҳои деҳот ва маркази шаҳр 68,2 километр роҳ ба маблағи 28,3 миллион сомонӣ таъмири асосӣ гардида, 18,2 километр роҳҳои маркази шаҳр аз таъмири ҷорӣ бароварда шуданд. Инчунин, 22,7 километр роҳҳои байнидеҳавии минтақаҳои дурдасти деҳот ба маблағи 3,5 миллион сомонӣ бетонпӯш шуданд.
Як нуктаи хурсандибахш ин аст, ки мардуми меҳнатдӯсти шаҳри Турсунзода дар ҳамовозӣ ба даъватҳои Сарвари давлат ҷиҳати саҳмгузорӣ дар ободии Ватан иқдомҳои некро амалӣ намуданд. Аз ҷумла, танҳо дар соли 2024 аз ҳисоби ҳоҷиён, умраравандагон ва шахсоне, ки маблағи сафари ҳаҷ ва умраи такрории худро ба корҳои ободонӣ равона намудаанд, зиёда аз 1 миллион сомонӣ барои корҳои ободониву созандагӣ равона гардид. Хушбахтона, сол ба сол сафи чунин шахсони хайрхоҳу ватандӯст зиёд шуда истодааст.
Ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ хуб медонад, ки мамлакати моро дар ҷаҳон ҳамчун кишвари кӯҳсор мешиносанд. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳафтод дарсади аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Аз ин нигоҳ, ободии деҳот ободии Ватани маҳбубамон аст.
Барои рушди деҳоти Тоҷикистон омилҳои зиёде замина гузоштаанд, аммо муҳимтарини онҳо таваҷҷуҳи пайвастаи Сарвари давлат, эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва боло рафтани сатҳи ватандӯстиву ватанпарастии сокинон мебошад.
Ҳамчунин, ҳамасола баргузор гардидани озмунҳои «Беҳтарин манзили истиқоматӣ», «Беҳтарин маҳалла», «Беҳтарин деҳа» ва «Беҳтарин ҷамоат» дар вилоятҳо таваҷҷуҳи мардумро ба ободониву бунёдкорӣ бештар кардаанд, ки идома ёфтани ин иқдомҳо ба манфиати кор аст.
Албатта, ҳанӯз ҳам дар бархе аз деҳоти кишвар масъалаҳои мубрам ва ҳалнашуда боқӣ мондаанд, аммо бовар дорем, ки то Ҷашни муқаддаси 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аҳли ҷомеаи диёр содиқонаву софдилона заҳмат кашида, ҳама мушкилотро бартараф менамоянд ва деҳоти Тоҷикистон мояи ифтихори тоҷикон мегарданд.
Ба назари мо, ба ҳукми анъана даровардани чанд иқдоми неке, ки дар зер зикр менамоем, боис мегардад, то манзили зисти сокинон, маҳаллаву деҳоти кишвар ва, дар маҷмуъ, Тоҷикистони азиз боз ҳам рушду пешрафт ва ободии бештар дошта бошанд:
– риояи қатъии талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”;
– рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна дар деҳот;
– сарфи закот ва дигар хайрияҳо ба корҳои ободонӣ;
– даст кашидан аз ҳаҷҷу умраи такрорӣ, ки дар баъзе маврид бо мақсади худнишондиҳӣ сурат мегиранд;
– рушди чорводорӣ ва кишоварзӣ дар деҳот;
– аз заминҳои кишоварзӣ ва қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ рӯёндани се-чор ҳосил.
Олимҷон СОЛИҲЗОДА,
мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими шаҳри Турсунзода