ПРОКУРАТУРА
227,6 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд
Дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти прокуратура 44 ҳазору 43 муроҷиат ворид гашт, ки дар асоси онҳо ҳуқуқу манфиатҳои 3379 шаҳрванд ҳифз гардиданд. Ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо оид ба замин, кормандони прокуратура 7190 нафарро ба ҷавобгарӣ кашиданд, 154,5 гектар замини ғасбгашта ба ҳолати аввала баргардонда шуд.
Дар ин бора Ҳабибулло Воҳидзода, Прокурори генералӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Зикр гашт, ки прокуророн ба 24 ҳазору 307 парвандаи ҷиноятии дар пешбурди ниҳодҳои тафтишотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ қарордошта назорат бурданд. Аз ин теъдод 12 ҳазору 4 парванда барои баррасӣ ба суд ирсол гардид.
Ҳамчунин, дар рафти тафтиши пешакӣ 1 миллиарду 708 миллион сомонӣ зарар ошкор гашта, 227,6 миллион сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ВАЗОРАТИ АДЛИЯ
Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ сари вақт мавриди баррасӣ қарор гирифтанд
Соли 2024 ба Вазорати адлия ва сохторҳои он 44040 мавод вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ворид гашт, ки нисбат ба соли 2023-юм 3418-то кам аст.
Ҳамаи онҳо мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар асоси меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор бароварда шуда, ба муроҷиаткунандагон пешниҳод гаштанд. Вазорат ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 5 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 13 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.
Ин нуктаро Музаффар Ашуриён, вазири адлия, зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт ва гуфт, ки дар ин давра, дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорат 2308 мавод мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ВКД
Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар мадди аввал
Соли гузашта дар кишвар 22315 ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ сабт гаштааст, ки нисбат ба соли 2023-юм 996 ҳолат кам мебошад. Аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 14 гурӯҳи муташаккили ҷиноятӣ дар ҳайати 90 нафар барои содир намудани 67 ҷиноят ошкор шуд. Дар натиҷаи гузарондани корҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, 343 силоҳи оташфишон ошкор ва мусодира гардид.
Дар ин хусус Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилӣ, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки соли сипаригашта 655 ҷиноят аз тарафи ноболиғон ва 3194 ҷиноят аз тарафи ҷавонон содир гардид. Бинобар риоя нашудани қоидаҳои ҳаракати роҳ дар ҳудуди мамлакат 1 ҳазору 233 садамаи нақлиётӣ ба амал омада, 552 нафар ба ҳалокат расида, 1 ҳазору 353 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардошт.
- Кормандони Вазорати корҳои дохилӣ фаъолияти шабонарӯзиро баҳри ҳимояи манфиатҳои ҷамъиятию давлатӣ таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии зиддисӯхторӣ, ҳаракат дар роҳ, ҳимояи ҳаёт ва саломатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандон аз кирдорҳои ғайриқонунӣ, равона намудаанд, - гуфт Рамазон Раҳимзода.
Шодмон АБДУРАҲИМ
СУДИ ОЛӢ
169614 парванда баррасӣ гардид
Тибқи иттилои Рустам Мирзозода, раиси Суди Олӣ, соли 2024 аз ҷониби судҳои ҷумҳурӣ, дар маҷмуъ, 169614 парвандаи гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, дархостҳои мақомоти тафтишоти пешакӣ, пешниҳодҳои муассисаҳои ислоҳӣ ва Хадамоти иҷро баррасӣ гардиданд, ки нисбат ба соли 2023-юм 31664 парванда зиёд мебошад.
Рустам Мирзозода изҳор дошт, ки дар ин давра вобаста ба татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” 1435 парванда муҳокима гашта, 1409 нафар барои нақзи меъёрҳои Қонуни мазкур муҷозот шуд ва нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 11 миллиону 95 ҳазору 560 сомонӣ ҷазои ҷарима татбиқ гардид. Ҳамзамон, зикр шуд, ки бо мақсади амалӣ намудани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби судҳо 27782 парванда нисбат ба вайронкунандагони ин Қонун мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба 23670 нафар ҷарима таъин гардид.
Комрон САФАР
КОРРУПСИЯ
411,9 миллион сомонӣ ба манфиати давлат
Мутахассисони самти назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, марказҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ 484 тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронда, ба маблағи 425,7 миллион сомонӣ зарари молиявӣ ошкор намуда, 411,9 миллион сомониро ба манфиати давлат барқарор кард.
Дар ин бора Сулаймон Султонзода, директори Агентӣ, зимни нишасти матбуотӣ, иттилоъ дод. Ҳамчунин, кормандони Агентӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ дар муассисаҳо 1053 вохӯрӣ гузаронда, 1711 ҳолати содир гардидани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурии ба коррупсия алоқамандро ошкор ва баррасӣ намуданд.
Шодмон АБДУРАҲИМ
ХОРУҒ
Саноат рӯ ба рушд дорад
Рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳри Хоруғ соли 2024 аз ҷониби Назарзода Ризо Шодӣ, раиси шаҳр, дар нишасти матбуотӣ, ки бо ҳузури рӯзноманигорони расонаҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ доир гардид, мусбат арзёбӣ шуд.
Зикр гашт, ки нақшаи қисми даромади буҷети шаҳр бо назардошти андози иҷтимоӣ 105 фоиз иҷро гардид. Ба хазина 5,7 миллион сомонӣ ворид шуд. Ба андозаи беш аз 305 ҳазор сомонӣ коҳиш додани бақияпулиҳои андоз нисбат ба солҳои пеш яке аз пешравиҳои назарраси шаҳр дар ин самт маънидод гардид.
Ба ҳолати якуми январи соли равон 97 фоизи теъдоди умумии субъектҳои ҳисоботдиҳандаи шахсони ҳуқуқӣ ва 57 дарсади соҳибкорони инфиродӣ ҳисоботи худро ба тарзи электронӣ пешниҳод намуданд. Теъдоди посттерминалҳо ва QR - рамзҳо дар давоми сол ба 560 адад расонда шуд.
Дар маҷмуъ, соли 2024 дар шаҳр 10 корхонаи истеҳсолӣ бо 102 ҷойи корӣ фаъол гашта, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бештар аз 53,6 миллион сомониро ташкил дод, ки дар муқоиса ба соли пеш 9 миллиону 42 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад. Айни замон дар маркази вилоят 47 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ фаъолият доранд.
Раҳмони ГУЛЗОР
ШАҲРИ ВАҲДАТ
171 ҳолати вайронкунии қонунгузории замин ошкор гардид
– Соли 2024 аз минтақаҳои истироҳатӣ ва ёдгориҳои таърихию фарҳангии шаҳри Ваҳдат 71 ҳазор сайёҳи дохилию хориҷӣ боздид намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазор сайёҳ зиёд мебошад, – гуфт Мирзо Исмоилзода, раиси шаҳр, зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр, сокинону соҳибкорон ва кормандони ташкилоту муассисаҳо бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтмони 808 иншооти гуногунсоҳа дар авҷ аст. Аллакай, 426 иншоот, аз ҷумла муассисаҳои саноатӣ, тандурустӣ, маориф, варзиш, маркази хизматрасонӣ, биноҳои истиқоматӣ ва дигар иншооти самташон гуногун мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Раиси шаҳр иттилоъ дод, ки давоми соли рафта дар ҳудуди шаҳр 2007 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. 171 ҳолати қонунвайронкунӣ оид ба истифодаи замин ошкор шуд, ки дар қиёс нисбат ба соли 2023-юм 14-то зиёд мебошад, қонуншиканҳо ба маблағи 110,7 ҳазор сомонӣ ҷарима гардиданд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД
Авлавият ба рушди кишоварзӣ
Мансур Каримзода, раиси ноҳияи Файзобод, зимни нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки соли 2024 кишоварзон бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда майдони меваҳои содиротиро зиёд намуданд. Айни замон барои нигоҳубини ҳосили беш аз 6920 гектар боғу токзор се сардхона вуҷуд дорад. Соли гузашта зиёда аз 310 тонна мева захира шуд.
Ҳоло дар ноҳия 3 ҳазору 963 хоҷагии деҳқонӣ фаъолият дорад, аз ҷумла соли рафта 58 гектар боғу токзори нав бунёд гардид. Дар 9740 гектар кишти зироат гузарондаанд, ки 106,5 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Истеҳсоли гӯшт ба 3351,2 тонна, шир ба 16206,1 тонна ва тухм ба 75 миллиону 588 ҳазор дона расонда шуд. Дар ин давра аз ҷониби Кумитаи идораи замин 797 парвандаи заминсозӣ оид ба ҷудо ва вобаста намудани қитъаи замин ба сокинони ноҳия тайёр гардида, 637 истифодабарандаи замин бо шаҳодатномаи бақайдгирӣ таъмин гашт.
Ҳамзамон, раис тазаккур дод, ки ба муносибати Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 166 иншооти самташ гуногун мавриди истифода қарор гирифт, дар 49 иншоот корҳои сохтмонӣ бо маром идома доранд.
Зикруллоҳ РАҶАБЗОДА
САЙЁҲӢ
1 миллиону 400 ҳазор сайёҳ аз Тоҷикистон дидан кард
Тибқи маълумоти оморӣ, ба ҷумҳурӣ соли 2024 аз кишварҳои хориҷӣ 1 миллиону 603 ҳазор шаҳрванд ташриф овард, ки аз ин 1 миллиону 400 ҳазор нафараш ҳамчун сайёҳ (тибқи талаботи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ) ворид гардид. Ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2023-юм 16,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар ин бора зимни нишасти матбуотӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода, раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфтаи раиси Кумита, бештари сайёҳоне, ки ба кишвари мо ташриф меоранд, ба мамлакатҳои Ӯзбекистон (897,3 ҳазор), Федератсияи Россия (334,5 ҳазор), Қазоқистон (34,6 ҳазор),Чин (20,5 ҳазор), Афғонистон (11,3 ҳазор) мутааллиқанд.
Ш. ҚУРБОН
РУСТАМ ҒАНИЕВ: “Дастовардҳои илмии донишҷӯён меафзоянд”
Ректори филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе Рустам Ғаниев дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорони ВАО гуфт, ки теъдоди донишҷӯёни филиал дар соли 2024-ум 434 нафарро ташкил дод, аз онҳо 70 дарсади донишҷӯ дар гурӯҳҳои буҷетӣ ва 30 фоиз дар гурӯҳҳои шартномавӣ таҳсил менамоянд.
Таваҷҷуҳи донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ рӯ ба афзоиш ёфта, натиҷаҳои таҳқиқоти илмии донишҷӯён дар доираи гузоришҳои илмӣ дар конфронсҳои илмию амалии «Ломоносов» ва дигар чорабиниҳои илмӣ, ки дар филиал ва берун аз он гузаронда мешаванд, инъикос меёбанд. Аз ҷумла, дар нишаст зикр шуд, ки соли рафта дар конфронсҳои байналмилалии донишҷӯён, аспирантон ва олимони ҷавон - «Ломоносов – 2024» ва дигар озмунҳои сатҳи гуногун 72 донишҷӯи филиал бо 98 кори илмию таҳқиқотӣ ширкат варзид, мақолаҳои онҳо дар нашрияҳои илмӣ ба табъ расиданд.
Руҳафзо МУРОДОВА
ФИЛИАЛИ ДЭМД
Дурнамо ва имкониятҳои таҳсил
Дар филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор гардид. Муовини директор оид ба корҳои таълимӣ-тарбиявӣ Тамара Чиркина оид ба масъалаҳои раванди таълим ва шароити таҳсил дар филиал, инчунин дурнамои ҳамкориҳо бо корхонаҳои энергетикӣ ва саноатӣ иттилоъ дода, зикр намуд, ки ҳоло донишҷӯёни филиал имконият доранд, ки дар корхонаҳои «Барқи Тоҷик» таҷриба омӯзанд.
Ҳамзамон, гуфт, ки арзиши таҳсил дар филиал барои донишҷӯёни таҳсили рӯзона 11026 сомонӣ ва барои ғоибона 6322 сомонӣ дар як солро ташкил медиҳад. Фаъолияти филиал асосан бо маблағгузории давлатӣ таъмин мешавад, ки 70% тариқи субсидияҳо аз Русия ворид мегардад. 30%-и дигарро маблағҳои пардохти шартномавӣ ташкил медиҳанд. Маблағгузорӣ барои пардохти хароҷоти коммуналӣ аз ҷониби Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Дар нишасти матбуотӣ, инчунин таъкид шуд, ки донишҷӯёни филиал метавонанд барои идомаи таҳсил ба Москва интиқол ёбанд. Дар солҳои охир 70 донишҷӯ ба пойтахти Русия фиристода шуда, 50 нафари онҳо таҳсилро дар магистратура идома дод.
Дилноз ҲУКМАТУЛЛОЕВА
Маоши омӯзгорони фанҳои дақиқ то 80 дарсад баланд бардошта мешавад
Соли 2024 дар филиали Донишгоҳи миллии тадқиқотии технологии «Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва» дар шаҳри Душанбе маркази забон ва фарҳанги русӣ фаъол шуд. Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ директори филиал Муъмин Ҷӯразода иттилоъ дод.
Директор иброз дошт, ки маркази забон ва фарҳанги русӣ хоҳишмандонро барои таҳсил дар филиалҳои донишгоҳҳои Россия дар Тоҷикистон омода месозад. «Мо нақша дорем, ки шаҳрвандони Ӯзбекистон, Туркманистон, Афғонистон, Эрон, Чин ва Ҳиндустонро низ ба ин курсҳои тайёрӣ ҷалб намоем», - гуфт Муъмин Ҷӯразода ва зикр кард, ки ҷорӣ намудани дарсҳои тахассусӣ ба тариқи маҷозӣ бо ҷалби мутахассисони Донишгоҳи сарпараст яке аз вазифаҳои муҳим дар соли 2025 ба шумор меравад ва дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар асоси лоиҳаи пилотӣ музди маоши омӯзгорони фанҳои дақиқ бо мақсади баланд бардоштани сифати таълим то 80 дарсад зиёд карда мешавад.
Лола РИЗОӢ
ДОНИШКАДАИ ТИББӢ-ИҶТИМОӢ
5 Кафедра таъсис ёфт
Дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 29 кафедра фаъолият дорад, ки аз ин шумор 5 кафедра соли 2024 таъсис ёфт. Дар ин хусус ректори Донишкада Зарина Ибодзода зимни нишасти матбуотӣ ҳарф зад.
Зикр гардид, ки дар Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон 126 донишҷӯи хориҷӣ аз Ӯзбекистон, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Малавӣ, Танзания, Арабистони Саудӣ ва Нигерия таҳсил дорад. Теъдоди онҳо нисбат ба соли таҳсили рафта 64 нафар зиёд аст.
Ба иттилои ректор, айни замон дар Донишкада 188 гурӯҳ фаъолият дорад, 92 гурӯҳ бо забони давлатӣ, 90 гурӯҳ бо забони русӣ ва 6 гурӯҳ бо забони англисӣ таҳсил менамоянд.
«Донишкада бо 16 муассисаи таҳсили олии хориҷӣ дар самти таҳсил, корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, табодули таҷрибаи донишҷӯён ва ҳайати профессорону омӯзгорон ва дигар самтҳои соҳаи тиб ҳамкории судманд менамояд», - иброз дошт Зарина Ибодзода.
Лола РИЗОӢ
Барои омодасозии мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ имзо шуд
Барои таъмини таҳсилоти босифат баҳри омода намудани мутахассисони самти психологияи тиббӣ созишномаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи тадқиқоти тиббии Приволжскийи Федератсияи Россия ва Донишгоҳи улумпизишкии Шерози Ҷумҳурии Исломии Эрон ба имзо расонда шуд, - гуфт ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Муҳиддин Нуриддин зимни нишасти матбуотӣ.
Зикр гардид, ки дар доираи ин созишномаҳо мубодилаи академии омӯзгорон, таҷрибаомӯзӣ ва машғулиятҳои муштарак амалӣ гардида, аз рӯи барномаҳои нави таълимӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Дар соли ҳисоботӣ бо мақсади таҳкими ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмиву таълимии хориҷи кишвар ва амалисозии лоиҳаҳои илмии муштарак 19 созишномаи ҳамкорӣ бо муассисаҳои бонуфузи Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Олмон, ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба имзо расид.
- Дар доираи созишномаҳои мазкур, аз ҷумла консорсиуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи улумпизишкии Шероз, Донишгоҳи тиббии ғарбии Қазоқистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино таъсис дода шуд, ки гурӯҳи мутахассисон ва олимон дар самти омӯзиш, коркард ва истеҳсоли маводи доруворӣ якҷоя фаъолият менамоянд,- гуфт Муҳиддин Нуриддин.
Лола РИЗОӢ