Дафтари хотираи ман дар қисми “Солномаи Роғун” қайдҳои хосса дорад, ки муҳимтаринашон бо хатҳои сурх ифода шудаанд. Оре, аз оғози ин сохтмони азими кишвар “Солномаи Роғун” кушодам, ки дар саҳифаҳои аввали он ёддошт шудааст: “27-уми сентябри соли 1976, мавзеи Ҷӯшони Обигарм. Ҷамъомади мутантан ба шарафи оғози сохтмони “Роғун”. Иштироки Котиби якуми Комитети Марказии Партияи Коммунистии Тоҷикистон Ҷаббор Расулов...”.
Давоми ҳарфҳо хурсандии бунёдкунандагони неругоҳ, шодию нишоти иштирокчиёни ҷамъомад ва ояндаи бузурги Тоҷикистонро инъикос мекунанд. Гуфта мешавад, ки бо азму талоши намояндагони тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шуравӣ “Роғун” соли 1989 ба истеҳсоли барқ шуруъ хоҳад кард... Дареғ, ки бо пареш хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ сохтмони умумииттифоқии “Роғун” қатъ гардид. Дар бадали бист соли бефаъолиятӣ сарбанд ва қисме аз нақбҳои тайёрро боронҳои сел хароб карданд.
Дар ин миён байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати хусусии “Русал” (Россия) шартнома ба имзо расид. Вале сардори “Русал” Олег Дерипаска мушкилот пеш гузошт: масъала монд, ки дарғот 100 метр паст карда шавад. Албатта, ин шарт ҷониби Тоҷикистонро қонеъ карда наметавонист.
Пас аз 20 сол бо азму талоши Пешвои хирадманди тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, гуфтан мумкин, ба “ҷисм”-и Неругоҳ ҷон даромад. Баъди ду сафар ба шаҳри Роғун (30-юми майи соли 2008 ва 28-уми октябри соли 2009) ва омӯхтани ҳолати воқеии сохтмон дар такя ба иродаи халқи азизи худ Пешвои миллат эълон доштанд: ““Роғун” сохта хоҳад шуд”. Ва ин аҳд соли 2010 амалӣ гардид. Ана ҳамин таърих низ як варақи “Солномаи “Роғун”-ро ранги дигар бахшид.
Вақте ин сатрҳоро рӯи коғаз меовардам, суханони як сол пеш гуфтаи муовини директори истеҳсолии ҶСК “НБО Роғун” Қурбонназар Давронов ба ёд омад: “Мо ду агрегати “Роғун”-ро ба истифода додем, дигарҳояш ба навбат, Худо хоҳад, то соли 2030 ба кор медароянд”.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём зикр карданд: “Имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии “Роғун” бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир бо ин мақсад аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳи “Роғун” ба анҷом расонда шудаанд”.
Кас ба “Роғун” рафта аз ҷӯшу хурӯши кор дар ҳамаи минтақаҳо бо таассуроти зиёд бармегардад. Дар “Роғун” беш аз 15 ҳазор нафар шабонарӯзӣ заҳмат мекашад. Теъдоди техникаву таҷҳизоти корӣ ба 3500 мерасад. Ин ҷо ҳама бо ҳиссиёти баланди ватандӯстӣ заҳмат мекашанд. “Ҳар як сафари Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо қувваю ғайрати тоза мебахшад, – мегӯянд ифтихормандона коргарон, муҳандисону роҳбарон. – Пешвои миллат ҳини ифтитоҳи агрегати якуми “Роғун” “Тоҷикистон, ба пеш!”, – гуфтанд. Ин ҳарфҳо дар ниҳоди мо доим садо медиҳанд”.
Мардуми кишвар аз рафти сохтмони НБО “Роғун” тавассути матбуот ва радиою телевизиони тоҷик хуб огоҳанд. Ҳоло аз шаш агрегати “Роғун” 2-тоаш барқ истеҳсол мекунад. Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади пурра анҷом додани сохтмони НБО “Роғун” бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва шарикони рушд шартнома бастааст. Пешвои миллат мужда доданд, ки ҷиҳати ҷалби маблағгузориҳои имтиёзнок дар ҳаҷми 33 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 12,5 миллиард сомонӣ грант, созиш ба амал омадааст. Шурои директорони Бонки ҷаҳонӣ, аллакай, 3,8 миллиард сомонӣ грант барои сохтмони “Роғун” ҷудо кард. Бояд бигӯем, ки таваҷҷуҳи бонкҳои ҷаҳон ба Тоҷикистони биҳиштосои мо хайрхоҳона аст. Бинед, ки Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ дар ҳаҷми 2,9 миллиард сомонӣ, Бонки исломии рушд 1,6 миллиард сомонӣ, Фонди саудии рушд 1,1 миллиард сомонӣ, Хазинаи ОПЕК оид ба рушди байналмилалӣ 227 миллион сомонӣ ва Фонди кувайтии рушди иқтисодии арабӣ 180 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзнок ҷудо намуданд.
Он рӯз дур нест, ки “Роғун” комилан ба кор даромада, ба Тоҷикистон нуру сафои тоза мебахшад. Воқеан, солҳои ҳокимияти шуравӣ газетаи “Известия” навишта буд: “Дар Тоҷикистон, дар дарёи Вахш, 25 неругоҳ сохта мешавад”. Айни замон “Норак”, “Сангтӯда-1”, “Сангтӯда-2”, “Сарбанд”, “Шаршара”, “Марказӣ” аз дарёи Вахш барои мамлакат барқ медиҳанд.
Мерасад рӯзе, ки ормонҳои дерин амалӣ мегарданд ва Тоҷикистони азиз ба нуристон табдил меёбад.
Ҷӯрабек МУЪМИН, рӯзноманигор