Ватан Абдураҳмонов 9-уми апрели соли 1943 дар деҳаи хушманзараи Ромити шаҳри Ваҳдат чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Давраи кӯдакӣ, наврасӣ ва ҷавониашро дар шаҳри Регар (ҳоло Турсунзода) гузаронда, пас аз хатми мактаби миёна ва як муддат таҷриба андӯхтан дар истеҳсолот се сол дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ қарзи шаҳрвандиашро бо сари баланд ба иҷро расонд. Соли 1965 ба факултети ҳуқуқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) дохил шуда, онро соли 1971 бо муваффақият хатм намуда, бо роҳхати Донишгоҳ ба Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешавад.
Таҷрибаи ҳаётӣ ва меҳнатдӯстиву масъулиятшиносиашро ба назар гирифта, соли 1976 ӯро ба вазифаи судяи суди ноҳияи Октябри (айни замон Исмоили Сомонӣ) шаҳри Душанбе пешбарӣ менамоянд.
Аз ҳамон сол В. Абдураҳмонов ҳаёти худро ба касби бошарафу масъулиятноки судягӣ бахшида, то ба нафақа баромадан дар таъмини адолати иҷтимоӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳифзи манфиатҳои давлат қарорҳои қонунӣ ва асоснок қабул намудааст.
Аз рӯзҳои аввали ба ин касби боифтихор машғул шудан дар дилаш мақсади наҷиб гузошт, ки бо пешниҳоду дархостҳо заҳмати судяҳоро сабук ва ба фаъолияти ҳамарӯзаи касбиашон навоварӣ ҷорӣ намояд. Номбурда нахустин судяе мебошад, ки дар фаъолияти кории худ низоми ба тартибдарории истифодаи қонун ва санадҳои меъёриро ҷорӣ кард. Соли 1991 Кумитаи иҷтимоӣ ва сиёсии судяҳои мустақилро ташкил намуда, то соли 1994 ба он сарварӣ кард. Соли 1992 бошад, созмони судяҳоро дар давлатҳои ИДМ ташкил ва баъдан Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро барпо карда. Баъди ба нафақа баромадан ҳам, бинобар дар дилаш парваридани меҳри касби судягӣ соли 2002 Маркази таълими ҳуқуқиро таъсис дода, то ҳол вазифаи директории ҳамин Марказро бар уҳда дорад.
Маҳз бо ҷаҳду талоши ин дилбохтаи касб Кодекси одоби судя қабул шуд. Маврид ба зикр мебошад, ки Кодекси мазкур дар фаъолияти ҳамарӯзаи судяҳо нақши муҳим бозида, дар тоза нигоҳ доштани сафи онҳо аз ашхоси тасодуфӣ хизмати арзандаро ба сомон мерасонад.
Пайваста дониши ҳуқуқии худро сайқал дода, ҳамеша аз навигариҳои қонун ва санадҳои меъёрӣ бохабар мебошад. Дар ин муддат ӯ дар кишварҳои ИДМ, Дания ва Маҷористон таҳсили илм намуда, аз таҷриба ва пешравиҳои ин давлатҳо сабақ бардоштааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои бенуқсон ва фаъолияти ҷамъиятиашро баҳо дода, соли 1998 ӯро бо унвони Ҳуқуқшиноси шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр намуд.
Зариф ҒУЛОМ, адиб