Дар шаҳри Самарқанд, дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ, вохӯрии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Мурат Нуртлеу баргузор гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳад, ки зимни мулоқот вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистонро бо таваҷҷуҳ ба раванди омодагӣ ба сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон, ки дар даҳаи аввали моҳи майи соли 2023 пешбинӣ шудааст, баррасӣ намуданд.
Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Беларус
Дар ҳошияи ҷаласаи Шурои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар Самарқанд, вазирони корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҷумҳурии Беларус Сергей Алейник бо ҳам вохӯрданд, – хабар медиҳад Вазорат.
Вазирон масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо ва аҳамияти рушди ҳамкориҳои пайвастаи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Беларусро дар заминаи усулҳои шарикии стратегӣ таъкид намуданд.
Дар мулоқот нақшаи машваратҳо байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Беларус барои солҳои 2023 – 2024 ба имзо расид.
Масъалаи анҷоми сохтмони роҳи Душанбе – Қулма баррасӣ гашт
Дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти Азим Иброҳим бо ҳайати намояндагони шаҳри Қошғари ноҳияи мухтори Синҷон-Ӯйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид. Ҳайати меҳмононро, ки ба он шахсони расмӣ ва соҳибкорон шомиланд, шаҳрдори Қошғар Яшенсзян Яхефу роҳбарӣ кард.
Ба иттилои Вазорат, дар дидор густариши ҳамкорӣ дар самтҳои афзалиятноки соҳаи нақлиёт ва логистика, аз ҷумла сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Қулма, ки аҳамияти минтақавӣ дорад, баррасӣ гардид.
Вазири нақлиёт тазаккур дод, ки бо ёрии Чин соли гузашта татбиқи лоиҳаи қисмҳои қитъаи калидии навбати 2-юми лоиҳаи сохтмони роҳи автомобилгарди Душанбе – Қулма оғоз гардид. Ин лоиҳа 93 км роҳи автомобилӣ, 2 нақб бо дарозии 5,2 км, 5 долони нақлиётӣ ва дигар иншооти муҳандисиро дар бар мегирад.
Ҷонибҳо, инчунин, ба масъалаҳои марбут ба ҳаракати бемамониати борҳо тавассути нуқтаи гузаришу назоратии “Қулма – Қаросу”, ҷалби маблағгузории Чин барои сохтмон ва таҷдиди қисми боқимондаи (296 км аз 1008 км) роҳи автомобилгарди Душанбе – Қулма дахл карданд ва дар бораи имзои санади расмӣ роҷеъ ба ин масъала дар ояндаи наздик ба мувофиқа хоҳанд расид.
Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи сайёҳӣ
Дурнамои рушди ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин дар соҳаи сайёҳӣ дар мулоқоти раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Камолиддин Муминзод бо муовини котиби комиҷроияи шаҳри Қошғар, раиси шаҳр Яшенсзян Яхефу ва ҳайати ҳамроҳаш аз Маъмурияти минтақавии Қошғари ноҳияи Синҷон-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Тибқи иттилоъ, раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ бо таваҷҷуҳ ба таҷрибаи пешрафтаи Чин дар соҳаи сайёҳӣ мубодилаи таҷрибаро барои субъектҳои хизматрасони соҳаи сайёҳӣ муҳим арзёбӣ намуд, ҷониби Чин барои иқдомҳои муштарак дар ин самт изҳори омодагӣ кард.
Дипломатияи оби Тоҷикистон
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Ашрафҷон Гулов дар Донишгоҳи техникии ОСТИМ дар мавзуи «Дипломатияи оби Тоҷикистон» сухан ронд, – иттилоъ медиҳад Сафорат.
Дар маъруза роҷеъ ба ташаббусҳои байналмилалии обии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва захираҳои оби Тоҷикистон маълумот пешниҳод гардид. Ҳамзамон, дар доираи маъруза наворҳои муаррификунандаи Тоҷикистон намоиш дода шуданд.