Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Вахш, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз хоҷагии тухмипарварии “Кӯлоб” дидан намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки “Кӯлоб” яке аз хоҷагиҳои калонтарин маҳсуб ёфта, аслан ба соҳаи пахтакорӣ машғул мебошад. Хоҷагии мазкур бо мақсади таъмин намудани хоҷагиҳои пахтакори ноҳия зиёда аз 800 тонна чигити тухмии аълосифат захира намудааст. Ҳамчунин, 100 адад техника ва 30 адад тухмипошак ба мавсими нави кишт омодаанд.
Бо мақсади баланд бардоштани ҳосили пахта, тибқи дастури раиси вилоят, кишоварзони ноҳия бояд дар майдони 2 ҳазор гектар кишти зери плёнка гузаронанд. Барои гузаронидани кишти зери плёнка ба тарзи муосир дар ноҳия 5 адад тухмипошак омодаи кор мебошанд.
Зикр гардид, ки ба тариқи иҷораи молиявии лизингӣ аз КВД "Тоҷикагролизинг" ба ноҳия бо малағи 27 миллион сомонӣ техника ва мошинолоти кишоварзӣ дастрас карда шудааст. Зимни боздид аз техникаи кишоварзӣ ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулони соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози кишту кор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ омода созанд.
Давлаталӣ Саид масъулони ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва хоҷагидоронро муваззаф намуд, ки дар кишти пумбадона аз тухмиҳои серҳосили ба иқлим мутобиқ истифода бурда, нақшаи ба зимаашон вогузоршударо дар муҳлати муайяншуда иҷро кунанд.
Раиси вилоят ва вазири кишоварзӣ дар идома бо фаъолияти кооперативи тиҷоратӣ-тухмипарварии "Нуфузи Вахш" шинос шуданд. Гуфта шуд, кооперативи мазкур дорои 54 гектар замини корами обӣ буда, дар майдони 3 гектари он картошка кишт намуда, дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Инчунин, хоҷагидор имсол дар майдони 46 гектар кишти пунбадона мегузаронад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат оид ба самараноку оқилона истифода бурдани замин ва гирифтани се-чор ҳосил кишоварзони вилояти Хатлон аз ҳама шароиту имкониятҳо истифода мебаранд, то дар фаровонии бозори истеъмолӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзанда гузоранд.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
ХАТЛОН. ТАҚВИЯТИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ МАЛАХ
17-уми феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода аз филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар минтақаи Бохтар боздид намуданд.
Гуфта шуд, ки бо мақсади пешгирӣ намудани зироатҳои кишоварзӣ аз ҳашароти зараррасон Муассиса дорои 22 адад техника ва дигар таҷҳизоти лозима мебошад.
Раиси вилоят таъкид намуд, ки бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудани ҳашароти заррарасон, аз ҷумла малах дар ноҳияҳои Панҷ, Хуросон, Ҷайҳун, Вахш кормандони соҳаро лозим аст, ки чораҳои заруриро роҳандозӣ намуда, техника ва заҳрхимикатҳоро захира намоянд.
Ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ дар вилояти Хатлон Ситоди мубориза бар зидди малах таъсис дода шудааст.
Зокир ҲАСАН, "Ҷумҳурият"
СУҒД. ФАЗОИ ОЗОД ВА ШАРОИТИ БАРОБАРҲУҚУҚӢ ТАЪМИН АСТ
Ин ҳақиқатро мо зимни сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мушоҳида кардем ва бо чашми худ дидем, ки тайёрӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ ва корҳои ташкилӣ дар сатҳи матлуб қарор доранд. Масъулони ҳавзаҳо ва участкаҳои интихоботӣ дар ин шабу рӯз талош доранд, ки барои овоздиҳӣ ва ҷалби васеи шаҳрвандон ба интихобот заминаҳои ҳуқуқиву ташкилиро фароҳам созанд.
Ҳоло баъд аз анҷоми марҳалаи пешбариву бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, маъракаи ташвиқотӣ ва суҳбату вохӯрӣ бо интихобкунандагон ҷараён дорад, ки он ба таври озод ва дар асоси баробарҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Ин марҳала аз 10-уми феврал оғоз шуда, коммиссияҳои интихоботӣ ҷиҳати муҳайёсозии шароити мувофиқу баробар ба ҳамаи номзадҳо тадбирҳои судманд андешидаанд.
Дар вилояти Суғд 13 ҳавзаи якмандатаи интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 70 ҳавзаи интихобот ба Маҷлиси вакилони халқи вилоятӣ таъсис дода шуда, дари 1076 участкаи интихоботӣ ба рӯйи интихобкунандагон боз аст. Дар ҳамин ҳол, тибқи ҳисобҳо 1 миллиону 711 ҳазору 900 нафар дар вилоят ҳуқуқи овоздиҳӣ доранд, ки қарор аст 2-юми март дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ иштирок ва ба тарафдории ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳои худ овоз диҳанд.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
СУҒД. БАРДОШТИ ИХТИСОСӢ АЗ ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ
Терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти харобиовар на танҳо ба як давлат, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон таҳдид мекунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар самти мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб муборизаи муштарак роҳандозӣ гардида, ҷиҳати пешгирӣ аз хатарҳои терроризму ифротгароӣ ҳамоҳангии бештари кишварҳои дунё ва тадбирҳои қатъӣ андешида шаванд.
Ин матлаб дар ҷараёни семинар-машварат оид ба омӯзиши Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» ва «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», ки дар раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд баргузор гардид, таъкид шуд.
Дар семинар-машварат ҳайати шахсии раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд, намояндагони гумруки истгоҳи роҳи оҳани Бобоҷон Ғафуров, гумруки Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ва намояндаи прокуратураи вилояти Суғд ширкат варзида, паҳлуҳои гуногуни ин мавзуъро мавриди баррасӣ қарор доданд. Аз ҷумла, Баҳриддин Эмомзода, муовини сардори раёсати минтақавии гумрукӣ, дар оғози нишаст оид ба тадбирҳои анҷомшуда ҷиҳати муқовимат бо терроризму ифротгароӣ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат изҳори назар намуд.
Сардори шуъбаи муқовимат бо экстремизму терроризм ва назорати иҷрои қонунҳо дар самти амнияти миллии прокуратураи вилояти Суғд С. Шарифзода дар мавриди вижагиҳои қонунгузорӣ, санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, фаъолияти созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ, ки ҳадафашон ноором сохтани давлат ва барангехтани низоъҳои иҷтимоию мазҳабӣ мебошад, маъруза намуд.
Дар семинар-машаварат зикр шуд, ки Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ҳуҷҷати муҳимест, ки мақсад, вазифа ва самтҳои асосии мубориза бо экстремизм ва терроризмро муайян намуда, механизми амалишавии онро пешбинӣ мекунад. Ҳамзамон таъкид гардид, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, Хадамоти гумрук уҳдадор аст, ки дар пешгирии вуруди ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ ва маводи тарканда нақши фаъол дошта бошад, ки то кунун ин рисолатро сарбаландона иҷро менамояд. Инчунин, ин ниҳод дар ҳамкорӣ бо мақомоти амниятӣ дар ошкор ва безараргардонии гурӯҳҳои террористӣ саҳм мегузорад.
Зимни нишаст зарур дониста шуд, ки барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ва иштироки онҳо дар муноқишаҳои хориҷӣ чораҳои иловагӣ ба роҳ монда шуда, назорат дар самти мутолаа ва паҳн кардани маводи марбут ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, бахусус тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, пурзӯр гардад.
Дар анҷоми вохӯрӣ таъкид гардид, ки мубориза бо экстремизм ва терроризм на танҳо вазифаи ниҳодҳои давлатӣ, балки аҳли ҷомеа буда, мутобиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 бояд ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомот тақвият дода шавад. Ҳамчунин, иштирокчиён зарурати ҳамкории зич миёни мақомоти давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳи кор донистанд.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА, «Ҷумҳурият»
«САД РАНГИ ЧАКАН». АЗ ОҒОЗИ БАҲОР ТО ПАЙКИ НАВРӮЗ
Соли 7-ум аст, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи кор бо занон ва оила дар нимаи аввали моҳи феврал ба пешвози Ҷашни байналмилалии Наврӯз Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан»-ро баргузор мекунад.
Фестивал бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, тарроҳону ҳунармандон ва чакандӯзону наққошон роҳандозӣ гардида, дар баланд бардоштани эҳсоси хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму оинҳо ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари миллӣ дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Тавре Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд: «Ҳар миллат, бинобар собиқаи фарҳангии худ, дар либоспӯшӣ анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддию маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшиаш шинохта мешавад… Занону модарони тоҷик тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқию эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».
– Боиси зикр аст, ки фестивал бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мешавад: даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳою минтақаҳо ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ.
Бо таъкиди Сабоҳат Рустам, сардори раёсати рушди оилаи Кумитаи кор бо занон ва оила, иштирокчиён бояд дар либос ва сӯзанидӯзиҳо паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои хоси ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд.
Боиси зикр аст, ки соли гузашта бо пешниҳоди Тоҷикистон ҳунари дӯхтани чакан ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
Гулнисои САЪДОНШО, «Ҷумҳурият»