Баргашт Чоп кардан

УСТОД ГУЛНАЗАР. ЁДИ ЁРИ МЕҲРУБОН ОЯД ҲАМЕ...


Эҷодиёти Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, муаллифи Суруди миллӣ устод Гулназар Келдӣ ҳанӯз аз овони дар мактаби миёнаи деҳа хонданаш оғоз гашта, то охири умраш идома ёфтааст. Метавон марҳалаҳои эҷодии ӯро шартан чунин даврабандӣ кард:

1. Эҷодиёти Гулназар дар замони шуравӣ (солҳои 1960-1990)
2. Эҷодиёти шоир дар замони истиқлол (аз соли 1991 то соли 2020)
Бояд гуфт, ки ҳар давраи эҷодиёти шоир аз дигараш аз нигоҳи муҳтаво, мавзуъ ва такомули ҳунари шоирӣ бакуллӣ фарқ мекунад, ки мо мехоҳем ба ин масъала андаке рӯшанӣ андозем. 
Эҷодиёти ӯ хеле густурдаву доманадор ва серпаҳлу буда, дар ин бора Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона  ба ёд меоварад: “Устод Лоиқ боре дар суҳбате гуфта буданд:“Ҳеҷ кас дар шеъри муосир ба андозаи Гулназар таҷрибаҳо накардааст””.
Нахустин шеърҳои ӯ бачагона буданд ва бо ҳидояти устодон дар матбуоти даврӣ ба нашр мерасиданд. Онҳо чун замони бачагии шоир сода, аммо самимиву тасвирианд. Гулназар солҳое, ки дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил менамуд, ашъори давраи навҷавониашро дар рӯзномаи донишгоҳ “Ба қуллаҳои дониш” ба чоп мерасонд. Албатта, бисёре аз қаламкашони ҷавон дар солҳои аввали эҷодиёташон ба тақлид даст мезананд, аммо Гулназар ҳарчанд ки аз бузургон шеъргӯиро омӯхт, ба тақлиди маҳз даст назад. Аз қадамҳои нахустин ба худ роҳи дигар ҷуст, ҳарчанд ки он роҳ мушкил ва душворгузар буд. Дар бораи зодгоҳи худ шеър сурудан миёни ҷавоншоирон расми дерина аст. Агар панҷоҳ шоири навқалам ба ин мавзуъ даст занад, гумон мекунед, ки ҳамон панҷоҳ шеърро танҳо як нафар ҷавон сурудааст. Зеро маҳдудияти ҷаҳонбинӣ ва андешаҳо, набудани мустақилияти эҷодӣ сабабгори чунин падида мешавад. Аммо шеъре, ки Гулназар соли 1963 дар бораи деҳаи худ суруд, аз шеърҳои ҳамсолони худ бакуллӣ фарқ мекард ва аз тозагӯиву тозаҷӯӣ ва мустақилияти гӯяндааш дарак медод:

Деҳаам дар домани кӯҳпораест, 
Ҳамчу лаълии пур аз шаҳду шакар.
Кӯҳ гӯӣ дар каф онро дошта 
– Марҳамат, – гӯяд ба ҳар як раҳгузар.
Минбаъд Гулназар аз пайи ёфтани   ташбеҳу истиораҳои тоза ба тоза шуд ва ба он ноил гардид, ки аз рӯдхонаи илҳоми худ дурри мақсуд ба каф орад. 
Дар китоби нахустинаш “Расми сарбозӣ” шеърҳое ба чоп расидаанд, ки аз истеъдоди фитрӣ, нигоҳи жарф ба дунёи шеър, канораҷӯӣ аз тасвирҳои қолабӣ  ва истиораҳои такрор шаҳодат медиҳад. Дар 6-7-солагӣ рехтани дандонҳои тифлӣ (яъне, ширӣ) воқеаи табиист, аммо ин падидаро то ба сарҳади шеър кашидан ва ба ишқи ҷавонӣ иртибот бахшидан на ба хотири ҳама эҷодкори ҷавон мерасад:
Чу дандонҳои тифлӣ бебақоӣ кард ишқи мо, 
Бирафтӣ аз канори ман, 
Чу ишқи нобарори ман; 
Албатта, ашъоре, ки Гулназар дар овони ҷавониаш сурудааст, дар қиёс бо шеърҳои имрӯзаи ӯ хеле содаву аз лиҳози муҳтаво ва ҳунари шоирӣ сабуктар аст. Аммо он шару шӯри ҷавонӣ ва такопӯҳои  нахустин бағоят ҷолиб буданд. 
Соли 1972 маҷмуаи “Дастархон” ва соли 1975 маҷмуаи “Нардбон”- и Гулназар ба нашр расиданд. Агар алоқамандони шеър аз “Дастархон”-и шеъри шоир аз неъмати маънавӣ бархурдор шуда бошанд, “Нардбон”-и шеър онҳоро ба баландиҳои шеъру сухан бурд. Дар шеъри ҳамноми ҳамин маҷмуа ҳадафу мароми зиндагии шоир хеле мушаххас ифода ёфтааст: 
Нардбон боло барад, 
Аммо на ҳар кас дар ҷаҳон 
Меравад болою мегардад яке худ нардбон.
Тавре ки аз мушоҳида бармеояд ва мунаққидону адабиётшиносон низ қайд кардаанд, солҳои 1970-1980 замони гул-гулшукуфии адабиёти тоҷик маҳсуб меёбад. Дар ин давра агарчи принсипи “адабиёти шаклан миллӣ ва мазмунан сотсиалистӣ” гоҳо суръати ҷасорати адабиро суст мекард, аммо ба тақвияти лирикаи гражданӣ мусоидат менамуд. Дар ин солҳо маҷмуаҳои ашъори Гулназар бо номҳои “Ағба” (1979), “Паҳно” (1981), “Лангар” (1984) ва “Пайи дарё” (1986) барои калонсолон ва “Аз барои Гулъизор” (1983) ва “Чашми нигин” (1987) барои кӯдакону наврасон ба нашр расидаанд, ки дар онҳо руҳи замон бо отифаи саршори шоир омехта, муҳтавои ин асарҳоро барҷаста намудаанд. 
Марҳалаи дуюми эҷодиётии Гулназар ба замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон рост меояд, ки ин рӯйдоди таърихӣ, дар навбати аввал, хеле ҳассос буд ва ҳифзи ин неъмати бебаҳо аз фарзандони фарзонаи миллат масъулияти баланд, худшиносӣ ва агар бо ифодаи расмӣ гӯем, ҳушёриву зиракиро тақозо менамуд. Гулназар дар радифи шоироне буд, ки истиқлолро бо як ҷаҳон хуррамӣ ва шавқу завқи шоирона  пазироӣ намуд. Ашъори ӯ обуранги тоза пайдо карданд ва истиқлоли руҳиаш дар шеър боз ҳам боло гирифт. 
Аз ибтидои солҳои истиқлоли давлатӣ сар карда, Гулназар дар шеър симои воқеан фардӣ ва хоси худро дар шеъру шоирӣ зоҳир намуд. Шеъри ӯ  аз шеъри  дигар шоирони замонаш то рафт фосила мегирифт ва ҳамин фосилаҳо сабаб шуданд, ки ӯ таҳаввулоте дар шеъри замони истиқлолият ба вуҷуд орад. Агар бо забони устод Рӯдакӣ гӯем: “Замона дигар гашту ӯ низ дигар гашт”. Зеро дар он айём муҳити иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ бакуллӣ тағйир ёфт. Муносибатҳои ҷамъиятӣ дигар гардиданд, ақидаи мардум ба ҷомеа дигаргун шуд. Бидуни иштибоҳ, нигоҳ ба адабиёт низ аз солҳои пешин фарқ мекард. Аммо Гулназар худро гум накард, баръакс ӯ ҳушёртару бедортар шуд. Шоир аз он имтиҳони вазнин бо сари баланд гузашт. Чи хеле ки худаш дар дубайтие фармудааст: 
Сари хамро набурад гарчи шамшер, 
Сари боло, туро аҳсант, аҳсант!

Шеъраш ҳам чун худи ӯ бар асари он ҳаводиси фаҷеъ пухтатару мукаммалтар шудааст . Дар замони истиқлолият устод Гулназар китобҳои зиёдеро эҷод ва нашр намудааст , ки ҳар яке баёнгари руҳи ҳассоси замон, дарду армонҳои миллӣ ва талошҳои пайгиронаи ӯянд . “Ҳар мисраи шеър Тоҷикистони ман аст” (1997) ,“Фариштаи бомдод” (2000) ,  “Қадаҳи шабнам” (2001) ,  “Шуълаи барқади сӯзони малоҳат” (2002) , “Оинаи ташна” (2005) , “Фасли оғоз” (2005) ,  “Оғӯши саршор” (2011) ,  “Туву хубиву раъноӣ” (2010) “Дар чодари сафеди маҳтобӣ”(дар ду ҷилд, соли 2015) ва  “Лолаҳо дар ёлаҳо” (2017) аз ин ҷумлаанд. Тавре ки шоир ва адабиётшиноси чирадаст Абдураҳмон Абдуманнонов нақл кардааст, ӯ ва Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамиди Самад солҳои 1992-1997 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нахустин шунавандагони шеърҳои Гулназар буданд ва шоир ба ҷои нон ғизои сухан мехӯрд. 
Маҳз солҳои 90-уми қарни гузашта устод Гулназар бештар ба шеъри озод руҷуъ кардааст. Сурудани ашъори хусравониро андак пештар шуруъ намуда буд. Дар шеърҳои озоди ӯ маънову мақсуд возеҳ ифода ёфта, ҳар як таъбир бореро бар дӯш мекашад, таносуби калимаҳо қавианд. Масалан, дар “Шеъре озод дар рӯзи озодӣ” гуфтааст:
…Лек аз лабҳои парсинбастаи ту мекунад парвоз
Яшти наврӯзии озодӣ,
Яшти озодӣ муборак, Тоҷикистон!
Ҷомаи ту аз ҳарири бомдодон аст,
Шом бо дастони зулмонӣ нагирад домани оҳории ту;
Ҳар қадар дар хоки ту корем хори ғуссаву андуҳ,
Боз ҳам саркӯби гулҳои табассумҳои тифлон аст 
Рӯзи бемаргист имрӯз,
Ҷашни озодӣ муборак, Тоҷикистон!
Мотами дард аст имрӯз,
Давлати шодӣ муборак, Тоҷикистон!

Дар замони соҳибистиқлолӣ Гулназар барои кӯдакону наврасон низ асарҳои ҷолибу пурмуҳтаво эҷод намуд. Маҷмуаҳои “Об омаду об омад” (1991), “Девори сабз” (2002), “Борони бесаранҷом” (2004), “Гунҷишки наққош” (2007) ва “Дарёи кӯча” (2010) аз ҳамин қабиланд. 
Яке аз комёбиҳои эҷодии устод Гулназар он аст, ки шеъраш чун Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 1994) пазируфта шуд, шеъри дигараш суруди Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон (1996) гардид. Бар ивази заҳматҳои эҷодияш, ба гирифтани унвонҳои баланду чоизаҳо сазовор гашт. Асарҳояш ба чандин забонҳо тарҷума ва ба табъ расиданд. Ӯ низ биёр асарҳои хубро ба забони тоҷикӣ тарҷума кард, ки намунаҳои беҳтарини тарҷумаҳои замони моянд.

Равшани ҲАМРОҲ, номзади илмҳои филология,  
устоди кафедраи забон ва адабиёти ДДОТ ба номи С.Айнӣ

Комрон АҲМАДХОНОВ, омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти тоҷики факултети педагогика