22-юми феврал дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар паради ҳарбӣ ба ифтихори 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон иштирок намуданд.
Ба Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагии ҳайати шахсии қӯшунҳои гарнизони ҳарбии Душанбе барои гузашти паради низомӣ вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Собирзода Эмомалӣ гузориш дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо арзи салом ба ҳайати шахсӣ онҳоро бо ҷашни бошукӯҳи 32-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ табрик намуданд.
Қабл аз оғози паради ҳарбӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, доир ба ҳифзи дастовардҳои давлати соҳибистиқлол ва фазои орому осудаи ин кишвари биҳиштосо андешаҳои худро баён доштанд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳайати шахсии Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва иштирокдорони паради ҳарбӣ – афсарону сарбозонро самимона шодбош гуфтанд.
Баъди суханронии Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ паради ҳарбии хизматчиёни низомӣ баргузор шуд.
Таҷлили ҷашни муқаддас бо расми гузашти беш аз 10 ҳазор хизматчии ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, сохторҳои қудратӣ, ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, занону бонувони Артиши миллӣ ва ҳомиёни қонунияту тартибот дар фазои тантанавӣ ҳусни анҷом ёфт.
Фахри мардуми тоҷик аз он аст, ки Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сохтори муташаккилу неруманд, муназзаму муҷаҳҳаз ва ба яке аз рукнҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон мубаддал гардидааст.
Бо таваҷҷуҳ ва таҳти ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти тарбияи мутахассисони варзидаи низомӣ айни ҳол ҳайатҳои роҳбариву фармондеҳӣ ва қисми зиёди хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳро кадрҳои ватандӯст, соҳибтахассусу матинирода ташкил медиҳанд.
Қадамзании рустамонаи афсарону сарбозони Артиши миллӣ бори дигар собит мекунад, ки сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар омодаанд, бо нангу номуси ватандорӣ, худогоҳию хештаншиносӣ, садоқат, азму иродаи қавӣ манфиатҳои миллӣ ва хоки поку муқаддаси сарзамини аҷдодиро аз ҳар гуна хавфу хатар муҳофизат намоянд.