Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми феврали соли 2024 таъкид намуда буданд: “Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми кишварро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд. Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он мебошанд”.
Агар ба заминаҳои таъсис ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳ намоем, маълум мешавад, ки 18-уми декабри соли 1992 бо имзои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарори раёсати Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии ташкили Артиши миллиро фароҳам овард. Вале заминаи амалии он бо таъсиси Бригадаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуҷуд оварда шуд. Бригадаи таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5-уми декабри соли 1992 таъсис дода шуд, бо маҷмуи вазифаҳои бар зиммааш гузошташуда, нахустсохтори Артиши миллӣ, пешоҳанги мубориза бо қувваҳои зиддидавлатӣ ва гурӯҳҳои ғайриқонунӣ мусалаҳшуда ҳисоб мешавад.
23-юми феврали соли 1993 аз ҷумлаи ихтиёриёни Фронти халқии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҳимоятгарони низомии Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ташкил ёфта буданд, дар майдони марказии пойтахт – шаҳри Душанбе паради низомӣ баргузор гардид.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон" 28-уми декабри соли 1993, № 916 қабул гардид ва дар асоси он қӯшунҳои дохилӣ ба системаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Қӯшунҳои дохилӣ ҷиҳати таъмини амният ва манфиатҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи Қувваҳои Мусаллаҳро ташкил медиҳанд ва дар замони ҷанг ба ҳайати онон дохил мегарданд.
6-уми ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд ва дар моддаҳои 55 ва 69 он оид ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои дахлдор дарҷ гардиданд. Аз ҷумла, дар моддаи 55 додани ризоят ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон ҳамчун салоҳияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон ҳангоми гузарондани ҷаласаҳои якҷоя ва дар моддаи 69 ҳамчун салоҳияти Президент – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муқаррар гардида, ваколатҳо оид ба фармондеҳони қӯшунҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таъин ва озод намудан, барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро берун аз ҳудуди он бо ризоияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон истифода намудан дарҷ гардид.
Санади мукаммали ҳуқуқӣ оид ба Қувваҳои Мусаллаҳ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон" аз 14 декабри соли 1996, №316 мебошад, ки асосҳои ҳуқуқӣ, таъинот, вазифаҳо, ҳайат, принсипҳои ташкил ва фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро танзим менамояд. Мутобиқи Қонуни мазкур вазифаҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд: зада гардондани таҷовузи душман ва шикаст додани таҷовузкор; ҳифзи фазои ҳавоии давлат; муҳофизати мусаллаҳонаи сарҳади давлатӣ; ташкил ва пешбурди мудофиаи ҳудудӣ; иштирок дар зада гардондани таҷовузи мусаллаҳона ба давлати дигар ё иҷро намудани вазифаҳои сулҳоварона, ки аз уҳдадориҳои байналмилалӣ бармеоянд.
Роҳбарии умумии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон –Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ сурат мегирад. Роҳбарии бевоситаро ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, ба иҷрои вазифаҳое, ки тавассути қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳдаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудаанд, масъул мебошад.
Дар баробари санадҳои меъёрии ҳуқуқии зикршуда айни ҳол чунин санадҳо фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳро ба танзим медароранд: қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиаи гражданӣ", "Дар бораи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ", "Дар бораи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон".
Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, № 753 "Дар бораи рӯзҳои ид" 23-юми феврал ҳамчун Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ифтихору сарфарозӣ таҷлил карда мешавад ва дар ин рӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон афрохта мешавад, бо ташаббуси мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва коллективҳои меҳнатӣ чорабиниҳои ҷамъиятию сиёсӣ ташкил мешаванд. Парадҳои ҳарбӣ, салютҳои артиллерӣ ва мушакпарронӣ бо тартиби муқарраргардида гузаронда мешаванд.
Халқи тоҷик тули таҳаввулоти таърихии худ, баъд аз ҳазор сол, соҳиби Қувваҳои Мусаллаҳ гардид, ки асосгузори он Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва баҳри сулҳу суботи кишвар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои бо қонунгузорӣ ба зиммаашон вогузоршударо пурра ва ҳаматарафа иҷро менамоянд.
Дониёр САНГИНЗОДА, муовини директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ оид ба илм ва таълим, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор