Дар масири Ваҳдат – Душанбе 3 тан ҷавони хушлибос ба мошинам нишастанд. Дарҳол пай бурдам, ки донишҷӯ ҳастанд ва ғолибан ба дарс – сӯи донишгоҳ шитоб доранд. Ман сари чанбараки мошину онҳо саргарми суҳбат байни худ буданд. Аз ҳар боб байнашон радду бадал мешуд.
– Ман баробари хатми донишгоҳ аввал ба хизмати ҳарбӣ меравам, – гуфтани яке аз онҳо диққатамро ба суҳбат кашид. Гӯш ба ҳарфи донишҷӯён додам. Нафари дуюм ҳам муродаш ҳамин будааст. Каломашон бо ҷасорат ва муҳаббати хоси ватандорӣ садо медод, ки ғайриинтизор ҷолиб буд...
Ба ростӣ, солҳои охир ман зиёд шоҳиди ингуна тасмимгириҳои ҷавонон гаштам. Бахусус, вақте ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон омӯзгор шуда кор мекардам. Ҳанӯз аз хотирам намеравад, лаҳзае, ки як гурӯҳ хатмкунандагони факултети журналистика пас аз супурдани имтиҳонҳои хатми Донишгоҳ ихтиёрӣ ба хизмати Модар – Ватан рафтанд. Тасмими гирифтаи онҳо бисёре аз донишҷӯёнро ба ҳайрат гузошт. Онҳо байни худ мегуфтанд, ки наход дипломро гираму сӯи коргоҳе нарафта, ба сафи хизматчиёни ҳарбӣ пайвандам. Воқеан, он замон барои зумрае, ҳатто барои падару модаронашон, аҷиб менамуд. Инро ба зудӣ қабул карда наметавонистанд, зеро ҳанӯз андешаи саркашӣ аз хизмати ҳарбӣ мағзашонро мешуст. Аммо гузашти вақт нишон дод, ки он ҷавонони пешсаф гомҳои собиту устувор гузоштанд. Онҳо кори хатое накарданд, балки ҷавонони зиёдеро аз паси худ барои ҳимояи марзу буми Меҳан бурданд. Ҳоло ҳам бисёре аз онҳоро медонаму мешиносам, ки дар вазифаҳои гуногун бо сари баланд пайи коранд...
Воқеан, сол ба сол афзудани шумораи ихтиёриён ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ нишон аз беҳтар гардидани шароити моддию маишӣ дар қисмҳои ҳарбӣ, дуруст ба роҳ мондани корҳои ташвиқотӣ ва тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар зарфи 32 сол ҷузъу томҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ бо дастгирии пайвастаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба сохтори муташаккили ҳарбӣ табдил ёфт, ки ин амр дар доираи дастгириҳои давомноки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар муяссар гардид.
22-юми феврали соли 2024 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуда буданд: “Беш аз се даҳсола мешавад, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ якҷо бо ҳайати шахсии дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ истиқлолу озодии давлати тоҷикон, марзу буми Ватани аҷдодӣ, амнияту суботи мамлакат ва зиндагии осудаву ороми мардуми мамлакатро ҳамчун сипари боэътимод ҳимоя карда истодаанд”.
Воқеан, родмардону ҷавонони мо ба хотири оромиву суботи Ватан борҳо аз ҷони худ гузар кардаанд, ки давлат ва мардуми шарафманди тоҷик садоқату корнамоӣ ва номи неки онҳоро ҳамеша гиромӣ медоранд.
Шодмон АБДУРАҲИМ, “Ҷумҳурият”