Дар ҳаёти мардум барои огаҳӣ ёфтану дарҷ кардани рӯйдоду навигариҳо рӯзномаву маҷаллаҳо нақши меҳварӣ доранд. Ҳамин аст, ки маҷаллаву рӯзномаҳо, телевизиону радио, умуман, ВАО-ро оина ва рӯнамои зиндагии ҳаррӯзаи аҳли башар медонанд. Василаҳое, ки инсоният зиндагии хешро дар он инъикос мекунад, то бидонад, баррасӣ кунад, хулоса барорад, натиҷагирӣ намояд, хубро аз нохуб ҷудо карда, ба ояндагон бирасонад, ҳамчуноне ки Абдураҳмони Ҷомӣ фармудааст:
Сафҳаи даҳр бувад дафтари умри ҳама халқ,
Инчунин гуфт хирадманд чу андеша гумошт.
Хуррам он кас, ки дар дафтари умр аз ҳама ҳарф
Рақами хайр кашиду асари хайр ниҳод.
Рӯзномаи “Ҷумҳурият” сафҳаҳо, авроқ ва дафтар аз умри садсолаи мардуми тоҷик аст. Дар давоми сад сол ин нашрия рӯйдоду воқеоти ҳаёти халқи тоҷикро инъикос намудааст. Дар масири таърихи садсолаи худ ин рӯзнома барои халқи тоҷик ҳамчун оинаи рӯзгор воқеоту ҳодисот, бурду бохт, музаффарияту муваффақият, камбудиву норасоӣ, корнамоию қаҳрамониро инъикос намудааст. Нахуст, як назаре ба таърихи ин рӯзнома менамоем.
Шумораи нахустини нашрияи кунунии "Ҷумҳурият" 15 марти соли 1925 бо номи "Иди тоҷик" дар рӯзи эълони Ҷумҳурии мухтори Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба чоп расид. Ин рӯйдоди муҳими таърихӣ дар замоне сурат гирифт, ки Тоҷикистони ҷавон тоза таъсис ёфта буд ва шароити душвори сиёсиву иҷтимоии давра, аз ҷумла набудани воситаҳои кофии фарҳангӣ ва фишорҳои мухталиф ба забон ва фарҳанги миллӣ, рушди матбуоти миллӣ ва бедории маънавиро талаб мекард. Чопи нахустин шумора рамзи оғози бедории тоҷикон дар ҷодаи худшиносӣ ва истиқлоли фикрӣ буд. Ин рӯзнома барои Тоҷикистон, ки ҳамон замон ба тозагӣ таъсис ёфта буд ва барои миллати мутамаддини тоҷик, ки дар шароити душвори замон зиндагӣ мекард, воқеан, як мубаллиғи оғози нав гардид. Боиси таассуф аст, ки шумораи аввалин, ки бо номи «Иди тоҷик» нашр шудааст, то ҳол пайдо нест.
Аз апрели соли 1925 рӯзномаи мазкур бо номи «Бедории тоҷик» ҳамчун «ношири афкори бюрои ташкилоти фирқаи иштирокиюн, кумитаи инқилобӣ ва бюрои ташкилоти иттифоқи касабаҳои марказии Тоҷикистон» интишор ёфт. Мутаассифона, бастаи рӯзнома дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон хеле номукаммал мебошад. Дар ин макон танҳо шумораи 24-ум, аз 28 декабри 1925 дастрас шуд. Ҳамин тавр, аз соли 1925 як шумора, аз соли 1926 ду шумора, аз соли 1927 ҳафт шумора ва аз соли 1928 дувоздаҳ шумора қобили дарёфт аст.
Ҳадаф ва мароми рӯзнома аз шумораи дуюм, ки бо номи "Бедории тоҷик" чоп шуд, бештар возеҳ гардид. Ин ном рамзи эҳёи худшиносии миллӣ ва бедории маънавии мардум арзёбӣ мешуд, ки ба шароити давра комилан мувофиқ буд. Дар он замон тоҷикон пас аз солҳои зиёди ноамниҳои сиёсӣ ва маҳдудиятҳои фарҳангӣ, ба худшиносӣ ва бедории сиёсӣ ниёз доштанд. Номи "Бедории тоҷик" ин эҳсосотро таҷассум намуда, мардумро барои эҳёи арзишҳои миллӣ ва фарҳангӣ ташвиқ мекард. "Бедории тоҷик" ба ин рисолати бузург рӯ овард ва дар заминаи эҷоди худшиносии миллӣ нақши муассир гузошт.
Бо назардошти вазъи сиёсии давра ва талаботи замон, рӯзнома чанд бор номи худро тағйир дод, то ки мувофиқ ба шароити замон ва манофеи миллӣ бошад. Аз шумораи №183 (18473), аз 19-уми сентябри соли 1991 бори нахуст рӯзнома бо номи “Ҷумҳурият” интишор гардид. Дар саҳифаи якум зери номи рӯзнома маълумоти муҳим вобаста ба номҳои нашрия дар дарозои таърих дарҷ шудааст: “Ин рӯзнома бори аввал 18 марти соли 1925 дар рӯзи Иди Наврӯз бо номи “Иди тоҷик” баромада, сипас, вобаста ба авзои сиёсии ҷумҳурӣ бо номҳои “Бедории тоҷик”, “Тоҷикистони сурх”, “Тоҷикистони советӣ”, “Тоҷикистони шуравӣ” ва аз 19 сентябри соли 1991 бо номи “Ҷумҳурият” барои хонандагони тоҷикзабон нашр мешавад”. Дар ин иқтибос нуктаи баҳсталаб ин аст, ки ҳайати эҷодии ҳамон давра нашри шумораи нахустини онро 18 марти соли 1925 нигоштаанд, ҳол он ки дар мақолаҳое, ки дар чанд соли охир дар хусуси таърихи ин рӯзнома дар матбуоти даврии кишвар ва ҳатто, худи “Ҷумҳурият” нашр мешаванд, санаи аввалини шумора 15-уми марти соли 1925 таъкид мегардад. Чуноне ки гуфтем, шояд омили аслии ихтилоф дар санаи нашри шумораи якум набудани ҳамон шумора бо номи “Иди тоҷик” бошад. Ковишҳо ва пажӯҳишҳоро дар ин ҷода мебояд вусъат бахшид, ки вазифаи муҳаққиқони соҳа мебошад.
Дар шумораи якуме, ки бо номи “Ҷумҳурият” чоп гардидааст, дар поёни ном бо ҳарфҳои барҷаста “Рӯзномаи ваҳдати миллӣ ва ниёзмандиҳои заҳматкашони Тоҷикистон” навишта шудааст.
Дар ин мақола тасмим гирифтем, ки ба ифтихори 100-солагии рӯзномаи “Ҷумҳурият” шуруъ аз шуморае, ки бори нахуст бо номи “Ҷумҳурият” чоп шуд, нақши рӯзномаро дар бедории шуури миллӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиш қарор бидиҳем. Лозим ба тазаккур аст, ки нашрия то моҳи январи соли 1994 ҳамчун “Рӯзномаи ваҳдати миллӣ ва ниёзмандиҳои заҳматкашони Тоҷикистон” интишор гардида, аз январи ҳамин сол то моҳи апрели соли 1994 ба ҳайси “Нашрияи Шурои вазирони Тоҷикистон ва ҳайати эҷодии рӯзномаи “Ҷумҳурият”” фаъолият кардааст. Аз шумораи №25 (18894), аз 9-уми апрели соли 1994 муассиси рӯзнома Шурои Олӣ ва Шурои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегардад. 1-уми январи соли 1996 бо касби мақоми нашрияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сармуҳаррири рӯзнома Шоҳмузаффар Ёдгорӣ таъин мешавад.
Ҳамчуноне ки зикр гардид, яке аз омилҳои асосии бедории шуури миллӣ дар оғози истиқлоли давлатӣ матбуот буд. Нашрияҳо, рӯзномаҳо ва маҷаллаҳои он замон минбари муҳими ифодаи андешаҳои миллӣ ва фарҳангӣ гардиданд. Матбуот бо интишори мақолаҳо, гузоришҳо ва мусоҳибаҳо дар мавриди таърихи миллат, забони тоҷикӣ ва арзишҳои фарҳангӣ ба бедории афкори ҷамъиятӣ мусоидат мекард. Нашрияҳои гуногун дар ташвиқи худшиносӣ ва рӯшан кардани мушкилоти иҷтимоӣ нақши муҳим бозиданд. Инчунин, матбуот ҳамчун воситаи асосии паҳн кардани иттилоот дар бораи ҷараёни истиқлоли давлатӣ, қонунгузориҳои нав ва ташаккули давлатдории миллӣ амал мекард. Нашрияҳо ба мардум имконият доданд, ки аз воқеаҳои муҳими сиёсӣ ва фарҳангӣ бохабар бошанд ва дар раванди ташаккули ҳувияти миллӣ саҳм гузоранд.
Мақолаҳои нашршудаи “Ҷумҳурият” дар давраи аввали соҳибистиқлолӣ масъалаҳои муҳимеро фарогир буданд, ки барои бедории миллӣ аҳамияти бузург доштанд. Мавзуъҳои иртиботманд ба бедории шуури миллии рӯзномаро ба шаш қисмат метавон тақсимбандӣ кард:
1. Истиқлоли давлатӣ; 2. Забони тоҷикӣ; 3. Фарҳанги миллӣ; 4. Ваҳдати миллӣ; 5. Мубориза бо мушкилоти иҷтимоӣ; 6. Маориф ва ҷавонон.
Истиқлоли давлатӣ пурарзиштарин дастоварди давлату давлатдории тоҷикон дар асри XX ба шумор меравад. Истиқлол шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист. Маҳз бо назардошти ҳамин нуктаи муҳим мавзуи истиқлоли давлатӣ дар меҳвари мақолаҳои рӯзномаи “Ҷумҳурият” қарор мегирад.
Мазмун ва муҳтавои мақолаҳои марбут ба истиқлоли давлатӣ бештар даъват ба муттаҳидӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, пойдории суботи сартосарӣ, бунёди давлати комилан соҳибистиқлол ва миллӣ мебошад. Дар мақолаҳо аз ҷомеаи тоҷик дархост гардида, ки бояд аз дасисаҳои иғвогарон асабӣ нашуда, бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардона истиқлолияти худро дифоъ кунанд. Бо таҳлили вазъи минтақа – собиқ мамолики шуравӣ аҳамият ва моҳияти истиқлоли давлатиро таъкид бинмуда, ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кардани онро зарур ва муҳим бидонанд.
Яке аз мавзуъҳои марбут ба истиқлол баррасӣ ва қабули Суруди миллӣ маҳсуб меёбад. Рӯзномаи “Ҷумҳурият” шеърҳои ба озмуни интихоби Суруди миллӣ пешниҳодшударо нашр карда, ҳамзамон, дар ин мавзуъ силсилаи мақолаҳо – мулоҳизоти ҷомеаро ба табъ расондааст.
Ниҳоят, дар шумораи №52 (18.923), аз 01.10.1994 “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Суруди давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” нашр мегардад. Дар зери ин навиштаҷот қарори Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табъ расидааст. Дар қисмати болоии саҳифа, қабл аз Қонуни мазкур матни Суруди миллӣ пурра бо ҳуруфи барҷаста, бо фосилаи зиёди миёни сатрҳо инъикос гардидааст.
Рӯзнома тавассути мақолаҳои таҳлилӣ ва таҳқиқотии худ, на танҳо дастовардҳои истиқлоли давлатиро инъикос намуда, балки барои таблиғу ташвиқи сиёсати миллии давлатӣ, ки ба таҳкими истиқлол равона шудаанд, саҳми назаррас гузоштааст. Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик на танҳо арзиши олӣ, балки заминаи асосии рушд ва шукуфоии кишвар аст. "Ҷумҳурият" бо равшангарӣ ва ташаккули афкори миллӣ ҷомеаро ба ҳифзи ин дастоварди бузург ташвиқ мекунад ва ҳамчун минбари иттиҳод, пешрафт ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ хидмат менамояд. Ин иқдом боз ҳам нуфузи рӯзномаро афзуд ва нақши онро дар таблиғу татбиқи сиёсати дохиливу хориҷии давлат густариш дод.
Муҳтавои бисёре аз мақолаҳо хонандагонро ба дарки масъулияти ҳар як шаҳрванди кишвар барои ҳифзи истиқлоли давлатӣ даъват менамояд.
Забони тоҷикӣ яке аз мавзуъҳои асосӣ ва меҳварии рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар оғози солҳои истиқлоли давлатӣ мебошад.
Таҳлили мақолаҳои марбут ба забони тоҷикӣ далел бар онанд, ки рӯзномаи "Ҷумҳурият" бо таваҷҷуҳ ба забони тоҷикӣ, ҳамчун василаи бузурги эҳёи забон ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ хидмат кардааст. Забони тоҷикӣ, ки ҳамчун рукни асосии худшиносии миллӣ шинохта мешавад, дар саҳифаҳои ин рӯзнома мавқеи шоиста дорад. Инъикоси пайвастаи мавзуоти иртиботманд ба забони тоҷикӣ, аз ҷумла бузургдошти он ҳамчун забони давлатӣ, таваҷҷуҳи махсуси "Ҷумҳурият" ба ҳифз ва таҳкими ин мероси гаронбаҳоро нишон медиҳад. Рӯзнома барои боло бурдани мақоми забони тоҷикӣ ва таблиғи он ҳамчун рамзи ваҳдат ва фарҳанги миллӣ нақши муассир бозидааст.
"Ҷумҳурият" дар эҳё ва арҷгузории фарҳанги миллӣ нақши меҳварӣ дорад. Тавассути мақолаҳо ва таҳқиқоти худ ба густариши арзишҳои фарҳангӣ, ташвиқи ҳунарҳои миллӣ ва муаррифии мероси гаронбаҳои миллӣ мусоидат мекунад. Рӯзнома ҳамеша бар он талош дорад, ки насли ҷавонро бо арзиши фарҳанги миллӣ ошно намояд, илҳомбахши эҳёи ҳунарҳои мардумӣ гардад ва барои ҳифз ва инкишофи он замина фароҳам оварад. Ин нашрия фарҳанги миллиро ҳамчун рукни асосии худшиносии миллӣ ва пешрафти ҷомеа ташвиқ мекунад ва дар ин замина, бо баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва ҳамкории фаъол бо муассисаҳои илмӣ саҳми худро мегузорад. Дар рӯзнома ҳанӯз аз замони оғози истиқлоли давлатӣ рубрикаи махсус бо номи “Рӯйдодҳои фарҳангӣ” нашр мешудааст.
Яке аз мавзуъҳои асосӣ, ки аз бедории шуури миллӣ дарак медиҳаду ҳамзамон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллиро тарғиб менамояд, интишори мақолаҳо, шеърҳо ва хабару гузоришҳо дар мавзуи Наврӯз мебошад. “Ҷумҳурият” василаи воқеии эҳёи Наврӯз барои мардум гашт. Бо вуҷуди дар марҳалаи бисёр вазнину ҳассос қарор доштани мардум бо мақсади аз вартаи яъсу ноумедӣ баровардани мардум ва умед бастан ба ояндаи неки пур аз шодию фараҳ рӯзнома мақолаву гузоришҳо чоп менамуд.
Кунун Офтоб аз паси абрҳои сиёҳ берун омада ва анҷумани мардуми тоҷики аз табори ориё дар истиқболаш саф задаанд. Барои халқи тоҷик ҷойи ифтихор аст, ки Наврӯз ҷашни давлативу миллии Тоҷикистон гардида, то ҷаҳонӣ гаштан он минбаъд низ рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз иқдому ташаббусу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хонандагон пайку навид дод ва бисёр суннатҳои деринаи он аз нав зинда гаштанд. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар сол ҷашнвораҳои хотирмону зебо баргузор мегарданд.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият" дар давраҳои ҳассоси таърихӣ, аз ҷумла солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ, бо нашри маводҳои тарғиботӣ ва таҳлилӣ барои иттиҳоди миллӣ талош намуд. Тавассути мақолаҳои худ ҳамкорию якдигарфаҳмиро ташвиқ карда, нақши калидӣ дар ташаккули руҳияи ваҳдати миллӣ бозид. Рӯзнома ҳамеша барои ба вуҷуд овардани эътимод миёни мардум ва Ҳукумати кишвар хизмат карда, ваҳдати миллиро ҳамчун асоси сулҳу субот муаррифӣ намудааст. Бо нашри мақолаҳо ва таҳлилҳои амиқ, "Ҷумҳурият" ҳамеша дар роҳи ислоҳи мушкилоти иҷтимоӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи мақомот ба масоили муҳими ҷомеа пешсаф аст. Масоили вазъи тандурустӣ, муҳити зист ва ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ дар саҳифаҳои он пайваста инъикос ёфтаанд. Ин рӯзнома, ҳамчунин, бо нашри пешниҳодҳо ва мусоҳибаҳо барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ нақши роҳнамоӣ бозидааст.
Рӯзномаи "Ҷумҳурият" барои тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносии миллӣ ва ватандӯстӣ талош мекунад. Мақолаҳои он оид ба дастгирии ислоҳоти соҳаи маориф, боло бурдани сифати таълим ва таҳкими нақши ҷавонон дар рушди ҷомеа аҳамияти калон доранд. Рӯзнома, ҳамчунин, тавассути саҳифаҳои худ ҷавононро барои омӯхтани илму дониш, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ, технологияҳои нави иттилоотӣ ва иштирок дар ҳаёти ҷамъиятӣ ташвиқ менамояд.
Бедории миллии тоҷикон дар оғози давраи истиқлоли давлатӣ як марҳалаи муҳим ва таърихист, ки ба ташаккули худшиносӣ, эҳёи фарҳанг ва забон, инчунин, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ мусоидат кард. Ин давра на танҳо як эҳёи ҳувияти миллии гузаштаро дар бар мегирад, балки оғози як марҳалаи нави рушд ва созандагии миллатро низ нишон медиҳад. Ҳарчанд мушкилоту монеаҳои зиёд вуҷуд доштанд, руҳи миллӣ ва ифтихори тоҷикон бо сарварию роҳнамоии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар барқарории сулҳу суботи сартосарии кишвар нақши ҳалкунанда бозад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар давоми сад соли фаъолияти худ ҳамчун сутуни бедории миллӣ хидмат карда, барои таҳкими ҳувияти миллӣ ва худшиносии мардум саҳми арзанда гузоштааст. Ин нашрия на танҳо таърихи миллатро инъикос мекунад, балки ҳамчун раҳнамои зеҳнӣ ва маънавии ҷомеа хизмат менамояд. Бедории миллӣ ҳамчун ҷавҳари аслии фаъолияти он боқӣ монда, итминони комил дорем, ки бо шиори
Нест ҷуз қомуси миллат дар рафи ҳастии мо,
Парчами номус бошад дар кафи ҳастии мо
дар оянда низ бо ҳамин неру идома хоҳад ёфт.
Жило ГУЛНАЗАРЗОДА,
ректори Донишгоҳи байналмилалии
забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, доктори илмҳои филология, профессор