Дар шаҳри Бангкоки Шоҳигарии Тайиланд дар ҷаласаи Гурӯҳи корӣ оид ба баррасии лоиҳаҳои қатънома, дар ҳамкорӣ бо раёсати созмонҳои байналмилалии Вазорати корҳои хориҷӣ ва Намояндагии доимии Тоҷикистон дар СММ, лоиҳаи қатъномаи Тоҷикистон таҳти унвони «Тақвияти ҳамкорӣ дар бахши тағйирёбии иқлим ва иртиботи обӣ барои рушди устувор дар Осиё ва уқёнуси Ором» муаррифӣ гашт.
Вазорати корҳои хориҷӣ хабар медиҳад, ки намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ барои Осиё ва уқёнуси Ором (UNESCAP) зимни муаррифии ташаббуси мамлакат доир ба нуфуз ва нақши Тоҷикистон ҳамчун давлати пешоҳанг ва таъсиргузор дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии марбут ба обу иқлим оид ба аҳамияти лоиҳаи қатъномаи пешбаришаванда дар таҳкими робитаҳои кишварҳои аъзои UNESCAP сухан гуфт.
Тақвияти муносибатҳои тиҷоратии Тоҷикистон ва Покистон
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Покистон дар самти содирот ва дарёфти роҳҳои тавсеаи муносибатҳои тиҷоратӣ дар мулоқоти директори Агентии содирот Баҳриддин Сироҷиддинзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Саид Сарвар баррасӣ шуд.
Тавре маркази матбуоти Агентии содирот хабар медиҳад, зимни вохӯрӣ иброз гардид, ки соли 2024 гардиши савдои хориҷӣ байни ду давлат 58 миллион доллари ИМА-ро ташкил дод ва ин нисбат ба соли 2023-юм 10,1 фоиз зиёд мебошад.
ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН
Таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ мувофиқа гардид
Масъалаҳои марбут ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи истеҳсолӣ ва таъсиси корхонаи муштараки саноатӣ дар Тоҷикистон зимни мулоқоти сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо директори генералии корхонаи шишабарории «Кварс»-и вилояти Фарғона Акмалҷон Бӯриев баррасӣ шуданд.
АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳар ду ҷониб ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муқаддимотиро дар шаҳри Душанбе ба анҷом расонда, ба бунёди корхонаи муштарак иқдом гиранд.
Раванди татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария Шараф Шерализода бо муовини Дабири кулли Созмони ҷаҳонии метеорологӣ (СҶМ СММ) Ко Барретт вохӯрд.
Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар медиҳад, ки зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист мубодилаи афкор намуда, раванди татбиқи қатъномаи СММ оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025 ва тадорукот ба Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро матраҳ намуданд.