Дар вилояти Суғд ҷиҳати фаровонии бозори истеъмолӣ ва тамоми фасли сол таъмин кардани аҳолӣ бо нони дувум – картошка тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Дар давраҳои пеш ҳам парвариши картошкаи барвақтӣ дар бисёр деҳоти кишвар ба мушоҳида мерасид, аммо дар майдони хеле маҳдуд ва он ҳам дар рустоҳои кӯҳистон амалӣ мегашт.
Инак, дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, дар баробари шаҳру навоҳии кӯҳистон – Панҷакент, Истаравшан, Шаҳристон, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Деваштич дар дигар навоҳӣ ҳам бо назардошти талаботи зиёд ба ин маҳсулот кишти барвақтии картошка ба роҳ монда шуда, солҳои охир ҳосили фаровон ҳам мегиранд. Тибқи талаботи агротехникӣ ҷараёни кишти барвақтии картошка аз моҳи феврал шуруъ шуда, то нимаҳои март идома меёбад. Ва, аллакай, охири моҳи май то нимаи моҳи июн ҳосили картошка омода ва ба бозорҳои шаҳру навоҳӣ ворид мегардад.
– Дар ноҳияи Спитамен 10-15 сол мешавад, ки кишти барвақтии картошка гузаронда мешавад, – мегӯяд Шӯҳрат Абдувалиев, раиси Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, – ва хушбахтона, таҷриба нишон дод, ки дар иқлими ин ҷо низ ҳосили фаровон рӯёнда мешавад. Аз ин хотир, теъдоди хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки рӯ ба парвариши картошкаи барвақтӣ овардаанд, меафзояд. Хоҷагии деҳқонии “Фотима” аз ҷумлаи ҳамин хоҷагиҳост, ки солҳои охир дар майдони 0,60 га картошкаи барвақтӣ кишт намуда, 300-350 сентнер ҳосил мерӯёнад. Раиси хоҷагӣ Ислом Баротбоев изҳори қаноатмандӣ дорад, ки картошкапарварӣ барои аҳли оила манфиати хуби иқтисодӣ мебахшаду осудагии рӯзгорашонро таъмин месозад. Хоҷагӣ нақша дорад, ки майдони кишти барвақтии картошкаро имсол 0,10 га зиёд кунад. Ӯ мегӯяд, сокинони деҳаи мо қариб, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ намераванд ва ризқу рӯзии худро аз замин меёбанд.
Бино ба иттилои Абдуазиз Маҳмудзода, муовини сардори раёсати идораи кишоварзии вилоят, ҳоли ҳозир кишти барвақтии картошка дар навоҳии Спитамен, Ҷаббор Расулов, Бобоҷон Ғафуров, Ашт, Зафаробод вусъат пайдо карда, бо гармшавии ҳаво дар Панҷакенту Истаравшан ва Деваштич низ идома меёбад. Дар мавсими имсола майдони кишти барвақтии картошка то ба 1 ҳазору 205 гектар расонда мешавад, ки нисбат ба соли қаблӣ зиёд аст.
Ҷовиди АШТӢ, “Ҷумҳурият”
НОҲИЯИ АЙНӢ. БАРРАСИИ МАСОИЛИ КИШОВАРЗӢ БО ҲУЗУРИ МУОВИНИ САРВАЗИРИ МАМЛАКАТ
Дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ 19-уми феврал таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода оид ба масъалаҳои омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, бахусус картошка ва миқдори зарурии захираи тухмӣ, ҷаласа баргузор гардид.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, вазири кишоварзӣ Қурбон Ҳакимзода, раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода, раиси Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Муҳаммадсаид Файзуллозода, директори Агентии хоҷагии ҷангал Абдуҷаббор Юсуфзода, директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ Зафарбек Давлатзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Мирзовалӣ Сафармаҳмадзода, президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода, муовини раиси вилояти Суғд Файзулло Қосимӣ, раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, масъулони соҳаи кишоварзӣ, кумитаи идораи замин, идораи хоҷагии об ва дигар шахсони дахлдори соҳаи кишоварзӣ дар ноҳия ширкат варзиданд.
Дар ҷаласа масъалаҳои омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, бахусус миқдори зарурии захираи тухмӣ, нақшаи бунёди боғҳои нав ва барқароркунии боғҳои куҳна, бунёди заминҳои нави корам, ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида ва дигар масъалаҳои ба рушди соҳаи кишоварзӣ вобаста мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зикр гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба масъалаҳои ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат, истифодаи оқилонаи ҳар ваҷаб замин, гирифтани се-чор ҳосил дар як сол, афзоиши майдони кишти зироати таъиноти ғизоӣ, ҷамъоварии беталафи ҳосил ва таъмини муттасили бозори дохилӣ бо маводи озуқаворӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Раиси ноҳияи Айнӣ Рӯзибой Раҳимзода зимни баромади худ гуфт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ фаъолиятро дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ бо назардошти ҳама барномаву нақшаҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон матраҳшуда ба роҳ монда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар рушду нумую пойдорӣ ва бо ин восита ба таъмини амнияти озуқавории кишвар саҳми муносиб гузорад.
Дар зимн, ҳайати намояндагони болозикр аз омодагии пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими обтаъминкунӣ дар баҳори соли 2025 боздид намуданд.
Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ ба «Ҷумҳурият» хабар доданд.
Иброҳими САЙФУЛЛО, «Ҷумҳурият»
ХАТЛОН. ШИНОСОИИ РАИСИ ВИЛОЯТ БО ҶАРАЁНИ КОРҲО ДАР НОҲИЯИ АБДУРАҲМОНИ ҶОМӢ
18-уми феврал раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни сафари корӣ ба ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар деҳоти Яккатут дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Дар ин ҷо 300 бех дарахти сояафкани ороишӣ ва 200 бех ниҳоли тут шинонда шуд. Раиси вилоят ба масъулини ҳифзи муҳити зист дастур дод, ки дар нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо диққати махсус дода, аз хушкшавӣ пешгирӣ намоянд.
Бояд зикр намуд, ки дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон то имрӯз беш аз 500 ҳазор бех дарахти ороишиву сояафкан шинонда шудааст, ки 100 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.
Зимнан, раиси вилоят аз самаранок истифодабарии замин дар гармхонаҳои хоҷагии деҳқонии «Яхакпаст», ки ба парвариши қулфинай машғуланд, боздид намуд. Тибқи маълумот, дар хоҷагӣ 52 гармхонаи 7 метр паҳноӣ ва 40 метр дарозидошта мавҷуд аст.
Ба иттилои деҳқонон, соли равон истеҳсоли қулфинай нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст. Давлаталӣ Саид барои густариши фаъолияти минбаъдаву афзоиши истеҳсоли маҳсулот дар гармхона ба масъулин дастуру маслиҳатҳои муфид дод.
Сипас, раиси вилоят дар деҳаи ба номи Нусратулло Махсуми деҳоти Вахшон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои фермаи парвариши паранда шинос шуд. Масоҳати умумии зери сохтмони иншоот 960 метри мураббаъро ташкил медиҳад, ки дар ин замина корҳои сохтмонӣ, чароғонкунӣ, ниҳолшинонӣ, гулу гулбуттаҳо ва шинондани ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ ҷиҳати ободу зебо гардондани муҳити атроф дар доираи нақша идома дорад.
Аснои шиносоӣ Давлаталӣ Саид ба соҳибкор барои саҳми арзанда гузоштан дар ободии диёр изҳори сипос намуда, иброз дошт, ки Ҳукумати мамлакат барои бунёди коргоҳу корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти парҳезӣ ва рушди соҳаи парандапарварию моҳипарварӣ шароити лозимаро фароҳам овардааст, дар ин росто танҳо масъулияти баланд ва ҳисси ватандӯстию хештаншиносӣ метавонад дар самти ба даст омадани муваффақиятҳои баланд замина гузорад.
Дар идомаи сафар раиси вилоят дар Ҷамоати шаҳраки Ҷомӣ бо омодагии техникаи кишоварзӣ барои оғози киштукори баҳорӣ шинос шуда, бо хоҷагидорон суҳбат намуда, оид ба бандубасти мошинҳои кишоварзӣ, ҷобаҷогузории дурусти қисмҳо ва пунбашинонаку тухмипошакҳо маслиҳатҳои муфид дод.
Ба механизаторон, хоҷагидорон ва масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дода шуд, ки то оғози киштукор техникаи заруриро тибқи қоидаҳои агротехникӣ ба кор омада созанд.
Сипас, Давлаталӣ Саид бо рафти корҳои азнавсозӣ ва лоиҳаи ангоравии иншооти варзишгоҳи марказии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки барои 10 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, шинос гардид.
Иншооти варзишӣ дар масоҳати наздики 21 ҳазор метри мураббаъ сохта шуда, ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ хоҳад буд.
Варзишгоҳи мазкур ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ тибқи фармоиши Муассисаи давлатии “Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ”-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд хоҳад шуд.
Раиси вилоят масъулинро ба анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ ҳидоят намуд.
Зокир ҲАСАН,
"Ҷумҳурият"