Имрӯзҳо бо афзоиши тамбашавии нақлиёт ва кӯшиши ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳ, чанде аз роҳҳои пиёдагарди пойтахт баста шуданд. Аз ҷумла, баъзе аз роҳҳои пиёдагарди назди маркази савдои “Гулистон”. Ин иқдом, албатта, ба хотири кам намудани тамбашавӣ ва таъмини равуои мардум ба роҳравҳои зеризаминӣ аст. Метавон гуфт, ки ин амал тавонистааст то андозае ҷараёни ҳаракати нақлиётро ба танзим дарорад. Аммо масъалаи мавриди назар он аст, ки оё роҳравҳои зеризаминӣ ба талаботи бехатариву гигиенӣ ҷавобгӯянд?
Аввалин мушкиле, ки ҳангоми ворид шудан ба аксари зерроҳравҳои пойтахт ба мушоҳида мерасад, шароити ғайрисанитарии онҳо мебошад. Деворҳои намкашида, фаршҳои ифлос ва бӯи ғализи нохушоянд, ки ҳангоми гузаштан аз ин роҳҳо эҳсос мешавад, барои пиёдагардон на танҳо нороҳатии зиёдро эҷод месозад, балки ба саломатии онҳо низ таъсири манфӣ мерасонад. Илова бар ин, ҳолати техникии зерроҳравҳо низ нигаронкунанда аст. Зинапояҳои фарсуда ва лағжанда, ки борҳо боиси афтидан ва ҷароҳат бардоштани шаҳрвандон шудаанд, ҳангоми боришоти шадид ё дар фасли зимистон, хатари осеб диданро боз ҳам бештар мегардонанд.
Яке аз мушкилоти дигари ҷиддии зерроҳравҳо набудани шароит барои гузариши гурӯҳҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Шахсони дорои маъюбият ва пиронсолон наметавонанд аз ин роҳҳо истифода баранд, зеро аксарияти онҳо пандус (ҷойи махсус барои ҳаракати аробачаи маъюбӣ) ва дигар инфрасохтори заруриро надоранд. Пиёдагардон, ки бояд аз ин роҳҳо истифода кунанд, ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ мешаванд. Ин вазъият дар якчанд зерроҳравҳои пойтахт, аз ҷумла дар роҳи зеризаминии назди ҶДММ “Нассоҷии тоҷик” низ, ба мушоҳида расид. Пас, суоле ба миён меояд, ки чӣ гуна ин зерроҳравҳо метавонанд ҳамчун роҳи бехатар барои пиёдагардон хидмат кунанд, дар ҳоле ки худ ба манбаи хатар табдил ёфтаанд? Ё чаро масъулин пеш аз бастани роҳҳои рӯизаминӣ вазъи зерроҳравҳоро ба назар намегиранд?
Барои ҳалли ин мушкилот, бояд чораҳои зарурӣ андешида шаванд. Пеш аз ҳама, тозаву озода нигоҳ доштани зерроҳравҳо ва таъмини онҳо бо рӯшноӣ зарур аст. Илова бар ин, бояд зинапояҳои фарсуда таъмир ва пандусҳо барои шахсони дорои маъюбият насб ё аз нав карда шаванд. Дар акси ҳол, чунин ҳолат на танҳо мушкилоти нақлиётро ҳал намекунад, балки боиси нороҳатии шаҳрвандон ва эҷоди мушкилоти бештар мегардад.
Руҳафзо МУРОДОВА, «Ҷумҳурият»