Тибқи иттилои Хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ҳудуди вилоят беш аз 12 ҳазор иншоот мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Ободу зебо гардондани соҳили Сирдарё, ифтитоҳи корхонаҳои наву оғози сохтмони кӯдакистону мактабҳо аз ҳазорон чанд мисолеанд дар ин бобат.
ИСФАРА
Инфрасохтори деҳот рушд мекунад
Дар Исфараи бостонӣ ба истиқболи Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ омодагии ҷиддӣ мегиранд. Аз ҷумла, дар деҳоти Чоркӯҳи шаҳр корҳои созандагиву ободонӣ вусъат пайдо кардаанд. Бо бунёди марказҳои хизматрасониву дандонпизишкӣ, кӯдакистону гармхона ва дигар иншооти зарурӣ даҳҳо сокини деҳа бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегардад. Чун дигар соҳибкорони ватандӯст, сокинони бонангу номуси Чоркӯҳ низ пайи ободонӣ камари ҳиммат баста, айни замон бо ташаббуси онҳо бунёди майдони Парчами давлатӣ дар масоҳати 0,20 гектар ҷараён дорад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни шиносоӣ бо рафти корҳои созандагӣ ба масъулон супориш дод, ки барои бо сифати баланд ва дар муҳлати пешбинишуда анҷом ёфтани сохтмони иншооти ҷашнӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Сипас, раиси вилоят бо сохтмони бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №79 санги асос гузошт, ки аз ҷониби соҳибкор Асфиёхуҷа Маҳмудов барои 240 хонанда дар ду баст бунёд мегардад.
КОНИБОДОМ
Се кӯдакистон дари худро ба рӯйи 600 нафар боз хоҳад кард
Дар шаҳри Конибодом бошад, барои бунёди кӯдакистонҳо тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Чанде пеш бо иштироки раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар деҳаҳои Сомониён, Равот ва Ғалчамулло барои сохтмони се кӯдакистон санги асос гузошта шуд. Ин муассисаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва сокинону соҳибкорон бунёд ёфта, қариб 600 кӯдакро ба таълиму тарбия фаро мегиранд.
Тибқи иттилоъ, ҳоло дар шаҳр 22 кӯдакистон фаъолият дошта, 4400 нафарро ба оғӯш гирифтааст.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинон аз дастури Сарвари давлат ҷиҳати дар ҳар як маҳалли аҳолинишин бунёд намудани як муассисаи томактабӣ ёдовар шуда, гуфт, ки барои иҷрои ин супориш тамоми имкониятҳо истифода хоҳанд шуд.
ГУЛИСТОН
Корхонаи коркарди партов бунёд мешавад
Дар шаҳраки Консойи шаҳри Гулистон бошад, бунёди корхонаи коркарди партовҳои истеҳсолии корхонаи муштараки “Апрелевка” ҷараён дорад. Иқтидори истеҳсолии корхонаи нав коркарди то 100 тонна партов дар як шабонарӯз буда, дар он беш аз 150 нафар бо ҷойи кор таъмин мешавад.
Корхонаи муштараки “Апрелевка” аз иншооти азими саноатии вилоят ба ҳисоб рафта, ба истихроҷи маъдан машғул аст ва коркарди партовҳои он бо истифода аз технологияи муосир ва харҷи кам боз имкон медиҳад, ки истеҳсоли тиллову нуқра ба роҳ монда шавад.
Ширкат азм дорад, ки ҳамкориро бо шарикон тақвият бахшида, бо истифода аз таҷрибаҳои пешрафта дар рушди саноати куҳӣ-металлургӣ саҳм гузорад.
ИСТИҚЛОЛ
Саҳми соҳибкорон дар татбиқи ҳадафи чорум назаррас аст
Барои саҳмгузорӣ дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат – саноатикунонии босуръат дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби ҶДММ «Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой» корхонаи нави металлургӣ қомат меафрозад, ки он беш аз 200 нафарро бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин менамояд.
Корхона бо харҷи 50 миллион доллар бунёд гардида, дар он мис, сурб, нуқра коркард мешаванд. Ҳамзамон, дар шаҳр бунёди корхонаи истихроҷ ва коркарди оҳаксанги ҶДММ «Оҳаки Истиқлол» идома дошта, бо мавриди истифода қарор гирифтани он низ то 200 нафар соҳиби ҷойи кор мегардад.
Масоҳати корхона 55 000 метри мураббаъ буда, ба маблағи 55 миллион сомонӣ қомат меафрозад ва дар як сол 100 ҳазор тонна оҳаксангро коркард мекунад. Маҳсулоти истеҳсолшуда пурра ба содирот нигаронда хоҳад шуд.
Корхонаи дигари истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бо харҷи 1,5 миллион доллар аз ҷониби соҳибкорӣ ватанӣ бунёд гардида истодааст. Иқтидори истеҳсолии он дар як шабонарӯз коркарди 100 тонна оҳаксангро ташкил медиҳад.
М. ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»