Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бори дигар кулли сокинони кишварро мутмаин сохт, ки Ватани азизи мо, новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони имрӯз, ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, сол ба сол марҳалаҳои нави рушдро фатҳ менамояд. Воқеан, Паёми навбатӣ фарогири тамоми масоили муҳими ҳаёти мардуми кишвар буда, пешрафтҳои назарраси иқтисодию иҷтимоии мамлакатро ҷилвагар намуд, ки боиси хушҳолии тамоми шаҳрвандон гардид.
Сарвари давлат дар баробари дигар самтҳои муҳиму ояндасоз дар Паёми навбатӣ масоили вобаста ба таъмини аҳолӣ бо неруи барқ ва даст ёфтан ба истиқлоли энергетикиро аз мавзуъҳои меҳварӣ қарор доданд. Аз ҷумла, бо ишора ба ин масъала таъкид карданд: «Ҳукумати кишвар бо мақсади расидан ба истиқлоли энергетикӣ ва дар ин замина, таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ бо истифода аз ҳамаи имконияту сарчашмаҳои мавҷуда, хусусан манбаъҳои рушди «энергияи сабз», мунтазам чораҷӯйӣ карда истодааст».
Пешвои миллат зикр намуданд, ки то имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмонии НБО “Роғун” ба анҷом расида, Ҳукумати кишвар бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯйӣ менамояд.
Зимнан, Сарвари давлат мужда доданд, ки аз моҳи майи соли 2027-ум аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар неругоҳи “Роғун” ва силсилаи неругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар кишвар пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли энергетикӣ ноил мегардад, ки басо хушҳолкунанда буд.
Албатта, вазъи феълӣ вобаста ба таъминот бо неруи барқ қобили дарк аст. Вале набояд аз мушкилоти ҷойдошта ҳангома сохт, балки лозим аст, ки корҳои анҷомшударо бо такя ба неруи ақл ташхис намуд. Чунки, кишвари мо дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат дар роҳи расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва аз байн бурдани баъзе мушкилоти ҷойдошта собитқадам аст. Барномаҳои амалишуда ва дар ҳоли иҷро қарордоштаи бахши энергетикаи мамлакат далели ин амр буда, моро ба ояндаи дурахшони соҳа хушбин менамояд.
Агар ба гузашта назар андозем, ҳосили ин чораҷӯиҳоро хоҳем дид, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ иншооти энергетикии зерин:
- Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” бо иқтидори 670 МВт;
- Неругоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” бо иқтидори 220 МВт;
- Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" бо иқтидори 400 МВт;
- хатти интиқоли барқи 500 кВ “Ҷануб – Шимол”;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ «Конибодом – Баткент»;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ «Лолазор – Хатлон”;
- хатти интиқоли барқи 220 кВ Тоҷикистону Афғонистон бунёд гардида, ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион ва сохтмони Неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд.
Воқеан, дар натиҷаи андешидани чораҳои мушаххас иқтидори истеҳсолӣ ва имконоти содиротии мамлакат зиёд шуда, васеъ шудани инфрасохтори интиқоли барқ барои иқтисодиёту иҷтимоиёт имконияти навро фароҳам оварда, некуаҳволии мардум ва дастрасӣ ба барқро беҳтар гардонд.
Дар ин зимн, бояд таъкид намоем, ки ҳама дастовардҳо ба туфайли амнияти комил ва ваҳдати сартосарии Тоҷикистони азиз ба даст омадаанд. Маҳз таъмини сулҳу оромӣ ва устувории сиёсати Ҳукумати мамлакат дар ин самт аст, ки мардум дар фазои осудаю офияти иҷтимоӣ зиндагӣ карда, ормонҳои хешро амалӣ мегардонанд. Пас, ба қадри оромию офият расидан камоли хирадмандиву хушбахтӣ мебошад ва кафолати рушду тараққиёти минбаъдаи кишвари азизи мо хоҳад буд. Гузашта аз ин, ҳодисаҳои фоҷиабори як қатор кишварҳои олам ё умуман, вазъи ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳанд, ки дар гиромидошти неъматҳои фаровони истиқлоли давлатӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва сулҳу суботи комил даст ба дасти ҳам бошем.
Исмоил НУРАЛИЕВ, ноҳияи Вахш