Дар Бонки миллии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони бонк, инчунин мудири шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, шоир ва сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамоиш доир гашт.
Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода изҳор дошт, ки дар Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи соҳаҳои ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар, аз ҷумла низоми бонкӣ дар соли 2024, натиҷагирӣ ва ҷиҳати фаъолияти минбаъда вазифагузорӣ карда шуд. Зикр гардид, ки соли гузашта барои Тоҷикистон соли нисбатан хуб буд ва дар ҳамаи соҳаҳо пешравиҳо ба назар расиданд. Аз ҷумла, ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонда шуд.
Тазаккур дода шуд, ки тайи солҳои охир Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ, истифодаи самараноки иқтидорҳои мавҷуда, саноатикунонии босуръати кишвар, инчунин, ташаккули «иқтисоди сабз», рақамикунонии хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи васеи ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Аз ҷумла, ба ташаккули маърифати молиявии шаҳрвандон диққат дода шуда, таъкид гардид, ки гузариш ба низоми пардохтҳои ғайринақдӣ барои устувории молиявии давлат ва рушди иқтисодӣ нақши муҳим дорад. Дар робита ба ин, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо дигар вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки истифодаи технологияҳои муосири рақамиро вусъат дода, то охири соли 2025 пардохтҳои ғайринақдиро дар соҳаҳои буҷетӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ пурра таъмин намоянд.
Дар робита ба пешниҳоди қарзҳо гуфта шуд, ки бо мақсади қонеъ гардондани талаботи афзояндаи иқтисоди миллӣ ва аҳолӣ дар панҷ соли охир аз ҷониби низоми бонкии кишвар беш аз 80 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст. Бо мақсади идома додани ин раванд, ба Бонки миллии Тоҷикистон ва ташкилотҳои қарзӣ супориш дода шуд, ки ҳаҷми пешниҳоди қарз ба иқтисодиётро ҳамасола зиёд намуда, нишондиҳандаи мазкур то охири соли 2027 ба беш аз 100 миллиард сомонӣ расонда шавад.
Ҳамзамон, ҷиҳати баланд бардоштани эътимоди аҳолӣ ба низоми бонкӣ, ҷалби бештари пасандозҳои шахсони воқеиву ҳуқуқӣ ва вусъати фаъолияти низоми рақамии хизматрасониҳои бонкиву молиявӣ, инчунин, таъсиси филиалҳои бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ, зиёд кардани пешниҳоди қарзҳо бо фоизи нисбатан паст ва таъмини дастрасӣ ба хизматрасониҳои босифати бонкӣ, бахусус дар ноҳияҳои дурдасти мамлакат чораҷӯйӣ ва тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Пешвои миллат дар Паёми худ махсус таъкид намуданд, ки Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст ва дар панҷсолаи минбаъда ба ин масъала диққати аввалиндараҷа дода мешавад. Бо ин мақсад, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳо вазифадор шуданд, ки асосҳои ҳуқуқию ташкилӣ, танзими давлатӣ, маблағгузории инфрасохтори иқтисоди рақамӣ, инчунин, муносибатҳои иштирокчиёни соҳибкории рақамӣ ва савдои электрониро таъмин намоянд.
– Дар маҷмуъ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастури раҳнамоест, ки моро ба фаъолияти пурсамар даъват мекунад ва иҷрои вазифаҳои гузошташуда ба пешрафти кишвар дар тамоми соҳаҳо, аз ҷумла низоми бонкии мамлакат, мусоидат менамояд, – изҳор дошт Фирдавс Толибзода.
Дар идомаи ҷаласа сардори шуъбаи тарҷумаи дастгоҳи роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Султон Баротзода ва мудири шуъбаи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии ҷаласа раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода аз аҳли нишаст даъват намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои дар Паём ироашуда тамоми кӯшишу ғайрати худро равона созанд. Таъкид гардид, ки дар робита ба иҷрои нуктаҳои дахлдори Паём дар Бонки миллии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо таҳия шудааст ва таъмини иҷрои он вазифаи муҳими ҳамаи кормандони низоми бонкӣ ба ҳисоб меравад.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”
«ЗАНОН – СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ВАТАН»
Таҳти ҳамин унвон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати мамлакат бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки бонувони сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҳамоиш баргузор гардид. Тавре зикр шуд, айни замон дар ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайринизомии Вазорати мудофиа 1219 бону фаъолият менамояд.
Муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки роҳбарияти олӣ, хусусан Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар замони соҳибистиқлолӣ барои боло рафтани мавқеи занон дар ҷомеа имконияти фарох фароҳам оварданд, ки ба ин васила, бонувон, дар баробари мардон, тавонистанд барои пешрафту ободии Ватан саҳм гузоранд.
Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Бунафша Файзиддинзода гуфт, ки осудагии мо – модарон, дар сулҳу суботи пойдори давлат ва ободии ин Ватан аст. Имрӯз фарзандони баору номус ва қавииродаи тоҷик ҳифзи хоки муқаддаси Ватанро вазифаи ҷонии худ мешуморанд, ки мо аз ин сарфарозем.
Дар идома ӯ аз нақши созгори занони тоҷик дар раванди давлатдорӣ, ҳифзи истиқлоли миллӣ ва таъмини суботу осудагии диёр ёдовар шуд.
Чуноне таъкид рафт, дар зарфи сию ду соли фаъолияти Қувваҳои Мусаллаҳ 35 бону-хизматчии ҳарбӣ бо рутбаи ҳарбии полковник сарфароз гашт.
Дар охир як зумра бонувони афсар барои хизматҳои шоёнашон бо сипосномаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.
Меҳрангез ҚОДИРОВА, «Ҷумҳурият»
ТАМОКУ. МАҚОМОТ АЗ ҚОЧОҚ ПЕШГИРӢ КАРД!
Дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои оперативӣ аз ҷониби кормандони раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукӣ бо мақсади пешгирӣ ва ошкор намудани ҳолатҳои интиқоли ғайриқонунии молу маҳсулот дар ҳудуди шаҳри Душанбе, аз дохили воситаи нақлиёти тамғаи "Mercedes-Benz Sprinter", рақами қайди давлатиаш 0808WV10, маҳсулоти тамокуи навъҳои "Winston" (1990 қуттӣ), "PARLIAMENT" (500 қуттӣ), "Тегеа" (400 қуттӣ), "Sobranie" (100 қуттӣ), "Marlboro" (500 қуттӣ) ва "Heets" (3000 қуттӣ) дарёфт ва мусодира гардид.
Зимни гузарондани санҷиш муайян шуд, ки маҳсулоти тамокуи зикршуда ба шаҳрванд Хайридинов С.С., сокини шаҳри Душанбе, тааллуқ дошта, номбурда барои ба даст овардани фоида қасд доштааст, ки ин миқдор маҳсулоти тамокуро дар ҳудуди шаҳри Душанбе ба фурӯш барорад.
Мувофиқи хулосаи Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, нархи як қуттӣ маҳсулоти тамокуи навъи "Winston" 23 сомонӣ, "PARLIAMENT" 16 сомонӣ, "Тегеа" 17 сомонӣ, "Marlboro" 15 сомонӣ ва "Heets" 23 сомониро ташкил медиҳад.
Дар маҷмуъ, арзиши умумии маҳсулоти тамокуи дарёфтшуда 137 070 сомониро ташкил медиҳад.
Дар асоси гуфтаҳои боло, бинобар ҷой доштани аломатҳои таркиби ҷиноятӣ дар кирдори Хайридинов С.С. ва дигарон, ки дар моддаи 2591 қисми 2 банди "а" Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Муҳаммадзоиршо ШАРИФЗОДА,
“Ҷумҳурият”