Дар шаҳри Бишкек таҳти роҳбарии ҳамраисони ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатӣ Саймумин Ятимов ва Қамчибек Ташиев ҷаласаи муштараки ҳайатҳо баргузор шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ додааст, зимни мулоқот натиҷаи корҳои анҷомдода оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои ниҳоӣ оид ба делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон тасдиқ гардид.
Ҷонибҳо лоиҳаҳои Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон, шартномаҳо дар бораи сохтмон ва истифодаи роҳҳои автомобилгард, ободонӣ ва истифода намудани чорроҳаҳои автомобилгард ва оид ба таъмини дастрасӣ ба иншооти хоҷагии об ва энергетикиро имзо гузоштанд.
Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ
Дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои Иттиҳод дар назди мақомоти ойинномавӣ ва дигар мақомоти Иттиҳод баргузор гашт.
Хадамоти матбуоти Кумитаи иҷроияи ИДМ хабар медиҳад, ки дар ҷаласа Дабири кулли он Сергей Лебедев иштирок менамояд.
Дар ҳамоиш намояндагони доимӣ натиҷаҳои фаъолияти Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва рушди илмҳои бунёдиро дар солҳои 2020-2024 муҳокима карданд.
Мулоқоти намояндаи Иттиҳоди Аврупо бо муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ
Муовини якуми вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин дар мулоқоти видеоии муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ бо муовини директори идоракунандаи EEAS оид ба Осиёи Марказӣ, ҳамкориҳои минтақавӣ ва САҲА Люк Девин иштирок кард.
Аснои нишаст мубодилаи афкор перомуни масоили мубрам ва самтҳои дурнамодори ҳамкориҳои байниминтақавӣ сурат гирифт. Мусоҳибон, аз ҷумла нақшаи чорабиниҳои муштаракро барои соли 2025 баррасӣ намуданд.
Дар ин бора хадамоти матбуоти Вазорат иттилоъ додааст.
Мавзуъҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи тағйирёбии иқлим матраҳ гардиданд
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром бо муовини вазири корҳои хориҷии Корея ва сафир оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим Киёнг Чунг мулоқот дошт.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо мавзуъҳои ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи тағйирёбии иқлим матраҳ намуданд. Ҳамчунин, вобаста ба иштироки ҷониби Корея дар нахустин Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки баргузории он 29-31-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе дар назар аст, гуфтугӯ анҷом дода шуд.