Дар ҷаҳони муосир нақши воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла матбуот, ҷиҳати расондани иттилоъ ва таҳлилу баррасии масъалаҳои мубрами ҳар ҷомеа ниҳоят муассир буда, ин василаи равшангароии миллат, ки ба таъбири устод Садриддин Айнӣ «сари сабзу забони буррои халқ» мебошад, ҳамчун рукни муҳими сиёсиву маънавии ҷомеа дар раванди ҳифзи асолати миллӣ, таҳкими аркони давлатдорӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии мардум ва таъмини пойдории адолату воқеият нақши бориз дорад.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият», ки нахустин шумораи он 15-уми марти соли 1925 таҳти унвони «Иди тоҷик» ва аз нашри дувум бо номи «Бедории тоҷик» дастраси хонандаи тоҷики аз дасти нотавонбинони муғризи замон ранҷдида, вале аз ифтихороти миллӣ дилаш лабрези фараҳ расид, бо нашри матолиби пурдалелу таъйидкунандаи фарҳанги волову тамаддуни оламшумули ниёгони тоҷик, дар як марҳалаи бисёр ҳассоси таърихи мавҷудияти миллат, воқеан нақши сарнавиштсоз бозида, барои меросбарони ин фарҳанги оламгир иди воқеиву бедории саривақтӣ эҳдо намуд.
Нашрия баъдан бо номҳои «Тоҷикистони сурх», «Тоҷикистони советӣ», «Тоҷикистони шӯравӣ» ва инак, бо унвони пурифтихори Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» рисолати таърихии худро сарбаландона иҷро намуда, дар баробари инъикоси дастовардҳои даврони истиқлолу таърихи пурифтихори миллат, дар ташаккули худогоҳиву хештаншиносӣ, бедории сиёсиву огаҳиҳои фарҳангии аҳли ҷомеаи кишвар, таҳкими ғояҳои сулҳу ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандиву давлати ҳуқуқбунёд ҳамқадами асри иттилоот нақши шоиста дорад.
Муаррихону муҳаққиқони гузаштаву муосир собит сохтаву ҷомеаи башарӣ эътироф намудааст, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои дури таърих соҳибкитобу маърифатгустар буда, сарнавишти мо дар тамоми марҳалаҳои таърихӣ ба қаламу дафтару девон пайванди ногусастанӣ доштааст. Таъсиси нашрияи нахустини тоҷик таҳти унвони «Бухорои шариф» ва бо ҷонбозиҳои зиёди фарзандони фарзонаи миллат ҳанӯз 11-уми марти соли 1912 дастраси хонанда гардидани шумораи аввалини он бозгӯкунандаи ин фазилату мақоми таърихии миллат аст. Метавон иброз намуд, ки, бо вуҷуди силсилаи кӯтоҳи нашраш бар асари сиёсати давр, «Бухорои шариф» барои минбаъд таъсис ёфтани нашрияи рисолатманде чун «Ҷумҳурият» ва дар хидмати халқи ҳувиятхоҳи тоҷик қарор гирифтани он заминаи таҷрибавию илҳоми парвозбахш гардид.
Рӯзнома тули фаъолияти борвару хидматҳои мондагор ба унвони яке аз рамзҳои бедории миллӣ, густариши фарҳанги ҳуқуқӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар фазои иттилоотии кишвар ҷойгоҳи беназирро соҳиб гардида, на танҳо ба ҳайси як манбаи ахбор, балки мактаби сиёсию фарҳангӣ баромад намуда, дар рушди ҷомеа ва давлатдории тоҷикон нақши муассир дорад.
Чунончи аз сарчашмаҳо бармеояд, дар даврони шуравӣ нашрия, бо вуҷуди маҳдудиятҳои идеологӣ, кӯшиш мекард руҳи миллӣ ва фарҳанги аҷдодиро ҳифз намояд. Мақолаҳои рӯзнома дар бораи таърихи ниёгон, забони тоҷикӣ ва нақши адабиёт дар худшиносии миллӣ заминагузори бедории фикрӣ буданд.
Дар замони давлатдории навин маҳз бо ташаббусҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди бемайлони соҳаи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма эътибори бештар зоҳир гардида, рӯзномаи «Ҷумҳурият» ба марҳалаи нави рушду пешрафт бароварда шуд.
Ҳамакнун, «Ҷумҳурият» бо муҳтавову рисолати нав – густариши ғояҳои истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва қонунсолорӣ фаъолияташро ба роҳ монд. Нашрия бо ҷалби нухбагону саромадони давр, коршиносону суханпардозон, бо нашри матолиби рӯзмарраву масъалагузориҳо бар асоси сиёсати дохиливу хориҷии Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол мардумро бо арзишҳои истиқлолият ва идеяҳои ваҳдати миллӣ ошно сохта, онҳоро ба гиромидошти забону фарҳанг ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ ташвиқ намуд.
Яке аз вазифаҳои асосии «Ҷумҳурият» дар замони соҳибистиқлолӣ ба оммаи васеи мардум ба таври содаву фаҳмо расондани муҳтавои қонунҳои давлатӣ, ташаккули фарҳанги ҳуқуқии сокинон, талқини арзишҳои ҷомеаи шаҳрвандию давлати ҳуқуқбунёд, монанди демократия, гуногунандешии сиёсӣ, низоми бисёрҳизбӣ, иқтисоди бозорӣ ва шаклҳои гуногуни моликият гардид. Нашрия дар интишори қонуни асосии давлат – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои нав қабулшуда ва тағйироту иловаҳо ба онҳо нақши калидӣ дорад.
Чунончи ба мушоҳида мерасад, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои рақамӣ низ нашрия тавонист фаъолияташро ба шароити нав мутобиқ созад. Имрӯз рӯзнома, дар баробари нашри чопӣ, дар платформаҳои рақамӣ низ фаъол буда, сомонаи расмии рӯзнома бо тарҳи зебову ҷаззоб ва имконоти муносиби ҷустуҷӯву дарёфти матолиб, саҳифаҳои он дар шабакаҳои иҷтимоӣ иттилооти фаврӣ ва дақиқро барои доираи васеи хонандагон дастрас мекунанд.
Ҳар як марҳалаи фаъолияти 100-солаи нашрия таҷассумгари равандҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвари мост. Рӯзнома вобаста ба шароити давру сиёсати замон чанд маротиб тағйири ҳуруфу ном кард, вале ҳаргиз мавқею ҳадафи хешро тағйир надод. Аз оғоз то ба имрӯз ҳамеша баҳри дифои манофеи давлату миллати тоҷик мавқеи устувору побарҷо дорад.
«Ҷумҳурият», воқеан, таърихи зиндаи Тоҷикистон ва мардуми асилу ҳувиятхоҳи он мебошад. Нақши муассири эҳёгарӣ, рисолати давлатсозии он аст, ки қаҳрамонони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ онро «модари матбуоти Тоҷикистони советӣ» ва Мирзо Турсунзода бошад, «аввалин газета, аввалин муъҷиза» унвон кардаанд.
Дар ҷилои ойинаи ҷаззоби он суханрониву амру фармонҳои Сарвари давлат, сафарҳои кории дохиливу хориҷӣ, ташаббусҳои байналмилалӣ, матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, тағйиру иловаҳо ба онҳо, шарҳу тавзеҳоти коршиносон, таҳлилҳои амиқу муфассал ва зимнан оммафаҳми ҳуқуқӣ, самараи эҷоду пажӯҳиши адибону рӯзноманигорони варзида, олимону ходимони сиёсиву ҷамъиятӣ, аҳли илму маориф ва инчунин, шаҳрвандони одиву ҳар ватандори соҳибзавқу боандеша бо сабкҳои хосу дилчасп ба тобиш омада, хонандаи рӯзномаро бо тозатарин иттилову ғизои маънавӣ хушнуд ва ҳамқадами замон месозанд.
Агар танҳо маводи интишории рӯзномаро марбут ба Соли маърифати ҳуқуқӣ, аз қабили мақолаву мусоҳибаҳои коршиносон, ҳуқуқдонони варзидаву соҳибмактаб, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон, хабару гузоришҳои баргузории чорабиниҳои илмиву маърифатии сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, шарҳу тавзеҳоти содаву оммафаҳми меъёрҳои Конститутсия, падидаҳои маърифати ҳуқуқӣ, фарҳанги ҳуқуқӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона будани Тоҷикистон, масъулияти шаҳрвандӣ, ҳадафҳои «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шудани соли 2024, ба унвони мисол бигирем, дар зарфи танҳо як сол дар шумораҳои «Ҷумҳурият» маҷмуи мукаммалу беназири донишҳои ҳуқуқӣ, бо фарогирии ҷузъиёти барномавию консептуалии татбиқи қонунҳои амалкунанда ва ҳадафҳои пешбинишудаи давлатӣ рӯйи нашр омад, ки ганҷинаи бемислу мондагори илмӣ ба ҳисоб меравад.
Ҳамин тавр, метавон қазоват кард, ки «Ҷумҳурият» дар масири бисёр печидаву таҳаввулоти азими 100 соли таърихи башар, ташаккули гаронарзиши аркони давлатдории миллӣ чун номаи бахту иқбол, огаҳиву ифтихор, ҳувияту ҳуррият ҳамешаву пайваста, балки ҳамарӯза ҷонпайванду руҳпарвар, манбаи эътимоду эътибор, шуълаи умедзову зиёбахши масири ватандории наслҳои миллати тоҷик будааст.
Ба назар чунин мерасад, ки таъкиди зерини Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пуршарафи нашрия ишора мекунад: «Манфиатҳои миллӣ тақозо мекунанд, ки воситаҳои ахбори омма ба сифати дастгоҳи тавонои иттилоотӣ дар муборизаи таҳмилии иттилоотӣ чун сипари боэътимоди халқу давлат хизмат намоянд, ба ҳифзи оромиву суботи ҷомеа фаъолона мусоидат кунанд ва эътимоди мардумро ба фардои нек таҳким бахшанд».
Таҷрибаи садсола, зарфияти азими эҷодӣ, таваҷҷуҳи хоси роҳбарияти олии мамлакат, эътимоди халқи шарифи кишвар, килки ҳамешасабзу мағзҳои пӯёи аҳли эҷоди рӯзнома эътимоду яқин илқо мекунанд, ки ин номаи ҷонпайванди наслҳои миллат минбаъд низ рисолати пурифтихору зиёпардозии хешро сарбаландона иҷро намуда, асрҳои аср баҳри бедории халқи тоҷик, устувории давлати Тоҷикистон, ғанисозии тамаддуни башарӣ хидмат хоҳад кард.
Ба аҳли эҷоди рӯзнома, ки ҷиҳати тарбияи ғоявии насли наврасу ҷавон, боло бурдани маърифати сиёсӣ, хештаншиносӣ, ҳисси ватандӯстиву ифтихороти миллии аҳли ҷомеа матолиби хуби таҳлилӣ нашр намуда, бо сеҳри хома ва қудрати сухани созанда дар ҳифзу бузургдошти арзишҳои миллӣ, таҳкими давлатдории навини тоҷик саҳми пуршараф мегузоранд, барору комёбӣ, неруи фаровони эҷодӣ, парвози волои сухан, килки сабзу пурэъҷоз, шоҳкориҳои беназиру илҳомбахш таманно менамоем.
Дилшод РАҲМОН,
доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор,
раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон,
шаҳрванд ва қонуният,
ректори Донишгоҳи
давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ