Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳояшон ба самаранок истифода бурдани замин, гирифтани ду-се ҳосил, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ташкили ҷойҳои кории нав пайваста таъкид менамоянд. "Ва мо бояд тамоми имкониятҳоро барои рушди кишоварзӣ сафарбар намоем", гуфтани Пешвои миллат ба яке аз нақшҳои калидӣ доштани ин соҳа дар рушди иқтисоди кишвар дарак медиҳад. Дар даврони соҳибистиқлолӣ кишоварзон дар гирифтани ҳосили баланди аксари зироатҳои кишоварзӣ муваффақ шуданд, аммо дар соҳаи пахтакорӣ дар бисёр шаҳру ноҳияҳо, ки замони шуравӣ дар рӯёндани ҳосили баланду ҷамъоварии сари вақти пахта шуҳрат доштанд, ҳанӯз ҳам мушкилот вуҷуд дорад.
Масалан, дар ноҳияи Зафаробод, ки яке аз ноҳияҳои пахтакори ҷумҳурӣ буда, дар даврони шуравӣ 40 ҳазор тонна пахта ба давлат месупурд, садҳо гектар пахтаи бо заҳмату арақи ҷабин парваришнамудаи деҳқонон то имрӯз, моҳи феврал, ҷамъоварӣ нашудааст. Саволе ба миён меояд, ки чаро деҳқонон имсол пахтаро ҷамъоварӣ карда натавонистанду нақшаи солона иҷро нагардид? Магар “тиллои сафед” ба “тиллои сиёҳ” табдил ёфт, чаро Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия барои рушди соҳаи пахтакорӣ, беҳтар кардани фаъолияти хоҷагиҳо ва ҳавасмандии онҳо чораҳои иловагӣ наандешиданд?
Хуб мешуд, ки хабарнигорони телевизион ва радио ва мухбирони газетаҳо аз майдонҳои пахтаи то имрӯз ҷамъоваринашуда дидан карда, ҳақиқати ҳолро баён мекарданд.
Албатта, сабаби ин то ҷойе ба ҳамагон маълум аст.
Имсол, воқеан ҳам, беинсофона паст намудани нархи пахта аз тарафи заводҳои коркарди маҳсули заҳмати деҳқон боиси то ин ҳад дилмондагии кишоварзон гардид.
Бо айби заводҳои пахтаи ноҳия, деҳқонон пахтаи истеҳсолнамудаашонро бо сабаби паст будани нархи он дар хонаҳояшон нигоҳ медоранд. Бо умеди он, ки арзиши ин зироати стратегӣ баланд шавад, баъд онро месупоранд. Баъзе заводдорони мо аз имону инсоф хеле дур мондаанд, аз ҳар раванди коркарди саноатии пахта даромади калони иловагӣ ба даст меоранд ва аз рӯи адолат мебуд, ки барои пахтакорон маблағи иловагӣ ҷудо намуда, ҳавасмандии деҳқонро ба ин зироат зиёдтар созанд.
Ба суди кор мебуд, агар Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳар сол, шояд, моҳи июн, нархи тавсиявии хариди пахта аз хоҷагиҳои деҳқониро бо назардошти хароҷоти воқеии онҳо ва хусусиятҳои ҳар минтақа муқаррар кунад. Ин аз муҳимтарин омили моддии ҳавасмандсозии хоҷагиҳо барои ба даст овардани ҳосили баланд мегардад ва деҳқонон дилпур мешаванд, ки касе бар зарари онҳо худхоҳонаю худсарона нархи пахтаро паст карда наметавонад.
Бартараф намудани мушкилоти мавҷуда ва амалӣ кардани пешниҳоди болозикр ба рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорӣ, мусоидат хоҳад кард.
Содиқи СУБҲОН,
ноҳияи Зафаробод,
Ҷамоати шаҳраки Зафаробод