Дар ноҳияи Ванҷ ҳам чун дигар шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ ба истиқболи 28-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки имсол бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашнвораи ҷумҳуриявии ин санаи муборак дар маркази маъмурии вилоят – шаҳри Хоруғ мегузарад, вусъати тоза касб кардаанд. Ҳафтаи пеш раиси вилоят Мирзонабот Алишер Худобердӣ аз рафти корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ноҳияи Ванҷ дидан кард.
Ба раиси вилоят ва ҳайати ҳамроҳонаш иттилоъ доданд, ки дар доираи ин санаи фархунда дар ноҳия сохта ба истифода додани корхонаҳои саноатӣ, толори варзиш, марказҳои рушди барвақтии кӯдак, инчунин, навсозии 16 км роҳи мошингард аз шоҳроҳ то маркази ноҳия дар назар дошта шудааст.
Алишер Мирзонабот дар деҳаи Рохарви Ҷамоати деҳоти Маҳмадулло Абдуллоев бо раванди корҳои сохтмонӣ дар Парки инноватсионӣ шинос шуд. Дар ин мавзеъ бо дастгирии Ҳукумати мамлакат аз ҷониби ҶДММ “Ҷовид” як қатор корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла бандубасти мева, истеҳсоли собун, бандубасти лӯбиё ва корхонаи коркарди равғани ангат бунёд мешаванд. Айни замон дар ин ҷо корҳои тахту ҳамворкунии таҳкурсии бино оғоз гардидааст.
Раиси вилоят ба роҳбарияти ноҳия, соҳибкори маҳаллӣ ва масъулини дахлдор ҷиҳати сари вақт ва босифат анҷом додани корҳои бунёдӣ дар Парки инноватсионӣ супоришҳои иловагӣ дод.
Раиси вилоят, ҳамчунин, аз рафти корҳои сохтмонӣ дар толори варзиши деҳаи Убари Даргов дидан карда, барои таъмири варзишгоҳи марказӣ ба масъулин дастур дод.
Ҳангоми суҳбат бо намояндагони ҶСП “Зиркон”, ки сохтмони корхонаи коркарди хокаи мармарро бар уҳда дорад, таъкид гардид, ки дар ин ҷо се корхонаи алоҳида барои коркарди маҳсулоти ниҳоӣ аз санги мармар ба кор медарояд. Дар марҳалаи аввал дар корхонаҳо 30 нафар бо ҷойи кор таъмин шуда, бо зиёд гардидани ҳаҷми истеҳсолот шумораи коргарон низ меафзояд. Айни замон дар ин ҷо 40 фоизи корҳои сохтмонӣ бо ҷалби 25 сокини маҳаллӣ ба анҷом расида, дар назар аст, ки он то ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад.
Раиси вилоят зимни мулоқот бо сокинони ноҳия зикр кард, ки маҳз бо дастгириҳои ғамхоронаи Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон симои ноҳия куллан тағйир ёфта, сатҳи рӯзгори сокинони он низ хеле боло рафтааст. Дар ин замина, аз роҳбарият, масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорони ватандӯст даъват ба амал оварда шуд, ки дар ҷавоб ба ғамхориҳои давлату Ҳукумат бояд корҳои созандагию бунёдкориро ҳарчи бештар вусъат бахшида, Ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатиро бо дастовезҳои арзанда истиқбол гирем.
Дар идомаи сафар раиси вилоят аз деҳоти Язгулом боздид намуда, дар деҳаҳои Жамак ва Вишхарву Андарбак ба сохтмони кӯдакистонҳои нав ва дар деҳаҳои Будуну Мотравн ба бунёди марказҳои рушди барвақтии кӯдак ҳусни оғоз бахшид. Раиси вилоят, инчунин, аз вазъи таълиму тарбия дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии ноҳия, бахусус деҳоти Язгулом, аз наздик шинос шуда, ҷиҳати риояи либоси миллӣ аз ҷониби омӯзгорону хонандагон, хусусан бонувон, изҳори қаноатмандӣ кард.
Зимни суҳбат бо сокинони деҳаи Жамак раиси вилоят таъкид намуд, ки маҳз бо дастгирии Ҳукумати мамлакат, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, танҳо соли ҷорӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ сохтмони 33 муассисаи томактабӣ, аз ҷумла 11 кӯдакистон ва 22 маркази инкишофи барвақтии кӯдак, ба нақша гирифта шудааст. Роҳбари вилоят аз сокинони деҳаи мазкур даъват ба амал овард, ки дар ҳифзи дастовардҳои миллӣ, ваҳдату истиқлолият ва корҳои ободонию созандагӣ саҳмгузор бошанд.
Дар вохӯрӣ бо сокинони деҳоти Язгулом Алишер Мирзонабот аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ёдоварӣ намуда, таъкид дошт, ки маҳз истиқлоли миллӣ шароит фароҳам овард, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати бунёдкоронаи роҳбарияти олии мамлакат ба дастовардҳои азими иқтисодию иҷтимоӣ ноил гардад.
Дар ин замина, бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва заҳмати аҳлонаи сокинони вилоят дар шаҳру ноҳияҳои он пешравиҳои чашмрас ба амал омада, бунёди шоҳроҳу пулҳо, корхонаҳои калони саноатӣ, муассисаҳои табобатию таълимӣ ба роҳ монда шавад.
Сокинони Ҷамоат аз дастгириҳои пайвастаи давлату Ҳукумат изҳори қаноатмандӣ карда, миннатдории худро ба Роҳбари давлат, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.
Раҳмони ГУЛЗОР “Ҷумҳурият”