Солҳои мактабхонӣ (имрӯз низ) муҳити хуби адабии хонаводагӣ доштем. Падари омӯзгорам дар баробари он, ки китобхонаи шахсӣ ташкил карда буданд, ба нашрияҳои зиёди даврӣ, аз ҷумла «Тоҷикистони советӣ» (баъдтар «Тоҷикистони шӯравӣ», ҳоло «Ҷумҳурият») низ обуна мешуданд. Ҳамарӯза хаткашони деҳаро бетоқатона интизор шуда, нашрияҳоро дастрас ва мутолаа намуда, бастабандӣ мекардам. Баъдтар дар ман низ шавқи навиштани хабару мақола пайдо шуд. Аз чанд чорабинии мактабу ноҳия ва ҷамоати деҳотамон ба газетаи «Тоҷикистони советӣ» хабар менавиштам. Вақте мани хонандаи мактаб он навиштаҳоямро, ки ҳамагӣ аз чанд ҷумла иборат буданд, дар саҳифаи рӯзнома медидам, хурсандиамро ҳадду канор набуд. Ҳамин тавр, дар дил шавқи рӯзноманигор шудан пайдо гардиду ниҳоят донишҷӯйи УДТ ба номи В. И. Ленин (ҳоло ДМТ) шудам...
Дар курси дуюм мехондем. Устодамон Иброҳим Усмонов гурӯҳамонро барои таҷрибаомӯзӣ ба расонаҳо тақсим карданд. Хоҳишамро ба назар гирифта, он кас маро ба идораи рӯзномаи дӯстдоштаам «Тоҷикистони шӯравӣ» (ҳоло «Ҷумҳурият») фиристоданд. Сармуҳаррир Мазҳабшо Муҳаббатшоев хуш пазируфта, барои омӯхтани таҷриба ба шуъбаи мактубҳо ва кор бо меҳнаткашон, ки мудирии онро журналисти варзида Ғуломҳайдар Муродалиев ба зимма дошт, тавсия дод. Муҳити созгори нашрия писанд афтод. Азбаски аксари ходимони идораро аз навиштаҳояшон ба таври ғоибона мешинохтам, бо ҳам зуд унс гирифтем. Махсусан, муносибати неку хайрхоҳонаи кормандони нашрия Ҳабибулло Ёров, Аловиддин Давлатов, Мухтор Мирзоев, Аминҷон Шукуров, Мирзо Шукурзода, Мақсуд Ҳусейнов, Мусо Мавлавӣ, Маҳмудҷон Шаҳобиддинов, Хурсанд Ҷумъаев, Шамсиддин Насриддинов, Зулфиқор Исмоилов, Аваз Юлдошев ва чанде дигар боиси тавсифу таъриф буд. Аз ҳар як ходими ин нашрия дар баробари касби рӯзноманигорӣ, одаму одамгарӣ, самимият, ҳурмату эҳтиромро нисбат ба атрофиён омӯхтам.
Тули бештар аз як моҳи таҷрибаомӯзӣ чанд навиштаам чоп гардид ва ҳаққи қалам низ гирифтам, ки барои донишҷӯй хеле муҳим буд…
Инак, дар чанд соли охир робитаам бо ин нашрия боз ҳам қавӣ гардид. Се-чор сол муаллифи доимии «Шоми шанбе» будам. Баъдтар дар озмунҳои ташкилнамудаи идора ширкат варзида, дар Озмуни бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур ҳамчун иштирокчии фаъол бо Ифтихорномаи нашрияи «Ҷумҳурият» ва Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ВМКБ қадрдонӣ гардидам. Ба шарофати иштирок дар Озмун ба Бадахшон сафар намуда, маконҳои таърихӣ, табиати зебои ин маконро тамошо карда, вориди хонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Ш. Шоҳтемур шудем. Ин ҳама лаҳзаҳои пурнишоти умри банда аст, ки ҳеҷ гоҳ аз хотир нахоҳанд рафт.
Албатта, чунин ташаббусҳои нек бо мусоидати роҳбари кордону оқил, ҷавони пурҷӯшу хурӯши ташаббускор ва фарҳангӣ, рӯзноманигори варзида Қурбоналӣ Раҳмонзода амалӣ гардидаанд, ки мо низ ба эшон саногӯ ва сипосгузорем. Бемуҳобо, ҳар як шумораи «Ҷумҳурият»-ро мутолаа карда, аз набзи ҷомеа, рухдодҳои хуби шаҳру ноҳия, вилоятҳои ҷумҳуриамон огаҳ мегардем. Барои таҳияи ҳамаи ин мавод кулли кормандони нашрия саҳиманд, ки эшонро аҳсан мегӯем.
Хуллас, «Ҷумҳурият» аз ҷумлаи нашрияҳои дӯстдоштании инҷониб аст. Қариб ҳамарӯза ба дасти хонандаи хушзавқ расидани он чӣ қадар заҳамот ба кор меравад, инҷониб низ ҳамчун рӯзноманигор бохабарам. Акнун, ки рӯзномаи дӯстдоштаамон – «Ҷумҳурият» 100-сола мешавад, мехоҳам якояки кормандонашро бо ин рӯзи саид табрик гуфта, барояшон комёбӣ ва хушбахтиҳои фаровонро иброз намоям. Иди якасраатон муборак, ҳамкасбони азиз!
Ҳотами ҲОМИД, барандаи Ҷоизаи ИЖТ ба номи Абулқосим Лоҳутӣ