Номҳои расмие, ки рӯзномаи “Ҷумҳурият” аз рӯзҳои нахустини таъсисаш ба худ гирифтааст, ҳадафу расолат ва армонҳои миллии халқи тоҷикро ифодаи дурахшон додаанд. Вақти таъсис ёфтанаш, 15-уми марти соли 1925, ин рӯзномаи таърихӣ “Иди тоҷик” ном гирифт, ки чун паёми навини Наврӯзи Аҷам, чун паёми идона ва пайки эҳёи маънавиёти навини миллати мо дар пойтахти Тоҷикистон, дар Душанбе, арзи вуҷуд кард. Нашри он барои миллати соҳибтамаддун, миллате, ки эҳёи дубораи маънавӣ меёфт, воқеан ид буд. Номи дуюмаш “Бедории тоҷик” буд, ки як ҷаҳон маънову ҳадафҳои баландро пайгирӣ кард. Дар паси ташаббуси ташкилу таъсиси ин рӯзномаи қиматбаҳо равшанфикрони шуҷоу ҷоннисор ва миллатдӯсти тоҷик дар он замонҳои хатарнок истода буданд, ки метавон онҳоро бунёдгузори маънавиёти навини миллати тоҷик ҳисобид.
Фарзандони ҷоннисори миллати тоҷик Чинор Имомов, Шириншоҳ Шоҳтемур ва дигарон бо фишори душманони миллати мо истодагарӣ карда, дар он давраҳои пурмоҷаро ва гарон тавонистанд пеши роҳи маҳвшавии миллати тоҷикро бигиранд ва барои бунёди матбуоти тоҷикӣ саҳми худро гузоранд. Бале, барои эҳёи навини миллати тоҷик, миллате, ки тамаддунпарвару соҳибтамаддун аст, миллате, ки бо илму адабу сухан зинда аст, маҳз рӯзномае лозим буд, ки ҳадафҳои воло ва сиришти фарҳангии ӯ, хиради зотиву фазилатҳояшро чун ойина инъикос намояд. Миллати тоҷик, ки ҳамеша такя ба илму адаб ва сухани баланд дошту парвардаи суханварони бузурги гузаштаи худ буд, боз ҳам дар роҳи эҳёи навинаш такя ба сухану суханварон карду тавассути матбуоти навин аз будан ва тавлиди дубораи худ хабар дод. Ин рӯзномае, ки бо тақозои замон борҳо тағйири ном кардаву имрӯз бо номи “Ҷумҳурият” маҳбуби ҳамагон аст, ҳамеша ҳамон расолат ва ҳадафҳои бузурги миллиеро, ки аз оғоз интихоб карда буд, сарбаландона пайгирӣ дорад. Гумон мекунам кам ҷаридае чун ин рӯзнома, ки банда онро бидуни шубҳа ва бо дили пур Рӯзномаи қаҳрамон мехоҳам ном барам, дар хидмати халқи худ будаву саҳми бузурге дар пешрафту эҳёи маънавӣ, дар рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, илму адабу саноату кишоварзиву фарҳанг гузоштааст. “Ҷумҳурият” воқеан ойинаест, ки чун ойинаи ҷаҳоннамо, балки бештар аз он, ҳама симову сиришти ҷавонмардонаи миллати моро дар тули ин ҳама солҳои мавҷудияташ инъикоси дурахшон намудаву барои таърих ба армуғон овардааст.
Марбут будани номи рӯзнома бо номи устод Айнӣ, ки аз муаллифони аввали рӯзнома будаву онро “Модари матбуоти Тоҷикистони советӣ” номида буд; бо номи Бобоҷон Ғафуров, ки низ аз муаллифони фаъоли он гардид ва алоқамандии он бо номҳои шахсиятҳое чунин чун Лоҳутиву Шукӯҳиву Турсунзода ва дигар фарзонагони миллат худ далели дурахшони аз куҷо сарчашма гирифтани шукӯҳу обрӯ ёфтани он мебошад.
Имрӯз ҳам рӯзномаи “Ҷумҳурият” майдони андешаву афкори беҳтарин сиёсатмадорон, олимон ва адибони варзидаи мост. Бале, “Ҷумҳурият зодаи армони таърихиву миллии халқи тоҷик ва эҳсосу муҳаббати баланди миллат аст.
Устод Турсунзода дар навиштаҳояшон онро “аввалин газета, аввалин муъҷиза” номида буданд. Ба гумони банда, муъҷизакориҳои “Ҷумҳурият” имрӯз ҳам давом дорад ва яке аз ин муъҷизакориҳоро банда дар он мебинам, ки дар ин замоне, ки теъдоди нашрияҳо чандин карат афзуданду ҳарифони зиёде ба майдони матбуот омаданд, дар ин замоне, ки васоили дигари ахбор чун радиову телевизион хеле нерумандтар гардиданду имкониятҳои бештареро соҳиб шуданд, дар ин замоне, ки интернет теъдоди бузурги хонандагонро соҳибӣ кардан дорад, “Ҷумҳурият” боз ҳам мақоми аввал доштани худро аз даст надодааст. Ин воқеан муъҷиза аст. Сармуҳаррири имрӯзаи ин ҷаридаи бонуфуз Қурбоналӣ Раҳмонзода бо ҳама ташаббускориву кордониҳои худ тавонист чораҳое ҷӯяду ёбад, ки ин рӯзномаи бонуфуз на ин ки аз қатор намонад, балки намунаи ибрат барои ҳама ҷаридаҳои дигар гардад. Он ҳама ҳадафҳои баланд ва масъалагузориҳое, ки “Ҷумҳурият” дар саҳифаҳои худ дорад, он ҳама озмунҳо, сафарҳои эҷодӣ ва ҳамкориҳое, ки имрӯз “Ҷумҳурият” бо хонандагони худ дар ҳама гӯшаҳои кишвар ва ҳатто берун аз он ба роҳ мондааст, ин ҷаридаро бо хонандагон боз ҳам наздиктар гардонд, ӯро аз дигар ҷаридаҳо тафриқа мебахшад. Ҳосили озмунҳои “Ҷумҳурият” ин аст, ки дар ҳар мавзуи озмуни эълоншуда асарҳои тоза, пажӯҳишҳои нави илмиву адабии мондагор рӯи кор омада, дар пешрафти илму адабу журналистикаи тоҷик саҳми бузург гузоштанд.
Барои ман “Ҷумҳурият” ҳанӯз аз замони донишҷӯӣ, солҳои шасту ҳафтод шиносу ошно буд. Солҳои баъд ҳам банда ҳамеша бо муҳити эҷодии “Ҷумҳурият” наздик будаму ҳамкорӣ доштам. Дар он солҳои ҳассоси навадум шеъри банда бо номи “Тоҷикистонро дигар қисмат накун”-ро сармуҳаррири рӯзнома Мазҳабшо Муҳаббатшоев бо дарки аҳамияти он ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар саҳифаи аввали рӯзнома интишор дод, ки хеле истиқболи гарм ёфтаву дар баҳамоӣ ва ягонагии халқамон дар он солҳо саҳме гузошт. Баъдан, ҳамкории ман то ба имрӯз дар интишори мақолаву шеърҳои ватандӯстонаву аҳамияти рӯз дошта идома дорад. Ҳамин гуна ҳамкориро “Ҷумҳурият” бо аксари адибону олимони номдорамон ба роҳ мондааст. “Ҷумҳурият” имрӯз шояд ягона рӯзномаест, ки дар кишварҳои дигар, дар он ҷое, ки ҳамзабонони мо зиндагӣ мекунанд, алоқа, хонанда ва маҳбубият дорад.
Дар бораи фазилатҳо, фаъолияти пурсамар ва корҳои хайр ва саҳми бузурге, ки имрӯз рӯзномаи расмии мо – “Ҷумҳурият” гузоштаасту мегузорад, метавон саҳифаҳоро пур кард.
Бо табрики садсолагии мавҷудияти муборакаш рӯзномаи “Ҷумҳурият” ва аҳли онро табрик намуда, садсолаҳои дигари бобарори кору пайкорро ба манфиати миллату кишвар таманно дорам.
Камол НАСРУЛЛО ,
Шоири халқии Тоҷикистон,
барандаи Ҷоизаи давлатии
ба номи Рӯдакӣ