Дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2024 тамоми паҳлуҳои ҳаёти давлатӣ, сиёсӣ, таърихӣ, мафкуравӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангии мамлакат мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд ва дурнамои рушди минбаъдаи кишвар дар тамоми самтҳо муайян гардида, байни доираҳои илмию фаннӣ, қишрҳои иҷтимоӣ, сиёсию фарҳангӣ ва зиёӣ ҳамовозиро ба вуҷуд овард. Таҳлили илмии ин Паём ва паёмҳои қаблии Пешвои муаззами миллат собит менамояд, ки ҳар як Паёми Сарвари давлат як асари боарзиши илмии баитмомрасидаест, ки дар он гузориши масъала, таҳлил, қиёс, масъалагузорӣ, пешниҳоди роҳи ҳалли масъала, натиҷабардорӣ, хулоса, ояндабинии илмӣ мавҷуд аст, ки пайдарпай ва мантиқӣ баён гардида, талаботи методологӣ доир ба таҳияи асари илмӣ дар онҳо пурра риоя мегарданд.
Дар кишвари мо Паёми Президент ба Маҷлиси Олӣ, ки дар он афзалиятҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, аввалан дар як соли сипаришуда ба риштаи таҳлил кашида мешаванд ва дурнамои рушд барои соли оянда ва солҳои минбаъда таъкид мегарданд, ба ҳукми анъана даромадааст. Таҳлили паёмҳои қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон медиҳанд, ки ҳар як Паём таҷассумгари шароити ҳамон лаҳзаи сиёсиву иқтисодии замони худ буда, дар онҳо дурнамои рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсати дохиливу хориҷии кишвар аз ҷониби Пешвои миллат баён мегарданд.
Вобаста ба нигоштаи боло ба таври кӯтоҳ доир ба 3 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар фосилаи 10-солӣ баён гардида буданд, каме назар андозем.
Паёмҳои солҳои 2001, 2011, ва 2021 бинишҳои арзишманд дар бораи тағйирёбии афзалиятҳои сиёсат ва рушди иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистонро дар ду даҳсола пешниҳод мекунанд. Дар Паёми соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таҳкими давлатдорӣ ва идомаи ислоҳоти иқтисодӣ, аҳамияти ҳамкории байни шохаҳои қонунгузорӣ ва иҷроия барои тақвияти ваҳдати миллӣ, пешрафти ҷомеа, зарурати тағйирот ба қонунҳо барои мутобиқ шудан ба талаботи иқтисоди бозориву шароити марҳилаи гузариш ва қабули қонунҳои муҳимро барои танзими соҳаҳои калидии ҳаёти ҷомеа таъкид намудаанд. Дар Паёми соли 2011 таҷлили бомуваффақияти бистумин солгарди истиқлоли давлатӣ, ки ҳамчун дастоварди бузурги таърихии мардуми Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, талошҳо барои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлат, таҳия ва амалисозии ислоҳоти фарогир дар соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ таъкид гардиданд. Дар Паёми соли 2021 таҷлили 30-солагии истиқлолият ҳамчун давраи бузурги созандагӣ ва пешрафти кишвар, дастовардҳои назаррас дар таъсиси як давлати пойдор, демократӣ ва рӯ ба рушд, инчунин доир ба рушди устувори иқтисодӣ, афзоиши назарраси ММД ва беҳтар шудани сифати зиндагии мардум дар даҳсолаи гузашта андешаронии Сарвари давлат сурат гирифта буд.
Таҳлили ин паёмҳо нишон медиҳанд, ки чи тавр кишвар аз ноустувории баъди шуравӣ, аз сар гузарондани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки зарари бениҳоят калон ба хоҷагии халқи кишвар расонд, ҳазорон иншооти иҷтимоӣ аз байн рафт ба марҳалаи таҳким ва ислоҳот гузашта, дар ниҳоят ба марҳалаи рушди устувор ва интегратсияи минтақавӣ расидааст.
Аз таҳлил бармеояд, ки паёмҳои солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2001, 2011, ва 2021 ба вазъиятҳои хоси иҷтимоӣ ва сиёсии он замон дар кишвар мувофиқат мекунанд, тағйироти муҳим дар сиёсатҳо ва роҳбарии давлатиро инъикос мекунанд. Аз ҷиҳати ҳаҷм ва мазмун фарқ доранд, ки ин нишондиҳандаи таваҷҷуҳ ва авлавиятҳои давлат дар давраҳои гуногун мебошад. Паёмҳо на танҳо дар бораи дастурҳои муайян маълумот медиҳанд, балки, ҳамчунин вокуниши мушаххас ба таҳаввулоти иҷтимоиву иқтисодии муҳити дохилӣ ва байналмилалӣ мебошанд.
Яке аз нишондодҳои рушди устувори иқтисоди кишвар ин мунтазам коҳиш ёфтани сатҳи камбизоатии мардум аст. Ва мебинем, ки дар паёмҳои солҳои зикршуда масъалаи паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар ҳамчун як мавзуи муҳим ва доимӣ баррасӣ шудааст. Ин таъкид аз назари таҳаввулоти иқтисодӣ ва талошҳои давлат дар пешгирии камбизоатӣ ва беҳбуди шароити зиндагии шаҳрвандон муҳим аст.
Дар Паёми худ соли 2001 Пешвои миллат таҳкими ҳуқуқи инсон ва адолати иҷтимоӣ дар давраи гузаришро махсус таъкид намуда, зикр карданд, ки ислоҳот дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ зарурати воқеиест, ки метавонад ба паст намудани сатҳи камбизоатӣ кумак расонад. Дар Паёми соли 2011 таъкид доштанд, ки рушди иқтисодӣ ва беҳтар кардани сатҳи зиндагии мардум вазифаи аввалиндараҷаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон буда, афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилӣ ва баланд бардоштани даромадҳои шаҳрвандон ба коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ мусоидат мекунад. Зимни ироаи Паёми соли 2021 бошад, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ ва бунёди зерсохтори муносиб имкон медиҳад, сатҳи зиндагии мардум беҳтар гардад, афзоиши ММД ва истифодаи самараноки захираҳои иқтисодӣ метавонанд ба кам кардани камбизоатӣ ёрӣ расонанд.
Ин таъкидҳо нишон медиҳанд, ки то чи андоза давлати Тоҷикистон ба масъалаи коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ таваҷҷуҳ зоҳир менамояд ва дар ҷараёни ду даҳсола чи тадбирҳоеро барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ андешидааст. Равандҳои ислоҳоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъкид ба рушди захираҳои иқтисодӣ ва ташаккул додани зерсохтори муносиб аз ҷумлаи усулҳои асосии давлат барои расидан ба ин ҳадафҳо мебошанд. Рақамҳо далели онанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат дар ин самт муваффақ шудаанд. Чунончи, агар сатҳи камбизоатӣ соли 2001 қариб 83 дарсад бошад, ин нишондиҳанда соли 2011-ум 48,3 дарсад ва соли 2021-ум 26,3 дарсадро ташкил дод. Ҳукумати мамлакат бо мақсади боз ҳам коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагии аҳолӣ барномаҳои рушди иҷтимоӣ ва иқтисодиро амалӣ намуда, солҳои 2022-2026 -ро Солҳои рушди саноат эълон намуд ва бо таъсиси беш аз 500 ҳазор ҷойҳои кори нав тасмим гирифтааст, ки сатҳи камбизоатиро то 15 дарсад коҳиш диҳад.
Дар Паёми соли 2001 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи ислоҳот дар соҳаи маориф таваҷҷуҳ намуда, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш ва дастрасии баробари таълимро барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа таъмин намуданд. Ин таъкидҳо хеле саривақтӣ буданд, зеро зарурати тайёр кардани кадрҳои баландихтисос ва рушди умумии фарҳанги миллӣ ба миён омада буд. Дар Паёми соли 2011 бошад, Президенти кишвар ба рушди бахшҳои илм ва маориф тамаркуз намуданд, ки мақсади он таҳкими инфрасохтори таълимӣ ва баланд бардоштани савияи дониши техникӣ ва касбии ҷавонон буд. Дар роҳи омодасозии кадрҳо барои рушди иқтисоди миллӣ ва дарёфти роҳҳои нави ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ масъалаи хеле муҳим буд. Дар Паёми соли 2021 Сарвари давлат ба пешрафтҳои анҷомёфта дар соҳаи маориф ва илм ишора карда, ҳадафҳои ояндаро барои минбаъд беҳтар кардани сифати таълим ва тарбияи насли наврас муайян намуданд.
Инчунин, таъкид намуданд, ки ислоҳоти минбаъди соҳаи таҳсилот ба такмили маҳорати устодон ва муҷаҳҳаз кардани мактабҳо бо технологияҳои нав равона гардад.
Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо дар бораи масоили дохилии кишвар, балки дар бораи равобит ва ҳамкориҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муфассал иттилоъ медиҳанд. Масалан, дар Паёми соли 2001 таъкид бар зарурати тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ ва амниятии дуҷонибаву чандҷониба буд, ки ин ба таъмини субот ва рушди пойдор дар минтақа мусоидат мекард. Дар Паёми соли 2011 Президенти кишвар идомаи ҳамкориҳои стратегиро бо кишварҳои ҳамсоя ва кишварҳои дигари минтақа таъкид намуданд. Инчунин, аҳамияти иштироки Тоҷикистонро дар созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони Ҳамкории Шанхай мавриди зикр қарор дода, таъкид намуданд, ки ин ба баланд бардоштани мақоми байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои хориҷӣ мусоидат менамояд. Дар Паёми соли 2021 бошад, рушди равобити берунаро таъкид намуда, ба иштироки фаъолонаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба масъулон дастур доданд. Мавзуи асосии таъкидшуда ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ, энергетикӣ ва экологӣ бо дигар давлатҳо буд, ки ин ба таъмини амнияти энергетикӣ ва устувории экологии минтақа мусоидат менамуд ва, ҳамзамон дар ин Паём аҳамияти тақвияти муносибатҳои дипломатӣ ва тиҷоратӣ таъкид гардид. Ин Паёмҳо нишон медиҳанд, ки Тоҷикистон аз рӯи стратегияи хориҷии худ ба тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, таъмини субот ва рушди устувор дар минтақа тамаркуз дорад ва сиёсати «дарҳои кушода»-ро дар сиёсати хориҷии худ амалӣ менамояд. Яъне, Тоҷикистон омода аст бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муносибати дуҷонибаи дӯстонаро ба роҳ монад, тиҷорат барқарор кунад, дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ ҳамкорӣ намояд ва таҷрибаи сулҳофарии худро ба ҷаҳониён муаррифӣ созад.
Аз ин ҷо ба хулосае меоем, паёмҳое, ки дар ин давра ба Маҷлиси Олӣ ва ба тамоми мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Президенти кишвар пешниҳод мегарданд, ифодакунандаи вазъи воқеии ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишвар мебошанд. Албатта, ироаи паёмҳо талаби замон буда, зарурати воқеиеанд, ки масъалаҳои асосии ҷомеа, яъне ҳам сиёсати дохилӣ ва ҳам хориҷии кишварро дар бар мегиранд. Аз ин рӯ, метавон чанд масъалаи усулии онро баён намуд:
якум, паёмҳои Сарвари давлат дар худ ҷанбаи сафарбарнамоӣ доранд. Яъне, паёмҳо ҳамасола ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод мегарданд ва худ ифодакунандаи ҳамон чор ҳадафи стратегӣ мебошанд;
дуюм, паёмҳо хусусияти роҳнамоӣ низ доранд. Воқеан, дар онҳо фаъолияти яксолаи тамоми сохторҳои ҷомеа таҳлил ва ҷамъбаст мегарданд, вазифаҳои нав барои рушди соҳаҳо пешниҳод мешаванд;
сеюм, ҷанбаи барномавӣ доранд. Ҳамчун барномаи яксола барои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ хизмат мекунанд;
чорум, ҷанбаи ҳамгироикунандагӣ ва таҳкимбахшии ваҳдати миллиро доранд. Дар паёмҳо нуктаҳои асосӣ ва масъалаҳои калидии ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа ифода меёбанд, ки ба ҳаёти ҳар як фарди ҷомеа мусоидат менамояд. Ин ҷанба метавонад, баҳри муттаҳидӣ ва ҳамгироии тамоми қишрҳои ҷомеа хидмат карда, барои зери як ҳадаф муттаҳид гардидан ва баҳри ҳаёти солиму созанда камари ҳиммат бастани мардум мусоидат намояд.
Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ низ ин хусусиятҳоро доро буд. Он 28-уми декабри соли 2024 бори нахуст дар толори нави Парлумони кишвар ироа гардид ва ба шакли мустақим аз тариқи шабакаҳои телевизионӣ ва радиои давлатӣ пахш шуд. Дар Паём Пешвои муаззами миллат зикр намуданд, ки Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷуда ҷиҳати мунтазам беҳтар гардондани шароити зиндагии мардум нақшаҳои бузурги созандагиро роҳандозӣ карда истодааст ва натиҷаи ҳамин аст, ки соли 2024-ум ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар ба беш аз 150 миллиард сомонӣ ва суръати рушди воқеии он ба 8,4 фоиз расонида шуда, дар панҷ соли охир суръати рушди иқтисоди миллӣ ба ҳисоби миёна 7,7 дарсадро ташкил медиҳад. Ин нуктаро бояд зикр намуд, ки ин нишондиҳанда болотарин нишондаҳанда дар сатҳи ҷаҳони муосир аст. Мувофиқи омори дастрасгардида рушди ММД дар кишваҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Қазоқистон ва Қирғизистон мутаносибан 5 дарсад ва 4,5 дарсад мебошад. Суръати рушди ММД-и Ҷумҳурии Арманистон 5,7 дарсад буда, суръати рушди ММД дар Федератсияи Россия тақрибан ба 2 фоиз баробар аст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ, бисёре аз иқтисодҳои пешрафта бо суръатҳои хеле пасттар рушд мекунанд. Масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо тақрибан 2,5 фоиз ва минтақаи евро бо тақрибан 0,5 дарсад рушди худро дар соли 2024 таъмин намудаанд.
Пас, ин нишондиҳанда гувоҳи он аст, ки сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт сиёсати муваффақ ва динамикаи фаъолияти иқтисодӣ мусбат буда, дурнамо ва стратегияҳо дар ин маврид самараноканд. Ин нишондод бори дигар бозгӯи он аст, ки тавассути сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои миллат, ки роҳкушову роҳнамои ҳамаи самтҳои фаъолият ва ҳаёти кишваранд, иқтисоди кишвар бо вуҷуди мушкилоти зиёди замони муосир ва чолишҳои гуногун бомуваффақият рушд менамояд.
Қобили зикр аст, ки дар Паём рақамикунонӣ ва истифодаи зеҳни сунъӣ дар тамоми соҳаҳо мавриди таваҷҷуҳи махсус қарор гирифта, доир ба амалисозӣ ва истифодаи самараноки онҳо ба Ҳукумати мамлакат ва вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд. Вазифагузориҳо дар ин самт хеле муҳим ва талаби замон буда, дар асре, ки онро асри технология меноманд бе истифодаи ин технологияҳо ва дастовардҳои инсонӣ рушди устувори иқтисоди кишварро таъмин намудан душвор мебошад.
Аввалан, рақамикунонӣ имкон медиҳад, ки корхонаҳо равандҳои истеҳсолӣ ва мудириятӣ-маъмурии худро автоматӣ намоянд, ки ин ба навоварӣ ва баланд бардоштани самаранокии иқтисодӣ мусоидат мекунад. Баъдан, рақамикунонӣ дар хидматрасониҳои давлатӣ, аз қабили маориф, тандурустӣ ва амнияти иҷтимоӣ метавонад шаффофиятро афзоиш диҳад. Системаҳои иттилоотиву коммуникатсионии муосири идоракунӣ имкон медиҳанд, ки шаҳрвандон ба осонӣ ба хидматҳои давлатӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Инчунин, рақамикунонӣ маҳоратҳои зарурӣ дар бозори меҳнатро тағйир медиҳад ва тақозо мекунад, ки кормандон дар соҳаҳои технологияи иттилоотӣ ва алоқаву дигар соҳаҳои вобаста ба технология омӯзиш бинанд. Ин раванд метавонад ба эҷоди шуғлҳои нав ва афзоиши даромади кормандон оварда расонад. Ҳамзамон, рақамикунонӣ имкониятҳои баробар барои дастрасӣ ба маълумот ва хидматрасониҳо барои ҳамаи шаҳрвандон, аз ҷумла гурӯҳҳои камбизоат ва аҳолии минтақаҳои дурдасти кишварро фароҳам меорад. Аз тарафи дигар, рақамикунонӣ дар соҳаи энергетика ва захираҳои табиӣ метавонад ба истифодаи самаранок ва пойдори захираҳои табиӣ кумак расонад. Системаҳои назорати рақамӣ метавонанд истеъмол ва талафоти энергияро кам карда, самаранокии энергетикиро беҳтар созанд. Ҳамаи инро ба назар гирифта, Пешвои муаззами миллат ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати рақамикунонӣ дастур ва супоришҳои мушаххаси худро доданд ва боварии комил дорем, ки ин дастурҳо саривақту босифат иҷро мешаванд ва рақамикунонӣ ба афзоиши буҷети давлатӣ, боз ҳам беҳтар гардидани ҳифзи иҷтимоӣ дар мамлакат мусоидат хоҳанд намуд.
Масъалаи дигар ин зеҳни сунъӣ ва истифодаи он дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар аст, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ ба он таъкид намуданд. Зеҳни сунъӣ айни замон вазифаҳоеро, ки маъмулан талаби зеҳни инсонӣ мебошад, бо суръати баланд иҷро мекунад. Ин вазифаҳо метавонанд аз таҳлили додаҳо ва омӯзиши мошин то шинохти садо ва симоҳо иборат бошанд. Ҳоло зеҳни сунъӣ имкониятҳои зиёдеро барои рушди кишварҳо ва ҳалли мушкилоти мавҷуда пешниҳод менамояд. Масалан, метавонад дар соҳаи тандурустӣ барои ташхис ва табобати бемориҳои мураккаб, беҳтар намудани идоракунии захираҳои тиббӣ ва назорати саломатии аҳолӣ истифода шавад, ба коҳиш додани хароҷоти тандурустӣ, беҳтар кардани дастрасӣ ба хидматҳои тиббӣ дар минтақаҳои дурдаст ёрӣ расонад. Дар кишоварзӣ барои истифодаи самаранок ва кумак ба кишоварзон дар интихоби беҳтарин вақт ва усулҳои кишту парвариши маҳсулот зеҳни сунъиро истифода намудан имконпазир буда, ин технология қодир аст, ба афзоиши ҳосилнокии замин ва коҳиши талафот дар занҷирҳои таъминот мусоидат намояд. Ҳамчунин, зеҳни сунъӣ метавонад дар ҷараёни таълиму тарбия истифода шавад, ки алгоритмҳои тарзи омӯзиши инфиродии ҳар як шогирдро, авввалан тартиб медиҳад ва баъдан беҳтар месозад, ки ба болоравии сифати таҳсилот ва сатҳи дониш мусоидат менамояд.
Дар бахши молия ва бонкдорӣ зеҳни сунъӣ барои таҳлил ва пешгӯии амалиётҳо дар бозорҳои молиявӣ ва асъорӣ, идоракунии хавфҳо ва мубориза бо фиреб дар системаҳои пардохт истифода мешавад. Ин метавонад ба муътадилии иқтисодии кишвар ва коҳиши фасод дар системаҳои молиявӣ мусоидат намояд. Дар умум, истифодаи зеҳни сунъӣ дар кишвар метавонад ба беҳтар шудани сифати ҳаёт, рушди устувори иқтисодӣ ва болоравии сатҳи иҷтимоӣ мусоидат намояд.
Масъалаи дигари муҳим, ки дар Паёми Пешвои миллат таъкид гардид ин вазъи соҳаи маориф ва рушди минбаъдаи он буд. Сарвари давлат бори дигар таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад. Дар ин робита, вазъи соҳаро таҳлил намуда, нишондодҳо ва рушди онро бо рақаму далелҳои мушаххас баён намуданд ва таъкидашон бар он буд, ки танҳо низоми пешрафтаи маориф метавонад рушди тамоми самтҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишварро таъмин намояд. Донистани техникаву технологияҳои муосир, забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисӣ, таъмини сифати таҳсилот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар тамоми зинаҳои таҳсилот аз таъкидҳо ва дастуру ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти кишвар дар ин маврид буданд. Пешвои муаззами миллат таъкид намуданд, ки «то вақте ки тамоми ҷомеа ба мактаб ва низоми маориф рӯй наоварад, миллат дастнигар, хору зор, таҳқиргашта ва афроди он моил ба ҳама гуна ҷиноятҳои сангину пешгӯйинашаванда боқӣ хоҳанд монд» ва илова намуданд, ки «аз ин лиҳоз метавон хулоса кард, ки сифати давлат на ба шумораи аҳолӣ, балки ба сифати аҳолӣ вобаста мебошад».
Ҳамин тавр, дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои ҳаётан муҳими рушди иқтисодиёт ва иҷтимоиёти мамлакат мавриди таҳлилу арзёбии коршиносона қарор гирифт. Аз ин ҷост, ки Паём дурнамои рушди давлатдории мост ва дар он нақшаҳои муҳимтарини сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дақиқу аниқ муайян шудаанд. Аз ин рӯ, бояд ин ҳуҷҷати раҳнамо ва тақдирсоз, ки бар мабнои тозатарин нишондодҳои илмию ихтисосӣ таҳияву коркард шудааст, ба унвони маҳаки муҳими сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мавриди омӯзишу пажӯҳиши коршиносон ва ниҳодҳои илмиву пажӯҳишии кишвар қарор бигирад.
Фарҳод РАҲИМӢ,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,
академики АМИТ