Солҳое, ки дар рӯзномаи бачагонаи «Булбулча-доно» кор мекардам, барои саҳифаҳои он аз шабакаҳои иҷтимоӣ матолиби гуногуни хурду ҷолибро дарёфт мекардам. Рӯзе ҳангоми ҷустуҷӯи чунин маълумот, тасодуфан саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Шоми шанбе» пеш омад. Дар ин саҳифа матолиби хурду реза, аммо ҷолиб, шавқовар ва хотирмон хеле зиёд буд. Баъд фаҳмидам, ки ин саҳифаи махсуси Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон – рӯзномаи «Ҷумҳурият» аст.
Баъдан, қариб ҳар рӯз ба саҳифаи расмии рӯзнома дар интернет ворид шуда, дар баробари мақолаҳои таҳлилӣ, адабиву фарҳангӣ, ҳар як матлаби саҳифаи «Шоми шанбе»-ро мехондам. Ба маъное, дар сомона эълон гардидани матолиби ин саҳифаи махсуси фарҳангиро интизор мешудам.
Дертар дар саросари ҷаҳон бемории сироятии коронавирус доман паҳн кард. Дар натиҷа, ҳама хонанишин шуда, ба тарзи корбарии фосилавӣ гузаштанд. Акнун барои мутолаа, аз ҷумла ба хондани мақолаву матолиби ин рӯзнома, беш аз пеш вақт доштам. Рӯзе дар бораи мақолаҳои пурмуҳтаво, саҳифаи махсуси «Шоми шанбе»-и «Ҷумҳурият» ба яке аз дӯстони худ нақл кардам. Ӯ гуфт, ки «на ҳама дар ин бора медонанд ва имкони дастрасӣ ба сомонаи рӯзномаро доранд. Хуб мешуд, дар шабакаи Telegram, ки ҳоло хеле маъмул шудааст, гурӯҳеро таъсис дода, матлабҳои ҷолиб, муҳим ва шавқовари саҳифаро гузорем».
Маҳз бо мақсади вусъат бахшидани доираи хонандагони «Шоми шанбе», инчунин, саҳмгузорӣ дар рушди забони модарӣ ва тарбияи насли наврас дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ моҳи апрели соли 2020 гурӯҳи фарҳангиву фароғатии «Садои тоҷик»-ро таъсис додем.
Мехостем, ба ин васила тоҷикони Ӯзбекистон мақолаҳои ҷолибро бо забони модарӣ мутолиа намуда, бойгонии луғавии хешро ғанӣ созанд. Нутқашон фасеҳу равон гардад. То ҳадде ба ин ҳадафи худ расидем. Чунки дар фурсати кӯтоҳ шумораи корбарони гурӯҳ аз панҷ ҳазор гузашт ва ин моро водор сохт, ки дар фейсбук ва ютуб низ фаъолияти гурӯҳро ба роҳ монем. Ҳоло беш аз даҳ ҳазор нафар матолиби гурӯҳҳои «Садои тоҷик»-ро, ки қисми асосии он матлабҳои «Шоми шанбе» аст, пайгирӣ мекунанд. Фикр мекунам, сабаби шавқу завқи тоҷикони бурунмарзӣ ба матолиби ин саҳифаи иттилоотиву фароғатӣ дар рангорангӣ, илмиву оммавӣ ва ҷолибу шавқовар будани онҳост.
Вақте дар бораи «Ҷумҳурият» ҳарф мезанем, метавон боз як иқдоми наку, шоиста ва шоёни таҳсини аҳли қалами рӯзномаро эътироф кунем. Аллакай, муштариён ва дӯстдорони рӯзнома пай бурданд, ки мо дар бораи озмунҳои «Ҷумҳурият» ҳарф мезанем.
Рӯзномаи «Ҷумҳурият» тули даҳ сол якҷо бо мақомот ва ташкилотҳо роҷеъ ба мавзуоти гуногун 13 озмун баргузор намуд. Боиси эътироф аст, ки сол то сол нуфузи озмунҳои рӯзнома афзуда, фаротар аз марзи Тоҷикистон меравад ва эҷодкорони бурунмарзиро низ ба ҳам меоварад.
Камина низ ду бор дар озмунҳои «Ҷумҳурият» ширкат намуда, ҷоизадор гардидам. Бори аввал соли 2021 дар озмун бахшида ба Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва ба хотири гиромидошти 110-умин солгарди шоири маҳбубу маъруф – устод Мирзо Турсунзода ҷойи ифтихориро соҳиб шуда бошам, соли 2024 дар номинаи “Публитсистика”-и озмуни «Дуои модар» ҷойи дувумро ба даст овардам.
Бо як сухан, қариб даҳ сол боз тариқи интернет «Ҷумҳурият»-ро бо шавқу ихлос мехонам, аз маҳсули хомаи рӯзноманигорони соҳибравияи газета донишу таҷрибаи худро дар ин ҷода такмил медиҳам.
Метавонам гуфт, ки тули солҳои охир «Ҷумҳурият» дар партави матолиби ҷолиб, рангорангии доираи мавзуъҳо, инчунин, ба туфайли иқдомҳои наку, ташаббусоти шоиста ва озмунҳои гуногун, дар сатҳи байналмилалӣ нуфузи бештар пайдо кард.
Инак, 100 сол инҷониб ин рӯзномаи маҳбубу маъруф чун нашрияи сарнавиштсози тоҷикон бо беҳтарин мақолаҳо дар мавзуъҳои муҳими рӯз, тозатарин ахбор аз ҳаёти Тоҷикистон ва мамолики ҷаҳон, матолиби ҷолибу пурмуҳтаво, кошонаи ҳар як соҳибзабонро мунаввар месозад ва барои дар руҳияи худшиносиву худогоҳии миллӣ тарбия кардани насли ҳамзабонон, чи дар Тоҷикистон ва чи дар хориҷ саҳм мегузорад.
Таманнои онро дорем, ки минбаъд низ рӯзнома рисолати асосии худро ҷиҳати рушди забони тоҷикӣ, таҳкими робитаҳои дӯстӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ идома дода, ҳамроз ва ҳамнафаси мардум бимонад.
Фаридуни ФАРҲОДЗОД,
мухбири «Овози тоҷик»,
шаҳри Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон