Дар болои дарёи Сурхоб дар ноҳияи Нуробод дарозтарин пул бо масофаи 920 метр сохта мешавад, ки дар минтақаи Осиёи Марказӣ назир надорад.
Дар робита ба ин, байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва Ширкати «Жечианг коммуникейшн констракшэн групп ко ЛТД»-и Чин созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.
Баргузории конференсия оид ба ҳиссаи бонувон дар рушди илм
Бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Саҳми занон дар рушди илм» баргузор гардид.
Муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ иброз дошт, ки дар ҳамаи иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хизмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад, бузург аст.
Дурнамои тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Олмон ва Фаронса баррасӣ шуд
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафирони фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йорк Шугарф ва Фаронса хонум Элза Пинёл мулоқот кард.
Гуфта шуд, ки соҳибкорону сармоягузорон аз Олмон ва Фаронса метавонанд дар амалӣ шудани лоиҳаҳо ва нақшаҳои созанда дар вилояти Суғд саҳми муносиб гузоранд. Дар доираи сиёсати дурнигаронаи роҳбарони давлатҳо зарфияти мавҷудаи соҳаҳои саноату энергетика, кишоварзӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои муҳим мақсаднок истифода гардида, ҳамкорӣ тақвият бахшида мешавад.
1-уми март – оғози моҳи Рамазон
Дар Тоҷикистон моҳи Рамазон расман 1-уми март оғоз мешавад. Дар ин бора Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим хабар дод.
25-уми феврал Шурои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, дар асоси хулосаи Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон қарори дахлдорро қабул кард.
Маблағи фитри рӯза 8 сомонӣ, нисоби закот аз 36000 сомонӣ 900 сомонӣ ва фидяи савм барои соҳибони узри шаръӣ 480 сомонӣ барои 30 рӯз муайян гардид.
Давлаталӣ Саид раиси Федератсияи футболи Хатлон интихоб шуд
25-уми феврал дар шаҳри Леваканд конференсияи ҳисоботӣ-интихоботии Федератсияи футболи Хатлон баргузор шуд.
Дар он раиси вилояти Хатлон, узви кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлаталӣ Саид раиси Федератсия, Исроил Шарифов муовини якум, Дилшод Мадализода муовини раис интихоб шуданд.
Бадахшон: ғолибони даври вилоятии Фестивали "Сад ранги чакан" қадр шуданд
25-уми феврал дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид.
Зикр шуд, ки Фестивал бо мақсади баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷамъбаст ноҳияи Рӯшон мақоми аввал, шаҳри Хоруғ ҷойи дуюм ва Ишкошим зинаи 3-юмро гирифта, бо ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.