Дар ҷаҳони муосир донистани забонҳои хориҷӣ на танҳо афзалият, балки зарурат ба ҳисоб меравад, зеро маҳорати забондонӣ на танҳо имкониятҳои касбӣ ва таҳсилотиро васеъ мекунад, балки барои рушди шахсӣ ва фаҳмиши фарҳангҳои гуногун мусоидат менамояд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, дар паёмҳо ва суханрониҳояшон ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ медиҳанд.
Президенти кишвар дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ аз 28-уми декабри соли 2023 иброз доштанд: "Омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулони соҳа ва аҳли маориф мебошад". Инчунин, дар Паёмашон аз 28-уми декабри соли 2024, Президенти мамлакат зарурати оғоз намудани омӯзиши забонҳои хориҷӣ аз зинаи таҳсилоти томактабиро таъкид намуда, Вазорати маориф ва илмро вазифадор карданд, ки стандартҳо ва нақшаҳои таълимиро таҷдид намуда, усулҳои нави омӯзишро ҷорӣ намоянд.
Бо мақсади татбиқи ин дастурҳо, 18-уми марти соли 2024 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи омӯзиши забонҳои хориҷӣ» ба имзо расид. Ин фармон ба таҳкими омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот ва идоракунии давлатӣ равона шудааст. Тибқи ин фармон, кормандони идораҳои давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллӣ вазифадор шудаанд, ки дониши забонҳои хориҷии худро такмил диҳанд.
Хулоса, бо донистани забонҳои хориҷӣ ҳар нафар муаррифгари Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Ҳамин аст, ки давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба омӯзиш ва такмили забонҳои хориҷӣ дар асоси барномаҳои давлатӣ иқдом менамояд.
Аҳмад АҲМАДЗОДА,
донишҷӯи соли 4-уми факултети журналистикаи ДМТ,
коромӯзи “Ҷумҳурият”